Дар чорабинии мазкур ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, коршиносони соҳа, ҳунармандон, устодон ва донишҷӯёни риштаи сайёҳии муассисаҳои олии таълимии кишвар иштирок доштанд.
Ҳамоишро расман ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки эълони «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бори дигар аз сиёсати созанда ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад ва дар заминаи он Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ва пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сайёҳӣ ноил хоҳад шуд.
Тибқи барнома қабл аз қисми расмии ҳамоиш Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар толори меҳмонхона намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиро барпо намуд. Дар намоишгоҳ косибон маҳсули дастони хешро ба маърази иштирокчиёни чорабинӣ пешниҳод карданд.
Нигина Икромова - директори иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ва узви Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон чунин ибрози назар кард:
- Рушди соҳаи сайёҳиро бе тараққӣ додани соҳаи ҳунармандӣ тасаввур кардан номумкин аст. Дастгирии косибону пешаварон омили муҳими рушди риштаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аз соли 2012 фаъолияти худро оғоз намуда, беш аз 200 нафар ҳунармандро ба ҳам овардааст. Мо имрӯз метавонем тамоми ҳунармандони ҷумҳуриро таҳти як иттиҳодияи ҷамъиятӣ муттаҳид созем.
Тибқи гуфтаи Нигина Икромова солҳои қаблӣ Иттифоқ бештар барои баровардани маҳсулоти косибони ҳунарманд ба бозори ҷаҳонӣ тавассути намоишгоҳҳои Олмону Швейтсария, Амороти Муттаҳидаи Арабу Кореяи Ҷанубӣ ҷаҳд менамуд. Имсол, ки аз ҷониби Президенти кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, нақша доранд корро бештар дар самти сифатан беҳтар намудани кори ҳунармандон ва пайдо намудани пешаварони наву маҳсулоти ҷадиди бозоргузар ва серхаридор равона созанд.
Тавре масъулин мегӯянд, яке аз мушкилоти соҳа ин ҷои корӣ ва коргоҳҳои ҳунармандон мебошад, ки бо сабаби ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набудан, дучори монеаҳо мегарданд. Набудани олоти меҳнат ва таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсоли маҳсулоти сифатнок низ яке аз мушкилии соҳа ба шумор меравад.
- Солҳои пеш ҳангоми баровардани маҳсулот аз кишвар зимни сафар ба хориҷа баҳри иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мушкилии гумрукӣ буд ва андозбандӣ гардидани фаъолияти пешаварон низ ба рушди соҳа сад мегузошт. Зеро фаъолияти устоҳои ҳунарманд кори мавсимист ва иҷрои пардохти андоз барояшон гарон меуфтод. Ҳоло бо озод шудан аз андоз барои истеҳсол ва фурӯши махсулот косибон метавонанд корро ҷоннок намоянд, – илова намуд дар охири суҳбат Нигина Икромова.
Аввалин собуни тоҷик
Маҳмудҷон Муқимов аввалин собунпази тоҷик ба шумор меравад. Ин пешавар мегӯяд сабабе асосӣ ба ин шуғл даст заданаш кунҷкобии худи ӯ ва ҳавас доштанаш ба ҳунари косибӣ аст.
Тавре Маҳмудҷон иқрор шуд истеҳсоли собуни хонагӣ шуғли шавқовар ва даромаднок мебошад:
- Собунҳои мо кори дастиянд ва дар шароити хона тайёр мешаванд. Маҳсулот маводи соф ороишӣ, билкул табиӣ, истисноӣ буда ва барои ҳар як нафар аз рӯи таркиб инфиродӣ омода мешавад. Ҳаҷми корамон калон нест, бештар аз рӯи фармоиш амал мекунем, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Аввалин бор ӯ чор сол пеш барои фарзандони худ собунпазиро оғоз намуд. Баъдан бо хоҳиш барои дӯстон низ собун тайёр мекард. Соли сеюм аст, ки ин ҳунарманд барои шумораи муайяни мизоҷон собун истеҳсол мекунад.
- Мардум аз кори мо камтар огоҳанд. Баъзан 4–5 дона собунро дар як моҳ ҳам фурӯхта наметавонем. Дар чунин намоишгоҳҳо дар як рӯз то сад дона собун низ мефурӯшем. Дар шароити хона ҳамроҳи фарзандон 20–25 кило собун мепазем, ки ин 100–150 дона аст. Акнун баъди дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳаи сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, умед дорем иқтидори корамонро зиёд намуда бо маҳсулоти бештар ба бозори дохилӣ ва баъдан ба хориҷ низ бароем, - иброз менамояд Маҳмудҷон.
Маҳмудҷон Муқимов аз нақшаҳои ояндаи худ мегӯяд:
- Мехоҳам коргоҳи хурде бунёд намоям ва собунҳои табиии аз ҷиҳати экологӣ тозаро пешниҳоди мардум созам.
М. Сафарова