Сокинони ноҳияи бостонии Шаҳритус, ки дар каф эъҷози ҳунару дар қалб орзуву ормонҳои нуҳуфта мунтазири ин Паёми эътибор бар ҳунармандиҳои дастӣ умр ба сар мебурданд, ҳамакнун дар талошу тараддуданд, то ба мақсад бирасанд. Нахустин иқдоми фаъолони ноҳия дар ҳамовозӣ ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар масири мавзеъҳои сайёҳии ҳудуди Шаҳритус бунёди растаҳои «Армуғон» ва марказҳои ҳунармандиро ба роҳ монда, дастранҷи хешро пешкаши меҳмонону сайёҳони хориҷӣ намоянд.
- Бесабаб набуд, ки солҳои пеш ин макони таърихиро диёри қолинбофон меномиданд. Корхонаи қолинбофии ноҳия ҳанӯз соли 1990 аз фаъолият бозмонда буд, вале пешаварони чирадаст ин ҳунари қадимиро дар дуконҳои хонагӣ идома додаанд. Айни замон, дар назди литсейи касбӣ-техникии ноҳия курси кӯтоҳмуддати қолинбофӣ фаъолият дорад, ки устодонаш дастпарварони ҳамон корхонаи дар гузашта машҳур мебошанд, - иброз медорад сарвари даргоҳи мазкур Лутфия Ҷӯраева ва дар идомаи суханаш чунин иқрор меояд:
- Овони ҷавонии мо қолин дар қатори муҳимтарин ашёи рӯзгор, аз ҷумла ҷиҳози ҳатмии наварӯсон ба ҳисоб мерафт. Ҳатто дар сандуқи бибиҳоямон ҳамроҳи кафан ҳатман як адад аз ин қолинҳои истеҳсоли маҳаллӣ дида мешуд, зеро ниёкони мо болои тобути майитро ҳам бо даврию сӯзаниҳои миллӣ ва гилемҳои дастбоф ороиш медоданд, аммо ин расму русум солҳои охир аҳён-аҳён мушоҳида мешавад.
Дар маҳалу рустоҳои ноҳия бошад, бозори косибону санъатварон ривоҷи тоза пайдо мекунад. Сайпочо Маҳмудова аз ҳунармандони номдори Шаҳритус мебошад, ки нақши дастони пурэъҷозаш дар ҳама маросиму намоишгоҳҳои фарҳангии ноҳия ҳувайдост. Сокинони деҳоти «Обшорон» манзили хоксоронаи ин ҳунаркеши асилро ошёни меҳр меноманд, зеро расми ин хонадон аст, ки ҳар корафтодаро аз хеш ризову қаноатманд гусел намоянд.
Ҳанӯз ба манзили хоксоронаи ин пешавари моҳир ворид нашуда, кас аз маҳсули ҳунармандиҳои ҷозибу ҷолиби ӯ ба ваҷд меояд. Дили одам намешавад, то рӯи мусаввараи офтоб, ки дар палоси дастбофи остонаи дари хона таҷассум ёфтааст, по гузорад. Ин бонуи ҳунар аз баракати нӯги сӯзан рӯзгори оиларо пеш мебарад. Маҳсули ҳунари ӯ тӯли заҳматҳои чандинсолаи шабонарӯзиаш тавассути нақшу ороишоти абзору анҷоми арӯсон ба манзилу кошонаҳои мардум раҳ бурдааст.
Солҳои пеш ба ҳунарҳои мардумӣ танҳо доираи маҳдуди бонувон аҳамият медоданд, зеро аз асари тақлиди кӯр-кӯрона то дар дурдасттарин рустоҳои кишвар мардум ба фарҳанги бегона рӯ оварда буд. Таваҷҷуҳу дастгирии Сарвари давлат ба эҳёи фарҳангу ҳунарҳои миллӣ имкон фароҳам сохт, то тавассути намоишу чорабиниҳои оммавӣ маҳсули ҳунармандиҳои мо дар саросари кишвар муаррифӣ шаванд,- иқрор меояд Сайпочо Маҳмудова.
Баъди як намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки соли гузашта ба истиқболи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус доир шуд, ба касбу корам шавқи бештар пайдо кардам. Лаҳзае, ки Пешвои муаззами миллат як рафидаи дӯхтаамро барои ҳамсари худ харид мекарданд, маро эҳсоси бузурге фаро гирифту назди худ қавл додам, ки боқии умр ҳама ҳастиамро ба рушди ҳунарҳои хонагӣ мебахшам. Маҳз баъди он дидору гуфтугӯ бо Сарвари давлат омаду рафти одамони касбу кори гуногун барои хариди дастбофиҳои аҳли оилаи мо зиёд шуд,- мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Бо қаноатмандӣ аз имтиёзҳои зидахли рушди ҳунарҳои мардумӣ фароҳам гардида, Сайпочо тасмим гирифтааст, ки дар даромадгоҳи хонааш коргоҳи ҳунармандӣ бисозад. Имсол писаронашро аз муҳоҷирати корӣ боздошт, зеро мутмаин аст, ки бо амалӣ намудани нақшаҳои андешидааш на танҳо фарзандони худ, балки чанд тан ҳамдеҳагонро ҳам метавон ба шуғлҳои музднок фаро гирифт. Айни ҳол чаҳор тан савдогари бозорҳои ноҳия ба фурӯши чакану сӯзанӣ, рафидаву ҷойпӯшу анҷомҳои арӯсӣ ва дигар дастбофиҳои ӯву аҳли хонаводааш машғуланд. Дар баробари иҷрои дархости муштариён дар ин хонадон 20 нафар аз духтарони деҳоти атроф ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Ба хотири васеъ сохтани доираи ҳунаромӯзӣ аз тарафи шуғли аҳолии ноҳия ба ӯ музди маош пешниҳод кардаанд. Аммо ӯро мушкили дигар азият медиҳад, ки тангии хона асту норасоии корҷой, то ҳамаи хоҳишмандонро ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифта тавонад.
- Аз норасоии ҳуҷраҳои лозимӣ дарси ҳунар ва дигар корҳои дӯхтудӯзро дар ҳуҷраҳои зисти сунҳорҳоям мегузаронам, ки аз ин худро нороҳат ҳис мекунам. Азбаски, бар асари серкорию ташвишҳои хонагӣ дар ҳама намоишҳои ҳунарӣ иштирок карда наметавонам, баъзан намунаҳои сӯзанию гулдӯзиҳои хонаводаи моро бурда, аз номи дигарон ба намоиш мегузоранд, - мегӯяд Сайпочои саропо ҳунар.
Бо ҳама фуруду фарози рӯзгор ба зиндагӣ хушбин асту барои расидан ба қуллаи орзуҳояш иродатманд. Мутмаин аст, ки бо рушду эҳёи ҳунарҳои қадимии ниёгон метавон сатҳи бекорию камбизоатиро миёни бонувони деҳот ба маротиб коҳиш дод. Ба андешаи ӯ, агар тамоми хонаводаҳои русто рӯ ба ҳунарҳои дастӣ биёранд ҳам, бо ин васила ризқу рӯзии хешро пайдо карда метавонанд.
Ба гуфти ӯ, имрӯз талабот ба абзору ашёи дастбоф ба ҳадде зиёд аст, ки ӯ бо се нафар сунҳору чанд тан дастпарваронаш лаҳзае фориғ нестанд. Рӯҳияи хастагинопазири ин зани ҳунарпарвар аз як сухани ҳикматомези Сарвари давлат об мехӯрад, ки зимни як намоиши ҳунармандон барояш гуфта буданд: «Ман шуморо дастгирӣ мекунам».
Ҷ. Усмон,
ноҳияи Шаҳритус