Дар намоиш мусаввараҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Модар», «Симои арӯс», «Гулҳои Зарафшон», «Парастуҳо» ва дигар асарҳои рассомони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуданд. Асари рассом З. Ҳабибуллоев бо номи «Модар» басо самимию заминӣ тасвир шуда буд, ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд.
Асари дигаре, ки тамошобинон ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд кори рассом И.Лисиков буд, ки бонуи камонкаши тоҷик Зебуниссо Рустамоваро офаридааст.
Ёдовар мешавем, ки намоиши асарҳои рассомон аз 2 март оғоз гардида, то 20 март дар Осорхонаи миллӣ идома меёбад.
Фарзона Восеева