-Ҳамчун мутахассиси соҳа барои дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо намудани қолинҳои дастбоф ё мошинии тоҷикӣ кадом тадбирҳоро пешниҳод менамоед?
-Мо дар лоиҳаи «Модернизатсиякунонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар соҳаҳои қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва нассоҷӣ дар Тоҷикистон» 3 бахши соҳаи саноатро ба ҳам муттаҳид намудем. Албатта, ин бахшҳо бозорҳои алоҳидаи худро доро мебошанд ва талаботу теъдодашон низ гуногун ва коргузориашон ҳам аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Лоиҳаи мазкур аз моҳи октябри соли 2015 бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ амалӣ гардидааст. Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори содиротии корхонаҳои маҳаллии қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва атласу адрас мебошад. Дар доираи лоиҳа як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ дар соҳаи маркетинг, дизайн, дизайни компютерӣ, гулдӯзиҳои дастӣ ва попурӣ, қолинбофии дастӣ ва рангкунии табиӣ гузаронда шудаанд.
Бозори байналмилалии қолинҳо хеле мураккаб аст ва онро омӯхтан хеле душвор мебошад. Мо, тоҷикон, дар 70 соли ҳокимияти шӯравӣ то андозае аз ин бозор дур гардидем, ки барои имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо намудани маҳсулоти кишвар мушкилот ба вуҷуд овард. Аммо ба ин нигоҳ накарда, мо дар доираи лоиҳа бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ тамоми қувва ва имкониятро барои ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти кишварамон кӯшиш намуда истодаем. Азбаски фарҳанги мо, тоҷикон, ба кишварҳои ҳамсоя, ки дар он минтақаҳо низ умр имрӯз мебаранд, паҳн гаштааст, то андозае онҳо дар муаррифии фарҳанги қолинбофӣ ба ҷаҳониён каме аз мо пеш рафтаанд. Аз ин нигоҳ мо кӯшиш менамоем то ҳамон маҳсулотро пешниҳод намоем, ки дар бозори ҷаҳонӣ нест. Яке аз ин равандҳо ин истифода намудани нақшҳои сӯзанӣ ва атласу адрас дар қолинҳо мебошад, ки онро метавон дар қолинҳои тоҷикии муосир истифода бурд. Бинобар ин, коллексияи қолинҳои ҳам дастӣ ва ҳам мошинбоф, ки мо дар якҷоягӣ бо корхонаҳои ҷалби лоиҳа тайёр намудем, дар асоси нақшҳои атласу адрас ва сӯзанӣ тарроҳӣ шуда буданд. Лекин дар раванди корӣ ин нақшаҳоро дар асоси талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ тағйир додем, зеро ки рангҳо дар Аврупо аз рангҳои писандидаи мо фарқ мекунанд. Он ҷо рангҳои паст, тираранг ва табиии пасттарро бештар меписанданд. Вақте ки лоиҳаи мо оғоз шуд, аввалин коре, ки анҷом додем, тамоми намудҳои сӯзаниҳо, гулдӯзиҳо ва атласу адрасро аксбардорӣ намуда, дар феҳристи электронии лоиҳа ворид сохтем. Ин ба мо имконият дод, то маҷмӯаи ҷадиди на танҳо қолинҳоро, балки маҳсулоти ороишии хонаро низ омода намоем. Аксари намунаи сӯзаниҳоро мо аз чойхонаҳо, осорхонаҳо ва коллексияҳои шахсӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аксбардорӣ кардем. Айни ҳол, дар бойгонии ҷамъоварии лоиҳа зиёда аз 100 намуд сӯзанӣ ва атласу адрасро дорем.
- Қолинҳои тоҷикӣ чӣ фарқияте аз чунин маҳсулоти кишварҳои дигар доранд?
-Шояд аз ҷиҳати сифат қолинҳои саноатии кишвари мо нисбат ба маҳсулоти мушобеҳи кишварҳои ҳамсоя каме қафо монда бошад, вале аз нигоҳи ороиш ва тарҳ мо тавонистем маҳсулоти нисбатан бозоргирро пешниҳод намоем. Ба ғайр аз нақшу нигори нав мо 2 намуд нахро истифода бурдем, ки якеаш пашми гӯсфанди Меринос ва дигараш пашми бузи ангорӣ мебошад. Агар бо пашми мериносӣ қолинҳо дар бозори ҷаҳонӣ зиёд бошанд, бо пашми ангорӣ камтар аст. Бинобар ин, мо қолинҳои санҷиширо бо нахи ангорӣ ба коллексияамон ворид кардем, то талаботашро санҷида тавонем.
- Шояд имрӯз бо пешрафти техникаву технология аз қолинбофии дастӣ камтар манфиат ба даст ояд?
- Ба назари ман, ин ду самти қолинбофӣ бояд ҳар яке бо сохторҳои гуногуни худ такмил дода шавад, чунки ҳар кадом бозори худро дорад. Агар қолинҳои мошинӣ бештар барои бозори оммавӣ пешбинӣ шуда бошанд, қолинҳои дастбоф барои бозори махсус, ки ба истилоҳ онро «эксклюзивӣ» меноманд, нигаронда шудаанд.
-Шумо кадом мушкилотро дар ин самт номбар карда метавонед?
-Пеш аз ҳама, дар дастрасии ашёи хом, аз қабили пашми маҳаллӣ, мушкилот вуҷуд дорад. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ пашми гӯсфанди Меринос ва бузи ангорӣ кам истеҳсол карда мешавад, бинобар ин бо истифодаи пашмҳои эронӣ ва афғонӣ арзиши аслии маҳсулот ҳам боло меравад, ки дар натиҷа рақобат намудан бо ширкатҳои давлатҳои ҳамсоя мушкил хоҳад шуд. Истеҳсолу коркарди пашми маҳаллиро бояд афзоем. Барои рушд додани соҳаи қолинбофӣ фақат таъсис додани корхона кифоя нест, мушкили аз ҳама асосӣ ва аввалиндараҷа бо ашёи хом таъмин кардани корхонаҳои қолинбофӣ ба ҳисоб меравад.
Баъдан, мушкилӣ дар тайёр намудани мутахассисони соҳа, аз қабили тарроҳи (дизайнери) қолин дар кишвар аст. Дар ду донишгоҳи бонуфузе, ки ин соҳаҳо омӯзонда мешаванд, ин самтҳо ба шакли ихтисос ҳанӯз ба роҳ монда нашудаанд.
-Доир ба тафаккури бофандагии имрӯзаи занон ва духтарони тоҷик чӣ андеша доред?
- Дар ду – се соли охир таваҷҷуҳи бонувон ба ин соҳа бештар ба назар мерасад ва мо низ дар доираи барномаҳои лоиҳа кӯшиш менамоем, то завқу шавқи онҳоро ба ҳунарҳои бофандагӣ ва гулдӯзӣ афзуда, дилбастагиашонро ба ин ҳунар зиёдтар кунем. Хусусан, дар барномаҳои омӯзишӣ мо кӯшиш менамоем ба онҳо намунаҳои маҳсулоти муосирро бо гулдӯзӣ ва нақшу нигори тоҷикӣ дар шакли нав нишон диҳем, то онҳо завқи бештар пайдо намуда, ҷаҳонбиниашон низ муосиртар гардад.
Бузургмеҳр