Бо мурури вақт ҳама орзуву ҳавасҳои дар ин пайроҳаи пуршараф парвардааш амалӣ мегашт. Овони таҳсил дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ дар баробари такмили илму ҷаҳонбинӣ меҳру садоқати ӯ ба соҳаи омӯзгорӣ зиёдтар гардида, бори дигар итминон пайдо кард, ки дар интихоби касб хато накардааст. Ба хусус, солҳои донишҷӯӣ, ки дар манзили тағои омӯзгораш Рамазон Мирзоев ба сар мебурд, аз ин устоди хирадманд бисёр чизҳоро омӯхт.
Замоне, ки дар вазифаи омӯзгори фанни забони англисии мактаби зодгоҳаш кору фаъолият дошт, тавонист, ки шавқу таваҷҷуҳи наврасони маҳалларо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб намояд.
- Гарчанде рӯзҳои аввал баъзе шогирдони шух бо ҳаргуна суолҳои шӯхиомез дарсро халалдор месохтанд, вале дар ниҳоят маҳз аз миёни ҳамин гуна хонандагони саркаш беҳтарин донандагони забони англисӣ ба воя расидаанд,- қисса мекунад Бибиҷон Латипова.
Хати қисмат соли 1987 ӯро ба водии зарнисори Вахш оварду фаъолияти касбии худро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ноҳияи Ҷ.Балхӣ идома бахшид. Солҳои 2001-2005 муовини сарвари мактаб ва баъдан то соли 2012 сарварии ин муассисаи таҳсилоти умумиро ба уҳда дошт. Соли 2014 сарвари МТМУ №62 –и ноҳияи мазкур таъйин гардида, то имрӯз дар ин вазифа фаъолият дорад. Ба гуфтаи ӯ таваҷҷуҳи сокинони шаҳраки Балхӣ ба забономӯзии фарзандон ба ҳадде зиёд шуда истодааст, ки ҳатто бузургсолони маҳаллаҳои атрофи мактаб низ хоҳони ширкат дар дарсҳои иловагии забонҳои хориҷиро доранд. Аз ҷумла, занону духтарони хонашин ба хотири идомаи кору зиндагии минбаъда ҳамроҳи ҳамсарони муҳоҷирашон руҷуъ ба омӯзиши забони русӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Бибиҷон Латипова сатҳи дохилшавии теъдоди толибилмони МТМУ №62 ба факултаҳои забоншиносии муассисаҳои олии кишвар гувоҳӣ ҳол аст, ки мардум тақозои омӯзиши забонҳои хориҷиро ба хубӣ дарк мекунанд.
- Руҷуи бесобиқаи мардум ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ маҳз баъди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз декабри соли 2016 маншаъ мегирад, ки Сарвари давлат оид ба таҳкими таълими забони русӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар изҳори андеша карда буд, - мегӯяд сарвари муассисаи мазкур.
Дар баробари пешрафту навовариҳо дар кори таълиму тарбия баъзе мушкилиҳои иҷтимоӣ муҷиби коҳиш ёфтани сатҳи илму донишандӯзии фарзандон мегардад. Мутаассифона, таъсири манфии муҳоҷирони корие, ки ба муҳлати тӯлонӣ дар ҳиҷрат қарор доранд, дар афкору рафтори фарзандони онҳо мушоҳида мегардад. Афзоиши теъдоди наврасони душвортарбия, асабоният ва хашму ғазаб ва дар руҳияи носилими равонию эҳсоси тарсуӣ ба воя расидани наврасон аз норасоии меҳри падар ва нотавонии модарони бесавод дар таълиму тарбияи фарзандон дарак медиҳад.
Бибиҷон Латипова ба ҳайси вакили маҳаллӣ ва ҳам сарвари муассисаи таълимие, ки дар он 1100 нафар хонандагон таҳсил доранд, аз муносибати баъзан ҷавонмардон нисбат ба ҳаёти зану фарзандонашон изҳори нигарон мекунад:
- Албатта, мардҳои кишвари мо ба хотири таъмини зиндагии аҳли хонаводаҳои худ роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд, вале дар асл, модарону кӯдакони муштипар пеш аз ҳама ба меҳру муҳаббат, тарбияву роҳнамоии сарвари хонаводаи худ ниёз доранд. Мутаассифона, баъзе падарони солҳо дар ҳиҷрат қарор дошта, дарк намекунанд, ки беаҳаммиятии онҳо нисбат ба ояндаи ҳамсару фарзандонашон чӣ оқибатҳое ногуворе дар пай дорад.
Аксарияти ҷавонони никоҳашон бекоршуда худ дар муҳити носилими оилаҳои пошхӯрда ба воя расидаанд, пас ояндаи фарзандони ятиммондаи ин ҷавонони бесаводу аз тарбия дур монда чиро метавон интизор шуд,- суол мекунад муаллима ва ба фикраш идома медиҳад:
– Ин ва дигар масоили мубрами оилаву мактаб рисолату масъулияти мо, омӯзгоронро дучанд меафзояд, то дар баробари таълиму тарбия дар мактаб, инчунин дар ҳаллу фасли мушкилиҳо раҳнамову ҳидоятгари мардум бошем.
Ба андешаи ӯ омӯзгор дар бунёди ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасози ҷомеа нақши меҳварӣ дошта метавонад, агар дар баробари таълиму тарбияи насли наврас ҳамкориро бо падару модарон ва дигар фаъолони ҷомеа густариш дода, пайи ислоҳи камбудию масоили ҷамъият саъю талоши хешро равона созад.
- Тақозои замон аст, ки ба хотири устувории оила ва ояндаи неки фарзандон ҳар муҳоҷири корӣ соле лоаққал як-ду маротиба ба назди пайвандони хеш оянд. Зеро таъсироти манфии холигии ҷойи падарон дар хонавода натанҳо ба муҳити маънавии оилаҳо, ба психологияи фарзандон, аз ҷумла, хулқу атвори писарбачаҳо баръало эҳсос мешавад. Хашму истезакорӣ ва саркашию гурези ҷавонон аз корҳои ҷамъиятӣ ва хизмати ҳарбӣ далели норасоии тарбияи насли ҷавон дар руҳияи шуҷоату далерӣ ва дигар хислатҳои мардонагӣ арзёбӣ мегардад.
Аз мушоҳидаҳои таълимдиҳандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бармеояд, ки ба муддати тӯлонӣ аз хона ихроҷ шудани мардон натанҳо низоми таълиму тарбия, балки пойдории баъзе хонаводаҳоро зери суол бурдааст, баъзан ҷавонмардон ба хотири фароғату ишрати муваққатӣ дар фикри ба хонаҳои хеш баргаштан нестанд. Ҳатто, дар ҳолатҳои хатари пошхӯрии оилаҳояшон ҳам тасмими худро телефонӣ иброз медоранд. Иддае аз дигар муҳоҷирони кории мо бошанд, бо ваъдаҳои дуруғин даҳсолаҳо аз ҳолу аҳволи ҳамсару фарзандони хеш хабар намегиранд. Ҳолатҳои зиёдеро шоҳид мегардем, ки баъзе мардон ба хотири дарёфти душаҳрвандӣ никоҳи расмии худро дар Ватан бекор намуда, кишвари бегонаро макони доимии худ қарор додаанд, - мегӯяд бо таассуф муаллима.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз дастоварду пешрафтҳо дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар Бибиҷон Латипова дар фарҷоми суҳбат чунин иброз дошт:
- Роҳи ягонаи пешгирӣ аз ҳама гуна падидаҳои манфии ҷаҳони муосир, ин баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии аҳолӣ мебошад. Дар ҷомеаи муосир танҳо нафарони аз нигоҳи маърифатнокӣ устувор дар ҳалли ҳар гуна мушкил муваффақ хоҳанд шуд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН