Инҳо ҳар яке достонҳое доранд, амсоли худашон рангорангу ҷолибу ҷаззобу дилфиреб… Аммо ин достон, достони овозхони машҳури опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Оятбегим Сабзалиева аст…
Солҳои 50-уми асри гузашта таҳсил кардани духтарон дар мактабу омӯзишгоҳҳои мусиқӣ роиҷ набуд. Бинобар ин, волидон фарзандонашонро ба мактабҳои мусиқӣ намедоданд. Аммо Оятбегим аз хурдӣ рақсидану суруданро дӯст медошт ва ҳатто боре дар ансамбли халқӣ ҳам суруд хонд. Сароидани ӯ тамошогаронро ба ваҷд меовард. Модар низ андешид: «Рақсиданро омӯхтан мумкин, аммо овози форам доди Худост». Бад-ин далел ба дил қарор кард: «Набояд садди роҳаш шуд. Бинобар ин ҳуҷҷатҳои духтар зери бағал аз дасти ӯ гирифта, Душанбе омад ва тақдири минбаъдаи ӯро бо омӯзишгоҳи мусиқии пойтахт пайваст. Ӯ шояд ҳамон замон ҳис мекард, ки ин пайванд ҷовидонист… Аммо духтарак, бо вуҷуди он ки рақсидану сароиданро дӯст медошт, куҷо омадан ва чӣ будани мусиқии касбиро намефаҳмид. Бинобар ин, ҳар вазифае устодон пеши ӯ мегузоштанд, сар набардошта анҷом медод.
Ин модар Моҳбегим Аноятшоева, Муаллимаи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон ва яке аз аввалин занҳои таҳсилоти олидори Бадахшон буду ин духтар Оятбегим Сабзалиева…
Баъди чанд муддати таҳсил вусъату дараҷа ва қобилияти овози Оятбегимро ба назар гирифта, устодон ӯро ба шуъбаи овозхонии академӣ гузаронданд. Дар ин шуъба ба ӯ омӯзгори ботаҷриба ва мушфиқ А. Филатова дарс мегуфт. Ӯ аз рӯзҳои нахустин бо дарки истеъдод ва қобилияти Оятбегим бо вай ҷиддӣ кор мебурд ва талош дошт, ки тамоми паҳлуҳои мусиқии академиро ба ӯ омӯзонад. Оятбегим ҳам талошҳои устодашро беҷавоб намемонд ва пайваста кӯшиш мекард, ки муҳаббати ӯро сазовор бошад.
Замоне, ки Оятбегим омӯзишгоҳи мусиқиро хатм мекард, аз Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П. И. Чайковский намояндагон барои ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба Душанбе омаданд. Устодони омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе якдилона Оятбегим Сабзалиеваро ба шуъбаи овозхонии академӣ ва тайёрии операвии ин даргоҳи ҳунар тавсия доданд…
- Вақте маро ба консерваторияи Маскав тавсия карданд, шодиамро ҳадду канор набуд. Дар он ҷо ман чӣ будани операи ҳақиқиро дарк кардам. Зеро мо донишҷӯёни консерватория ҳамаи консертҳо ва спектаклҳоро тамошо мекардем. Баъзан дар толорҳо ҷой намешуду мо дар зинаҳо менишастем. Тамошо мекардему меомӯхтем ва мафтун мешудем, – ба ёд меорад давраҳои донишҷӯии худро Оятбегим Сабзалиева.
Хушбахтии дигари ҳунарпеша дар он буд, ки дар консерватория ҳам ӯ ба гурӯҳи устоди барҷастаи санъат, Арбоби санъати Русия, профессор П. Измайлова шомил гардид. Таҷрибаи бою ғанӣ ва бисёрсолаи ин устоди бузург барои Оятбегими ҷавон дунёи наверо боз кард. Соли 1969 Оятбегим Сабзалиева бо таҳсилоти олии операвӣ ба Душанбе баргашт.
- Вақте ман ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ омадам, овозхонҳои опера аслан аз кишварҳои дигар буданд. Аз ҳунарпешаҳои ватанӣ номҳои Ҳанифа Мавлонова, Лутфӣ Кабирова, Аҳмад Бобоқулов, Рафаэл Толмасов, Михаил Аллоев ва Роза Муллоҷонова он замон маъруф буданд.
Кори дипломии Оятбегим Сабзалиева нақши Татяна дар операи «Евгений Онегин»-и П. И. Чайковский интихоб гардид. Офаридани ин нақши ҷаззоб дар операи лирикӣ ба диапазони овози ӯ, ки сопранои лирикист, мувофиқ афтода буд. Ин нақшро олӣ иҷро кард ва аз худ чун аз ҳунарпешаи баркамол дар саҳнаи тоҷик дарак дод.
Баъдан, Оятбегим Сабзалиева дар саҳнаи театри опера ва балет даҳҳо нақши мондагор аз асарҳои классикии ҷаҳонӣ офарид. Аз ҷумла, Маргарита аз операи «Фауст»-и Ш. Гуно, Леанора аз «Трубадур»-и Ҷ. Верди, Микоэлла аз «Кармен»-и Ҷ. Бизе, Тамара аз «Иблис»-и А. Рубинштейн, Мими аз «Богема»-и Ҷ. Пучини, Серпина аз «Дон Жуан»-и В. Мотсард, Земфира аз «Алеко»-и С. Рахманинов ва ғайра.
- Ман дар саҳнаи театр қариб 70 нақш офаридам. Аммо нақши аввалини ман Татяна аз операи «Евгений Онегин», ки солҳо онро дар саҳна иҷро кардам, тимсоли дӯстдоштаи ман аст, - мегӯяд ҳунарпеша.
Дар нимаи дуюми асри ХХ як зумра оҳангсозони тоҷик ҳам ба офаридани операҳои миллӣ оғоз карданд, ки театри опера ва балет дар баробари асарҳои ҷаҳонӣ онҳоро ба саҳна гузошт ва заминаи рушду камоли операи миллии тоҷикӣ гардид. Дар ин раванд саҳми ҳунарпеша Оятбегим Сабзалиева хеле калон аст. Зеро ӯ қариб дар ҳамаи операҳои оҳангсозони тоҷик нақшҳои марказӣ офарид, ки зуд ба қалби тамошобинон роҳ ёфтанд. Нақшҳои офаридаи ӯ дар ин замина Нозофарин аз операи «Айнӣ», Нигина аз операи «Рӯдакӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов, Комде аз операи «Комде ва Мадан»-и Зиёдулло Шаҳидӣ, Лайлӣ аз операи «Қишлоқи тиллоӣ», Муаллима аз операи «Сарбозони халқ», Гулсара аз мазҳакаи мусиқии «Дугонаҳо»-и Дамир Дӯстмуҳаммадов, Малоҳат аз «Бозгашт»-и Я. Сабзанов, Модар аз «Амир Исмоил»-и Толиб Шаҳидӣ, Таҳмина аз «Рустам ва Суҳроб»-и Талабхӯҷа Сатторов ва ғайра мебошанд, ки то ҳол дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиш дода мешаванд.
Оятбегим Сабзалиева дар чандин фестивалҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ширкат варзида, операи тоҷикро муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла, соли 1969 дар озмуни минтақавии ҳофизону навозандагони ҷавони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаато ширкат варзида, соҳиби ҷоизаи аввал гардид. Дар фестивали умумииттифоқии ҳофизони опера соли 1976 дар шаҳри Мински Беларус низ сазовори ҷоиза шуд. Ҳамчунин, ӯ дар ҳайати театр ба чандин кишварҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, барои муаррифии санъати операи тоҷик саҳм афзудааст.
Дар баробари кор дар театр Оятбегим Сабзалиева дар пайравӣ ба устодони худ А. Филатова ва П. Измайлова ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуда, то имрӯз шогирдони зиёдеро парвардааст. Ӯ аз соли 1969 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ба тарбияи истеъдодҳои ҷавон машғул буда, унвони профессорӣ дорад.
Хизматҳои ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор сипосномаву ифтихорномаҳо, ордени «Шараф» ва унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (соли 2000) қадр шудаанд.
Аз ин оилаи фарҳангӣ панҷ нафар ба ҷодаи санъат раҳ ёфт, ӯ дар саргаҳи шоҳроҳ меистад. Ӯ чашмаест, ки аз қалби кӯҳистони Бадахшон, аз дили санг берун шуд ва идомаи ӯ хоҳаронаш Савриву Соро ва ҷиянҳояш Самаду Фирӯзанд. Яъне, аз марзҳои Тоҷикистон убур карда, то Маскав расидаанд…
Одили НОЗИР