Асалбегимро дар нақши «Аҷузакампир», саҳеҳтараш қаҳрамони асосии барномаи телевизионии «Алифбоҷон, алифбо» наврасони солҳои то 1995 хуб мешиносанд. Ӯ дар нақше бозӣ мекард, ки кӯдакон аз диданаш дар ҳарос меафтиданд. Асалбегими ҷавонро чӣ ё кӣ водор сохт, ки дар ин сенария нақши манфиро бозӣ намояд? Ин асрорро ӯ дар суҳбат ифшо намуд.
-Замони кӯдакӣ мо тариқи «оинаи нилгун» як занеро медидем, ки мӯйҳои парешон, бинии калони сурх дошта, бо овози баланд гап мезад ва кӯдаконро метарсонд. Мо ҳатто барои рӯи ҳавлӣ баромадан меҳаросидем, ки мабодо ҳамон аҷузакампир моро «нахӯрад».
- Ин намоишнома соли 1985 тариқи телевизион пешкаши тамошобинони хурдсол, ҳатто бархе аз калонсолон гардид ва то соли 1995 идома ёфт. Он солҳо телевизион бо театр ҳамкории зич дошт ва ҳамин барнома ҳам пешниҳоди худи симо буд. Мутаассифона, ин ҳамкориҳои телевизиону театр барҳам хӯрданд. Агарне, розӣ ҳастам, ки дар ҳамин синну сол нақши «Аҷузакампир»-ро бозам. Бояд гуфт, ки «Аҷузакампир» образи классикӣ аст. Дар эҷодиёти шифоҳии тоҷикону русҳо ва дар маҷмӯъ дар тамоми ҷаҳон бо ӯ вохӯрдан мумкин. Афти безебаку овози хирӣ дорад. Аз симои бадвоҳимааш кӯдакон метарсанд. Боз бо ҷорӯбаш парвоз мекунад. Тимсол ё нақши рамзӣ, яъне муаллақ аст. Ман кӯдаконро бисёр дӯст медоштам, бо ҳар роҳ мехостам таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб кунам ва аз иҷрои корҳои бефоида боздорам.
- Кӣ Шуморо водор сохт, ки ин нақшро бозӣ кунед?
- Вақте маводро ба театр оварданд, касе иҷрои ин нақшро ба уҳда нагирифт, зеро бо бинии дарозу мӯйҳои парешон нақш бозидан талаботи сенария буд. Болои ин, дар нақш бояд Ғиёсаку Пиёзакро азоб додан зарур меомад. Дидам, ки касе ҷуръат накард, офаридани ин нақшро пазируфтам, баъдтар бозидани нақш бароям шавқи зиёд медод. Вақте ҳунармандон диданд, ки ин нақш дар дили тамошобин роҳ ёфту мухлисони худро пайдо кард, баъзе аз онҳо низ азме дар офариданаш зоҳир карданд, аммо бозии онҳо табиӣ намебаромад.
- Фарзандонатон аз ин нақши офаридаатон изҳори норизоӣ намекарданд?
- Як рӯз писарамро ба боғча мебурдам, аз ман хоҳиш кард, ки нақши Аҷузакампирро набозам. «Ҳама маро нишон дода мегӯянд, ки ана писари Аҷузакампир…». Боре ошпази боғча ба мураббияе гуфтааст, ки бачаро гардонед, мураббия пурсидааст, ки кадом бачаро? Ошпаз гуфтааст, ки бачаи Аҷузакампирро. Ҳоло писарам дар Русия кор мекунад. Вай нақл кард, ки як рӯз тоҷике наздам омаду гуфт, ки Доманск рафтаниам, лекин роҳро намедонам. Хулоса, писарам ӯро ба хонааш бурдаасту суҳбат аз ин тарафу он тараф мекунанд. Писарам гуфтааст,ки зодаи Душанбест ва модарам ҳунарпеша аст. Писарам мегӯяд, ки номашро гӯям, мешиносед, лекин барои зудтар шинохтанатон ман писари Аҷузакампир ҳастам… (механдад)
- Аз намоишномаи «Алифбоҷон, алифбо» дар хотираатон кадом лаҳзаҳо нақш бастаанд?
- Дар ин намоишнома ягон ҳарфи ноҷо садо намедод. Исфандиёр Ғуломов, Тағоймурод Розиқов, ки нақши Ғиёсаку Пиёзакро иҷро мекарданд, табиатан бисёр шӯх буданд. Шахсан худам, вақте ба образ ворид мешудам, ба дурӯғҳоям бовар мекардам (механдад). Вақте Никита, яке аз қаҳрамони асар мегӯяд, ки апаи Аҷуза, Шумо бисёр занаки хуб ҳастед, дили нарм доред, ҳунари хуб доред. Шумо шонаро гиреду саратонро шона кунед ва ба кӯдакон сухани нек гӯед. Бачаҳои бисёр дар гирдатон ҷамъ шуда, сатилҳои пури обатонро бардошта, ба Шумо хизмат мекунанд. Хулоса, дар охир исбот мекунад, ки тоҷикон хушкаломанд.
- Кадом нақшеро аз миёни нақшҳои офаридаатон ҳамчун беҳтарин ва фаромӯшнашаванда меҳисобед.
- Ягон нақши офаридааш барои ҳунарманд фаромӯш намешавад, зеро то ба тамошобин пешкаш кардани он нақш ҳунарпеша ба қавле хуни ҷигар мешавад.
- Барои суҳбат ташаккур!
Беназир Давлатова