Бино ба маълумоти раёсати рушди иқтисоди ВМКБ аз соли 2010 то соли 2018 дар доираи барномаи рушди соҳибкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 64 нафар зан соҳиби грантҳои президентӣ гардидааст, ки маблағи умумии он як миллиону шашсад ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин тадбир ба рушди соҳибкорӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷилои истеъдоду ҳунари мардуми соҳибфарҳанги тоҷикро равнақи бештар хоҳад бахшид.
Аз дегу табақ то ҷӯробу пакол
Мардуми Бадахшон одатан аз пайи кишоварзӣ ва ҳунармандӣ рӯзгорашонро саришта мекарданд ва ин аст, ки ҳоло ҳам дар ҳар хонаводае шуғл ба ин ҳунару пеша доранд. Тобистони соли гузашта Дабири кулли СММ Антониу Гуттерреш ҳангоми сафар ба Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳаш аз кӯли Сарез ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли оҳангарӣ, табақтарошӣ, кандакорӣ ва кулолгарӣ дар маҳали Паткнови ноҳияи Дарвоз ошно шуда, изҳор дошт, ки аз табиати пурасрор ва ҳунару санъати мардуми тоҷик бардошти наҷиберо бо худ хоҳад бурд.
Воқеан, дар оҳангарӣ ва табақтарошиву кандакорӣ ҳунармандони ванҷию дарвозӣ ҳамто надоранд. Оҳангарони Ванҷ дар асрҳои мозӣ таъминкунандаи асосии олоти кишоварзӣ дар манотиқи Бадахшон буда, маъданро аз конҳои оҳани маҳаллӣ ба даст меоварданд. То ҳоло нишонаи ин конҳоро, ки то нимаи асри бистум аз онҳо оҳанкорони таҳҷоӣ истифода мебурданд, дар ин ҷо дидан мумкин аст.
Табақҳои аз чӯби чормағз тарошидаи устоҳои маҳаллӣ зеби ҳар ошхонаи мардуми тоҷик аст. Дар кишвар дарахти чормағз дар ҳама минтақаҳо мерӯяд, вале чормағзи Ванҷ сифати аз ҳама баланд дорад ва чӯби хушкшудаи дарахтон беҳтарин ашё барои табақсозӣ ба шумор меравад.
Дар манотиқи дигари Бадахшон ҳунари бофандагӣ бештар рушд ёфта, завқи баланд ва тахайюли бою рангини бофандазанон касро ба ҳайрат мегузорад. Бонувони бофанда танҳо барои нақшу нигори ҷӯробҳои помирӣ зиёда аз 70 намуди гулпартоиро, амсоли «Шамшод ва алов», «Пайи нахчир», «Дарахтак», «Каждумак», «Пайи гунҷишк» истифода мекунанд.
Дӯхтани пакол ё худ тоқии помирӣ ҳунари дигари бонувони Бадахшон аст, ки дар зимистон барои беҳдошти буҷети оила аз ин имкон истифода мекунанд. Паколҳои шакли гирд доштаро бо шероза, ки аз рангҳои баланд ва равшан бофта мешаванд, оро медиҳанд. «Гули нахчир», «Гули товус», «Чашми булбул», «Тоҷи хурӯс», «Гули алов» ва «Қулфак» машҳуртарини нақшҳое ҳастанд, ки дар шероза рӯи коранд. Ҳар як хонаводаи сурдор барои шаҳмард ва ёронаш тоқӣ фармоиш медиҳад ва ин русуми миллӣ байни ҷавонон роиҷу равосту паколи зебо серхаридор.
Ҳамасола бо фаро расидани фасли баҳор ва Наврӯз талабгорони куртаҳои қадимаи аз чити зард, сурх ё карбоси сафед омодашуда меафзоянд. Чанд сол қабл дар рӯзҳои ид, агар ҷавонон либосҳои миллиро аз театр ва шуъбаи фарҳанг ба орият мегирифтанд, алҳол дар хонавода нигоҳ доштану дар рӯзҳои хурсандӣ ба тан кардани либоси миллӣ чун замони зиндагии ниёконамон ба расмият даромадааст.
Намадрезӣ ҳунари қадимаи бонувони ин макон аст. То фаро расидани айёми намадрезӣ, ки дар рӯзҳои гарми баҳорӣ ва тобистон сурат мегирад, омода намудани ашёи хом, яъне ҷамъоварии пашми бузу гӯсфанд, тоза намудану ресидан ва дар рангҳои гуногуни қирмизӣ ҷӯшондани он зимистон оғоз меёбад. Чун рамзи хушбахтӣ ва хайру баракат ҷиҳози арӯсон ба хонаи домод намади пурнақшу нигор ба ҳисоб меравад ва барои арӯс ифтихор аст, агар намад маҳсули ҳунари модар бошад ва он чун муқаддасоти хонаводагӣ ҳифз мешавад. Аз ин рӯ, ҳар соҳибхоназан кӯшиш мекунад, то ҳунари намадрезиро ба хотири ҳифзи ҳунари аҷдодӣ аз бар кунад. Бонувони ҳунарманди ноҳияи Мурғоб низ аз пӯсти бузу гӯсфанд ва қутос кӯлборҳои занона, бозичаҳои бачагонаи гуногун ва қолину палосҳои ороишӣ тайёр мекунанд, ки хеле зебо ва барои саломатӣ безараранд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳунарманд ҳамеша дар ҳама ҷо азиз асту ҳунар баракат бар хонадон оварад.
М. Шоҳҷамол