Осорхона ё анборхона?
Дар яке аз ҳуҷраҳои бинои фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав, ки масъулонаш онро осорхона мешуморанд, садҳо адад нигораву ёдгориҳои тарихӣ бидуни тартибу қоида рӯи фарш мехобанд. Дар оғоз интизорӣ доштам, ки масъулони осорхона иқрор меоянд, ки аз надоштани бинои махсус ёдгориҳои таърихиро дар анборхона нигоҳ медоранд. Аммо Бибисоат Чоршанбиева, роҳбалади бахши мавзеҳои таърихӣ иброз дошт, ки аз норасоии бино ин ҳуҷраи бинои фарҳанги ноҳияро чун осорхона истифода мекунанд.
Воқеан ҳам, манзараи ҳузновари ин ҳуҷраи пур аз нигораҳои таърихӣ бозгӯи норасоии мутахассисони соҳаи фарҳангшиносӣ дар ин ноҳияи дурдасти кишвар арзёбӣ мегардид. Шиору давриҳои дар асри охир омоданамудаи сокинон ба дару деворҳои ҳуҷра овезон буду ёдгориҳои ба қиммати зарро, ки бояд дар дохили витрина нигоҳ дошта шаванд, болои фарши ҳуҷра мехобиданд.
Зарфиятҳои бозмонда
Ноҳияи сарҳадии Носири Хусрав мувоҷеҳи даҳҳо мушкилоти иқтисодию иҷтимоист. Аз норасоии неруи корӣ, маблағи кифоя ва дигар фишангҳои иқтисодӣ манбаҳои ҷуғрофию дигар зарфиятҳои ин сарзамин самаранок истифода намешавад.
-Дар ҳудуди ин ноҳия 32 адад мавзеҳои таърихӣ мавҷуд аст, ки зери хокдонҳои ин ёдгориҳо асрори бузурге ниҳон буда, ба тадқиқоту омӯзишҳои бостоншиносӣ ниёз дорад. Аммо барои корҳои тадқиқотӣ илмӣ он тараф истад, ҳатто ба хотири дарёфту хариди баъзе нигораҳои арзишманд маблағи зарурӣ намерасад,- мегӯянд фарҳангшиносони ноҳия.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола барои хариду дарёфти ҷамъоварии ёдгориҳои арзишманди таърихӣ аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд маблағҳои муайян ҷудо шавад. Аммо Бибисоат Чоршанбиева мегӯяд, дар ноҳияи мазкур бинобар мушкилоти иқтисодӣ ба рушду беҳбудии вазъи осорхонаҳои маҳаллӣ маблағҳои кофӣ ихтисос дода намешавад.
Наметавонем...?
Тавре Садриддинзода Нуриддин Талбак, раиси ноҳияи Носири Хусрав зимни як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, бо сабаби нокифоягии маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва дотатсияи марказӣ, ки танҳо барои харроҷоти ҳатмии ноҳия мерасад, барои бунёди осорхона ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ дар ноҳия имкониятҳои молӣ вуҷуд надоранд.
- Бо фароҳам омадани шароиту имкониятҳои молӣ аввал ба бунёди осорхонаи ба талабот ҷавобгӯй даст хоҳем зад. Масъалаҳои бунёди муассисаҳои фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маънавиётро бо соҳибкорони ноҳия низ матраҳ намудаем, вале эҳсоси ватандӯстии онҳо ба он дараҷа баланд нест, ки сармояи худро барои рушди маънавиёт сарф намоянд, ки аз он фоидаи молӣ намебинанд,- таассуфомез иброз медорад раиси ноҳия.
Ба ҷойи охирсухан
Як тан аз масъулони соҳаи фарҳанг, бо шарти ифшо нашудани ному насабаш сабаби вазъи ногувори осорхонаҳои баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро чунин шарҳ медиҳад: «Тибқи низомнома масъулияти назорафи фаъолияти осорхонаҳои шаҳриву ноҳиявӣ бар зиммаи Муассисаи давлатии Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» вогузор шудааст. Аммо бо сабабҳои номаълум ин вазифаҳоро бахшҳои марбутаи раёсати фарҳанги вилоят иҷро мекунанд. Мақоми вилоятии соҳаи осорхонаҳо бошад, танҳо нақши тавсиядиҳандаро мебозанду халос».
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки роҳбарии аксарияти осорхонаҳои ноҳияҳои вилоятро бонувон ба зимма доранд, ки мутаассифона теъдоде аз онҳо ғайритахассусианд. Аз ҷумла, як сабаби ба чунин ҳол гирифтор шудани ёдгорию нигораҳои таърихӣ дар ноҳияи Носири Хусрав ҳам норасоии касбияти масъулони осорхона арзёбӣ мегардад. Осорхона вақте ҷавобгӯи талаботи замон шуда, ба макони тамошои меҳмонону сайёҳон табдил меёбад, ки масъулияти онро ихтисосмандони соҳа бар уҳда дошта бошанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Н.Хусрав