Ӯ соли 1962 дар моҳи зарринтоҷи тирамоҳ дар оилаи Салим Бӯрихони иқтисодчӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Хурсандии аҳли хонадонро аз таваллуди ин тифлак ҳадду канор набуд. Барояшон гӯё саропо суру сурур буд ва волидон бо анҷоми яке аз рисолати хеш, яъне номгузорӣ, Розия номаш ниҳоданд. Розияе, ки воқеан ҳам имрӯз аз ӯ розӣ ҳастанд.
Тобистони соли 1979 чун давраи таҳсил хатм шуд, мисли дигар хатмкунандагон ӯро низ орзуи шомил шудан ба донишгоҳ ором нагузошт. Розия Назаршоева, ки мактаби миёнаи №26 зодгоҳашро бо баҳои аъло хатм намуда буд, роҳ сӯи Душанбе гирифт. Азбаски дар оила ҳама дилбохтаи риёзиёт буданд, ӯ низ ба худ тасмими омӯзгори ин фунун шуданро гирифт.
Соли 1983 факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро ба итмом расонд. Ба зодгоҳи худ баргашта, ба ҳайси муаллимаи математика ба дарсгӯӣ оғоз намуд.
Розия Назаршоева соли 2000 дар озмуни «Муаллимаи сол-2000» ширкат варзида, дар зинаи ноҳиявӣ мақоми аввалро касб намуд. Мегӯянд, зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Ҳамон рӯзе, ки ӯ мебоист дар даври дигари озмун ширкат варзад, тасодуфан шавҳараш дучори садамаи нақлиётӣ мегардад. Фалокат ба даври минбаъдаи озмун, ки бояд дар вилоят доир мешуд, боиси иштирок накардани Розия мешавад. Ӯ аз шикасти зиндагӣ озурда нашуд ва думболи равнақи пеша буд. 25 соли умри хешро пайи тарбияи шогирдон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10 ноҳияи Фархор сипарӣ намудааст. Заҳматҳои кашидааш буд, ки ӯ соли 2003-юм роҳбари ин муассиса таъйин шуд. Баъд аз он ки роҳбарии бунгоҳи илму адабро бар дӯш гирифт, масъулияташ афзуд. Шогирдонаш пайваста дар озмунҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ зинаҳои намоёнро ба худ ихтисос медоданд.
- Соли 2010 бароям соли бобарору комёбӣ буд. Шогирдам Беҳрӯз Қаландаров соли 2009-ум дар озмуни ғайриконкурсии ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойи дувумро касб карда буд. Соли 2010 бошад, дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни математика ширкат варзида, ҷойи сеюмро ишғол намуд ва сазовори медали биринҷӣ гардид. Маҷмӯае низ зери унвони «Маводи ёрирасон барои дохилшавандаҳо» бо номи худи Беҳрӯз Қаландарзода дар ҳаммуаллифӣ бо ман аз чоп баромад,- иқрор меояд муаллима.
Бо кӯшишҳои бевоситаи Розия ба Беҳрӯз имкон даст дод, то донишҷӯи факултаи механика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шавад. Барои Розия тарбия намудани ятиме ва расондан то ба ин зинаҳо шарафи бузург буд. Муаллима аз ҳисоби хеш барои Беҳрӯз идрорпулӣ ба маблағи 200 сомонӣ ҷудо намуд ва феълан Беҳрӯз пас аз хатми донишгоҳ корро ба ҳайси муаллими математика дар литсейи №1 ноҳияи Фархор шурӯъ намудааст.
Вақте ки литсейи №1 ташкил мешавад, сарварии онро бар дӯши Розия мегузоранд. То соли 2013 роҳбар буд ва баъд аз он ки фарзандон калон мешаванду шомили донишгоҳҳо мегарданд, муаллимаро лозим меояд, то ба фаъолияташ дар ин муассисаи таълимӣ нуқта гузораду роҳ пеш гирад ҷониби маркази ҷумҳурӣ. Зеро барояш тарбияи фарзандон дар мадди аввал меистод. Дар ин ҷо ӯ фаъолияти кориашро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 идома дода, то ба ҳол ба муҳассилини ин даргоҳ дарс мегӯяд. Дар аввал кор дар мактаби шаҳр барояш душвор менамуд, вале баъдан шогирдонро ба як роҳи рост ҳидоят намуд. Тавре ӯ мегӯяд:
- Вақте дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 корро шурӯъ кардам, хонандагон эҳтиромро нисбати омӯзгорон ба ҷо намеоварданд. Ман ки бо рафтору гуфтори талабагони деҳот одат карда будам, ингуна муносибатро ба худ раво намедидам. Дар дарсҳо ҷиддиятро пеша кардам ва бо ҳамин роҳ шогирдонро ба дарсҳо ҷалб намудам. Ҳоло бошад, шогирдон дарсамро бесаброна интизорӣ мекашанд.
Розия Назаршоева Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар баробари омӯзгорӣ ҳамчунин шеърҳои арифметикӣ низ эҷод мекунад. Ҳарчанд ӯ худро шоира намедонад, ҳар вақте ки илҳоми шеърнависиаш меояд, рӯи авроқи сафед нигоштаҳояшро мекорад. Бахшида ба ҳар мавзӯъ шеъре таълиф намуда, дар дарсҳояш онҳоро истифода мекунад. Вижагии назми Розия дар он аст, ки ӯ якбора шеъреро таълиф намекунад, балки бештар мисраъ-мисраъ менависад. Ҳангоми хоб будан, мисрае дар хобаш эҷод мешавад ва аз ҷой бархеста, онро рӯйи авроқи сафед навишта мекунад, ки якеаш дар мавзӯи хатҳои рости кунҷҳои ҳамсоя чунин аст:
Ду ҳамсоя кард девор,
Байни ҳавлии ҳамвор.
Девор агар равад рост,
Ташкил кунад кунҷи рост.
Девор гардад умумӣ,
Барои ҳар ду доимӣ
Бунафша РАҲМОНОВА