Куҳансолон нақл мекунанд, ки дар ҳар деҳаи хурд ки ҳамагӣ 30 оила мезист, 5–6 нафар ба кулолгарӣ машғул буд.
Тақозои зиндагӣ мардумро маҷбур мекард, ки ба наққошӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ, бӯрёбофӣ, гилембофӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ва ҳунарҳои амсоли инҳо машғул шаванд.
Имрӯзҳо ҳунарҳои қадима аз ҷониби ворисони он ҳунармандон дар шаклҳои нав пешкаши мардум мешаванд.
Шаҳло Ҳасанова - як зани ҳунарманди кӯлобиест, ки аз ҳунари қадимаи кулолгарӣ бархӯрдор мебошад.
Маснуоти кулолии Шаҳло манзилу кошона ва ҳуҷраҳои кории дӯстдорони пешаашро зиннат мебахшанд. Дасткориҳои Шаҳло Ҳасанова ҳатто ба хориҷиён низ тақдим шуда, марзи Тоҷикистони азизро убур кардаанд.
- Барои ҷилонокшавӣ ва садои хуб баровардани кулол онро дар дараҷаи муайян пухтан зарур аст. Баъдан онро аз чархи кулолгарӣ гирифта, ба оташдон, ки ҳарорати муайянро дорост, мегузорем, то пухта шавад. Ҳар қадар ҳарорати тафдон баланд бошад, зарф ҳамон қадар ҷилонок ва садоноктар мегардад, - мегӯяд Шаҳло.
Воқеан ҳам, зарфҳои сохтаи ӯ баъди пухтан садои махсус доранд.
-Маҳсулоти кулолиро истеҳсол кардан мумкин, аммо бозори фурӯши онро дарёфтан хеле мушкил аст, -мегӯяд Шаҳло.
Дарвоқеъ, маҳсулоти хуби кулолгариро меҳмонони хориҷӣ хеле меписанданд. Аммо ба ғайр аз намоишгоҳҳо дигар ҷойи фурӯши ин маҳсулот мавҷуд нест. Барои ислоҳи ин мушкил дар атрофи мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муҷтамеи 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб ва деворҳои қалъаи Кӯлоб дӯконҳои хурд-хурди ҳунармандонро кушудан аз манфиат холӣ нест.
Ӯ аз устодони хеш Сабзалӣ Шарифов, Омина Усмонова ва Валимад Одинаев бо арзи сипос ёдовар шуда, иқрор омад, ки ҳама пешрафтҳои пешавариашро аз баракати сабақҳои онҳо медонад.
Шаҳло Ҳасанова директори мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Кӯлоб буда, ба ғайр аз кулолгарӣ ба рассомиву қаламзанӣ низ машғул аст. Шогирдони парвардаи ин мактаб озодона дар ҳар муассисаи санъати тасвирӣ ба супурдани имтиҳони маҳорат қобиланд.
Дар арафаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ба ӯ супориш дода шуд, ки паспардаи қасри фарҳанги шаҳрро дар намуди чакан омода кунад. Ӯ ин паспардаи бузургро, ки 96 метри мукааб мебошад, дар муддати 6 моҳ таҳия намуда, ба чакандӯзони ширкати «Чакан» супурд. Ин пардаи дар ҳақиқат зеборо дар саҳнаи қасри фарҳанг насб намуданд. Имрӯзҳо ин паспардаи зебо зиннатбахши тамоми чорабиниҳои шаҳр мебошад.
Соли 2012 бо даъвати Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз Шаҳло дар ороиши Кохи Сомон ширкати фаъол дошт.
Сулаймон Ситамов