Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон зимни суханронии хеш аз таърихи пайдоиши ҷашни мазкур ёдовар шуда, иброз дошт, ки мафҳуми Сада аз шумораи сад гирифта шуда, маъниаш ин аст, ки то фарорасии Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз боқӣ мондааст. Аз аҳди қадиМ ҷашни Сада чун рамзи гузашти сардиҳои зимистон ва муждаи наздик омадани баҳор, ҳамчун гиромидошти расму оинҳои аҷдодӣ ва бузургдошти меҳр истиқбол гирифта мешуд.
- Гузаштагои мо садаро чун пирӯзии равшанӣ бар торикӣ низ истифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳор ва муждаи пешакии Наврӯзро ба якдигар мерасониданд. Ба хотири гиромии ин ҷашн барзгарон гулхан афрӯхта, бо рақсу сурудхонӣ гирди оташ давр мегаштанд, - ёдовар шуд раиси вилоят.
Бояд тазаккур дод, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ пайдоиши ҷашни Сада ба замони подшоҳии Ҳушанг нисбат дода шуда, ки ӯ ба мардум афрӯхтани оташро тарғиб карда, ба гиромидошти ҷашни Сада асос гузоштааст. Дар асрҳои минбаъда ниёгони мо ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол менамуданд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суханронии хеш аз дастовардҳои кишоварзони вилоят ёдоварӣ гардида, изҳор дошт, ки дар соли 2017 дар вилоят дар майдони 413 ҳазор гектар кишти асосӣ ва дар 96 ҳазору 500 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Майдони кишти картошка ба 4 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1400 гектар зиёд аст.
Дар ҷашни Сада ҳамчунин дастовардҳои як соли охири вилояти Хатлон ҷамъбаст гардида, ба зиёда аз панҷоҳ нафар беҳтаринҳо аз соҳоти гуногуни хоҷагии халқи вилоят сипосномаву туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Ҷ.Сайфиддин