Ба қавли бештари муҳаққиқон ҳунари зани тоҷик дар кор бо матоъ намоёнтар аст. Ӯ зебоӣ меофарад ва дар сӯзанӣ, гулдӯзиҳо, сарандоз, тоқиҳо, ҷуробу шероза орзуву омолашро нақш мебандад. Қаламкашӣ ва қаламзании эшон паҳлуи дигари фаъолияташон боқӣ монд. Тасвири офтобу моҳ, пайи хирс, пайи гунҷишкак, тоҷи хурӯс ва ғ. мазмунҳои густаришхӯрдаи қаламзанони кӯҳманзар аст. Дар миён, бино ба навиштаи М. Андреев, занон поcдорони санъати кулолӣ низ буданд. Ӯ менависад, ки дар водии рӯди Ёхсу тасвирҳои зарфҳо бо рангҳои сурх ва ҷигарӣ ба наҳве зебо буданд, ки кӯзаҳои рангхӯрдаи ҳунармандони Юнони қадимро мемонданд. Ба вижа гулпартоӣ дар девор ва ғулиҳо (кӯлӣ-барои нигаҳдории ғалла) назаррабо буданд. Гӯё гиёҳи тахайюлӣ тасвиршуда рӯ ба боло панҷа зада, манзараи дилнишинро ба вуҷуд меоваранд.
Воқеан, занон барандагони ҳунар ва мушоҳидакору эҷодкоранд. Тахайюлоташон дар орову торои худ ҳунарварона ва саҳифаи хосаи таърих мебошад. Ҳикмати пӯшоку пари зан аз мақому мартаба ва шарафашон гувоҳ аст. Аз ин рӯ занон номуси халқу миллат шинохта мешаванд. Маҷмӯи офаридаашон аз бовару тасаввурот, оину одат иборат буда, ба шароит ва тарзи зисташон созгор аст. Агар аз даврони куҳан либос вазифаи эмин доштан аз сардӣ ва пӯшидани баданро дошт, пас чанд садсола аст, ки инъикосгари ҳунари комил, оин, санъат ва дилрабоӣ мебошад. Либос ба онҳое мезебад, ки табъи воло ва андешаи ҳакимона доранд. Дӯхту дӯз, ки зебоӣ меафзояд, аз ҳамин омилҳо мерӯянд.
Дар тӯли таърих либоси миллӣ - анъанавӣ ҳамин паҳлуҳоро рӯшан намуда, умри дароз дид. Суннати чеварӣ таърихи куҳан дорад. Зеро мардуми Осиёи миёна ҳанӯз аз ҳазораи II қабл аз милод ба пахта ошно буданд ва маснуот аз он омода мекарданд. Дарёфти матои сурх аз пахта, бо нақшу мазмуни «дарахти ҳаёт» (асри II-III), аз н. Фархор аз рушди ин намуна гувоҳ аст. Нақшҳои заррини вомондааш шоҳиди пайдоиши гулдӯзӣ мебошад.
Яқин аст, ки ҳунар дар заминаи зиндагиномаи халқ бар асари ҳунари ҳирфавӣ ва табодул шакл гирифта, аз таҷрибаи ақвоми омад бархӯрдор мешавад. Дар асл ҳунари ихтисосию касбӣ аз ҳунари мардумӣ сарчашма мегирад.
Осори «Тахти Сангин» ба ин паҳлӯи нозуки рӯзгори аҷдод - сарулибос рӯшанӣ меандозад. Тасвирҳои алоҳидаи занону мардон ва ороишот намоёнгари намунаҳои маҳаллӣ ва юнонианд. Мувофиқи маводи бостоншиносӣ (тасвири рӯи зарф, сикаҳо ва ғ.) пушоки шоҳону аҳли дарбор, ашрофон ва шоҳбону аз пироҳану хилъат то пойафзол, фарқ доштанд. Онҳо зебову нафис ва чармину чӯбину пошнабаланд буданд.
Аз кай нақшу нигор дар пироҳани занон пайдо шуд, маълумоти дақиқ нест. Вале яқин шуда, ки дар аҳди ҳахоманишӣ дебоҳои занона дароз, то буҷулаки пойҳоро мепӯшонд. Онҳо чиндору пар-пар бо остинҳои шероздор шуҳрат доштанд. Бар асари фарҳанги элинӣ дар пироҳани занони бохтарӣ камарбанди нафис пайдо гардида, ки пеши барро барҷаста намоиш медод. Ва ҳам ба сари китф партофтани матои ҳарир расм шуд.
Дар муҷассамаи гилини зан (а. III-II то милод) ин манзара зеботар ба мушоҳида мерасад. Пироҳани зан пойҳояшро паноҳ кардааст. Дар миён камарбанди аз пеш гиреҳзада дорад. Рӯяш як тараф ва ба боло менигарад. даҳонаш нимво, гӯё суруд мехонад. Ҷойи шубҳа нест, ки сарояндагии занон низ таърихи қадима дорад. Ба ин тасвирҳои занони чангнавози ёдгории Халчаён (Ӯзбекистон ) ва мусиқанавозони Ҳулбук далеланд. Осори Халчиён ва Дилварзинтеппа аз равнақи паҳновари мусиқӣ намояндагӣ мекунад. Ҳайкалчаи сафолии зани чангнавоз намунаи барҷаста аст. Чанги камоншакл (арфа) бунёди бохтарӣ дошт ва пасон ба Миср бурда шуд. Ин замон мисриён ин асрорро қоиланд ва чанги осиёӣ унвонаш додаанд. Мусаввараҳои Ҳулбук гувоҳанд, ки санъатварон либосҳои хосса: пироҳани расмӣ ва нимтанаи бофта бо шарвор доштанд. Чунончӣ, навозандаи якум бо пироҳани дароз, гиребони мавзун тасвир шудааст. Сари остинҳои васеъ, ки то банди даст мерасад, нақш доранд. Нимтанаи кушоди навозандаи дуюмро камарбанди нафис ҳусну оро бахшидааст. Ин деворнигораҳо ишора бад-он мекунанд, ки гулпартоӣ дар пироҳан ва миёнбанд дар ҷиҳози занона дар асрҳои миёна роиҷ будааст.
Дар миён ду ҳайкалчаи зан (Саксанохур, Фархор), ки дастонашон аз шикам поён (муайанкунандаи ҷинс) рӯйи ҳаманд, ғалатист. Пироҳан аз боло ба сӯи доман паҳн ва дар поён чиндору пар-пар мешавад. Остинҳо бо хатҳои мавҷдор оро ёфтаанд. Дар даст оина доранд. Пайкараҳо аз дунёи созандаи гулдӯзҳо ва чеварон ахбор медиҳанд. Ҳамзамон асрори оинаро, ки дар шодиву сурури мардум муҳим буд, мекушоянд.
Дар «Тахти Сангин» фариштаи муҳаббат Эрот низ бо пироҳани гулдор ва камарбанди нафис тасвир шудааст. Дар ҳамин ёдгорӣ лавҳа бо тасвири шабеҳи зан, бо думи мормоҳӣ, нимасп ва болдор хеле ҷолиб аст. Бо дасти чап боли заврақрониро ба тариқи амудӣ бардошта, бо дасти рост маводи лунда (себ, санг, садаф)-ро партофтанист. Мӯйҳои пурпечутобаш кушода ва парешонанд. Чеҳра бо бинии рости дароз, пешонии фарох, камони абрувон ва лабони моили табассум зебо ва дилбаранд. Онро тасвири «парии обӣ» номидаанд, ки заркорона ва ҳунармандона сохта шудааст.
Умуман ба сурати зан офаридани бештари нигораҳо ба мавқеъ ва мақоми зан робита доранд. Дар симои онон маъшуқа, модар, ҳамсар ва офарандаро мешинохтанд.
Ин замон рӯ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дорем. Ишора ба он аст, ки хотираи таърихии мардум қавитар аз ҷангу пайкорҳо, тағйироти сиёсию мазҳабӣ буда, намунаҳои беҳтаринро чун рамзи устувории умри миллат барои имрӯзиён боқӣ мегузоранд.
фарҳангшинос
Ҷ. Асрориён