Кашфи «Овози тиллоӣ»
Пайроҳаи санъати Шодигул чун бештари ҳунармандони муосири Бадахшон аз ширкат дар гурӯҳи худфаъолияти бадеӣ дар мактаб шурӯъ шуд. Нахустин сурудаш аз саҳнаи толори мактаб ҳанӯз айёми дар синфи 5-ум таҳсил намуданаш садо доду писанди мухлисон омад. Агарчанде суруди «Ин қадар зебост Хоруғи мо» бо овози ширадори Майсара Дилдорова вирди забони хурду бузург буд, вале ҷилои истеъдоди ҳунарманди наврас нодида намонд. Омӯзгори дарси мусиқӣ Давлатбек Ҷангибеков истеъдоди хуби дарки мусиқӣ ва сарояндагии шогирдашро пай бурда, ӯро ба саҳна ҳидоят намуд. Дар иҷрои овозхони наврас сурудҳои тоза ба тоза садо медоданду малакааш такмил меёфт.То андозае, ки Шодигул чун сарояндаи навраси садои тоза ва сабку услуби хосдошта шуҳрат ёфт. Шояд барои ҳамин ҳам масъулини барномаи фарҳангӣ бахшида ба 50-солагии таъсисёбии ВМКБ исрор варзиданд, ки суруди «Табрик кунам туро, Бадахшон» (шеъри Ширин Бунёд, оҳанги Қиматшоҳ Шоискандаров) дар маросими тантанавӣ бо «овози тиллоӣ»-и ҳунарманди наврас, ки ҳанӯз дар синфи 9-ум мехонд, садо диҳад. Тавре шоҳидони тантана мегӯянд, маҳз дар ин ҷо ҳунари касбӣ дар симои Шодигул боз як ҳунарманди соҳибистеъдоду саҳназебро дарёфт.
Муваффақияти овозхони наврас дар саҳна аз доираи таваҷҷуҳи аҳли фарҳанг берун намонд. Ба ӯ пешниҳоди кор дар Хонаи маданияти шаҳр карданд. Ҳанӯз дар мактаб таҳсил мекарду аввалин маошаш - 90 рублро, ки он вақт пули калон ба ҳисоб мерафт, ба падару модараш овард. Муҳити созандаи фарҳангӣ ба кашфи истеъдод ва интихоби роҳи касбиаш кумак намуд. Ш.Мамадносирова ҳаёти эҷодии худро бо муассисаи фарҳангии шаҳр пайваст ва зиёда аз 40 сол боз вай дар ин ҷо фаъолият дорад. Муассисаи фарҳангӣ хонаи дувумаш гардид. Бо анҷоми як консерт дар саҳнаи он навозанда ва оҳангсози ҷавону соҳибистеъдод Ақназар Мавлоназаров ба Шодигул ба қавле дасту дилашро пешниҳод кард. Ҳосили ин муҳаббат тавлиди 5 фарзанд, зиёда аз 20 суруду оҳанги нав ва равнақи ансамбли оилавӣ гардид.
Дар саҳна хушбахтам
Дӯстдорони зиёди овози хушу алмосии Шодигул аз ӯ дархост мекарданд, ки бо ҳунари писандидааш «гули сари сабад»-и маъракаашон бошад. Вале Шодигул бо изҳори миннатдорӣ хоҳишашонро рад кардаву дар тӯли солҳои фаъолият боре ҳам кӯшиш накардааст, то ба хотири даромад аз ҳунарнамоӣ дар тӯй сабку услуби сарояндагиашро, ки дар заминаи классика ривоҷ ёфтааст, тағйир диҳад ва суруду оҳангҳои сабуку шӯх интихоб кунад.
Роҳбари ансамбли «Навои Бадахшон» Асадбек Пӯлодов чунин мешуморад, ки сабку услуби Шодигул вазну тамкини суханро дар худ ғунҷондааст. Ҳунарманд бо адибон ҳамкорӣ дораду шеърҳои баландмазмун интихоб мекунад, ба умқи маънӣ ва фалсафаашон ғӯтавар мешаваду кӯшиш менамояд моҳияти суханро бо садо ва оҳанги рӯҳбахшу ҷаззоб дар дилу афкори мухлисон ҷо диҳад ва муваффақ мешавад, чаро ки аз дил мехонад.
Мегӯянд, ки «мушк он аст худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд». Истеъдоди ҳунарманд ҳамеша ҷило медиҳаду қадр мешавад, бо кафкӯбии пурмавҷи мухлисон ва баҳои баланди коршиносон.
Ҳамкорони ҳунарманд ёдовар мешаванд, ки ба истиқболи 45-солагии Ғалаба бар фашизм дар маркази ҷумҳурӣ барномаи калон омода мешуду гурӯҳи ҳунармандони даъватшудаи Бадахшон ба он вақте расиданд, ки кайҳо реҷа мукаммал шуда буд. Суруди машҳури «Иди Зафар»-и Боқӣ Раҳимзодаро овозхони ансамбли ҷумҳуриявӣ мехонад. Масъули шуъбаи фарҳанги вилоят аз саркоргардон хоҳиш намуд ва исрор варзид, ки ба иҷрои ин суруд бо садои Ш. Мамадносирова лоақал гӯш диҳад. Ҳунари воло фарҳангшиноси асилро водор сохт, ба тангии вақт нигоҳ накарда, дар барнома тағйир ворид кунад ва «Иди Зафар» бо садои Шодигул дар толор ғулғула андохт.
Дар анҷоми чорабинӣ Ш. Мамадносирова бо фармони вазири фарҳанг бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадр гардид.
Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатиро аҳли ҷомеа бо рӯҳбаландӣ ва дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол намуданд. Армуғони ҳунарманд дар ҳамкорӣ бо оҳангсози шинохта Мавлодод Бахтиёров ба ҷашн суруди нав ва оҳанги нав буд. Суруди ифодагари тинату мароми халқи соҳибистиқлолу созандаи тоҷик аз лиҳози мазмуну бадеият ва санъати баланди иҷро барномаи ҷумҳуриявии ҷашниро ҳусни оғоз бахшид:
Мо халқи худододем, озодаву озодем,
Созандаву сулҳофар, эҳёгару ободем.
- Истеъдоди фитрии ҳунарманд аст, ки сухани нав бо оҳанги нав дар иҷрояш дилҳоро тасхир мекунаду сурудҳоеро ҳам, ки дар пайравии дигарон мехонад, бо садояш наву дилнишинанд,- мегӯяд фарҳангшинос Асадбек Пӯлодов.
- Шодигул мухлис ва шогирди ман аст, бисёре аз сурудҳоямро мехонад.Ҷӯянда асту моил ба ҳамкорӣ бо ҳама. Шодам, ки бо салиқа ва навоварии чунин сарояндагони ҳунарманд сурудҳоям дар саҳна зинда мемонанд,- иқрор меояд Майсара Дилдорова.
- Айни ҳол бештари санъаткорон, аз сабаби набудани оҳангсоз дар бахши фарҳанги шаҳр, барои навои нав ба ман муроҷиат мекунанд, вале дасти як нафар ба ҳама намерасад. Бахши Иттифоқи оҳангсозон, ки таъсис доданаш дар ВМКБ дар назар аст, ба равнақи малакаи ҳирфаии эҷодкор ва таҳкими ҳамкориашон бо ҳофизони хушсалиқаву ба вуҷуд овардани муҳити эҷодӣ муфид хоҳад буд,- изҳор медорад Худопаноҳ Бердов, роҳбари мусиқии ансамбли «Навои Бадахшон».
Ба гуфтаи роҳбари бадеии ансамбл бархе аз ҳофизони ҷавон нахуст оҳанги навро фармоиш медиҳанду мехоҳанд баъд сухан ёфта, дар қолаби оҳанг ғунҷонанд, ки ин комилан нодуруст аст. Вале ҳофизоне чун Ш. Мамадносирова сухани баландпарвоз интихоб мекунанду худ дар тавлиди оҳанг эҷодкорона ширкат меварзанд. Суруди навтарин бо номи «Дӯстӣ», ки дар Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд садо дода, беҳтарини барнома дониста шуд, сурудҳои «Ба ин ваҳдатмакон шукрона бояд кард», «Замин» ва «Модар» дар чунин муҳити эҷодии ҳамкории созандаи шоиру сароянда ва оҳангсоз арзи вуҷуд карданд.
Даврае расид, ки «Ямаха» ҷойи созҳои мусиқии халқиро танг намуд. Қимати ҳофизони тӯйгард, ки акнун фақат бо як микрофон ба толор ғулғула меандохтанд, боло рафт. Дар шуъбаи фарҳанги шаҳр кор ба ҷойе расид, ки доирачӣ мекофтанд. Вале оҳангҳои дилбазани якхелаи асбобҳои электронӣ батадриҷ ба дили шунавандагон заданду бештари мухлисон боз муштоқи сурудҳои сабки классикӣ, ки касро ба тафаккуру андеша мебаранд, гардиданд. Фарҳанг таҳаввулоти бузургро аз сар гузаронд. Вале ҳунарманд ба сухан ва созу навои асил содиқ монду ба мисли ситора аз дурахши хеш дар осмони санъат дарак доду дар айни авҷи эҷодӣ ба уфуқҳои баландтаре равон аст.
Бо ибтикори Ҳукумати кишвар дар шаҳри Хоруғ бинои театр навсозӣ шуда, пайафкандани театри миллӣ бо зарфияти 1000 ҷойи нишаст оғоз шуд. Ансамблҳои «Навои Бадахшон» ва «Эҳё», ки ҳадафашон мусоидат ба эҳёи санъати халқист, таъсис ёфтанд. Ҳунарманд бовар дорад, давраи мушкил барои санъат ва санъаткорон паси сар ва барои рушди санъати касбӣ дар заминаи санъати халқии мардуми Бадахшон, ки анъанаи ғанӣ ва пуршараф дорад, шароит муҳайё шуда, санъаткорон бояд самаранок аз ин имконият истифода баранд.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
шаҳри Хоруғ