Дар чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, Раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, коршиносони соҳа, ҳунармандон, устодон ва донишҷуёни риштаи сайёҳии муассисаҳои олии таълимии кишвар иштирок доштанд.
Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур татбиқи самарабахши ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оғози расмии «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муайян гардид.
Ҳамоишро расман Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки эълони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бори дигар аз сиёсати созанда ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад ва дар заминаи он Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ва пешрафти комил дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сайёҳӣ ноил хоҳад шуд.
Қайд гардид, ки сарзамини мо бо фарҳангу тамаддуни бойи ниёгони худ, табиати биҳиштосо, обу чашмасорҳои зулолу шифобахш ва қуллаҳои сарбафалак диққати сайёҳону меҳмононро ҷалб намудааст.
Раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова зимни суханрониаш иброз намуд, ки баҳри рушди соҳаи сайёҳии мамлакат аз ҷониби Парлумони кишвар силсила санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва тартиби амалӣ намудани фаъолияти сайёҳиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода дар суханронии муқаддимавии худ қайд намуд, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд. Кумита дар тули 7 моҳи фаъолияти худ як қатор тадбирҳои муҳимро дар самти рушди сайёҳӣ амалӣ намуд.
Инчунин дар нимаи аввали соли ҷорӣ муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои байналмилалии “ITB-Берлин”, “Интурмаркет” ва МИТТ Федератсияи Россия, намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Корея – 2018 ва дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ аз ҷониби Кумита ба нақша гирифта шудаанд.
Тибқи барномаи Ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шамсиддин Орумбекзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимзода Идигул, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, директори кулли Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Курортҳои Тоҷикистон”, Равшанмурод Ҳоҷиев, директори ҶДММ ширкати сайёҳии “Ориент Адвент Тур”, Руслан Ҳамроқулов, Раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Муфарраҳ Муҳаббатов суханронӣ намуданд.
Дар анҷоми кори ҳамоиш байни иштирокчиён аз ҷумла, намояндагони вазорату идораҳо ва коршиносони соҳа доир ба нуқтаҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат, баҳри татбиқи имтиёзҳои пешбинигардидаи Ҳукумати мамлакат вобаста ба соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Далери Сафар