Ин духтарак ҳанӯз панҷ сол дошту аз ҳамсолонаш ба ҷиҳати зеҳн ва чолокию ҷаққонӣ ба қавле як сару гардан фарқ мекард. Ҳозирҷавоб буду дидадаро. Вале чанд ҳафтаи охир маъюсу ғамгин ва хеле ғашин менамуд. Мураббия ин ҳама эҳсосоти кӯдакро дарк мекард, ӯро ором менамуду сабаби парешонҳолиашро ҷӯё мешуд. Акнун фаҳмид, ки Лайлии хурдакак пушти як зиндагии пурмоҷарои хонаводагӣ умр ба сар мебарад…
Ин дидор бо Лайлӣ хотираҳои 15 соли гузаштаро аз нав барояш зинда намуд. Ӯ пешорӯяш духтараки зебою қадрасро мебинад, ки бо чеҳраи хандон ва чашмони пур аз нишоту шодӣ бо дӯстонаш дар ҳоли суҳбат аст. Ҳатто дарк накард, ки аз диданаш қалби мураббияашро чӣ дарди сангине фишурд. Он замон бо нолаю гиряи кӯдакӣ Лайлӣ барои худ ягона муттако апаи Мастонаро дониста, ғами дили кӯчакашро пеши ӯ ифшо мекард.
- Дунёи кӯдакон пур аз шодию ханда аст ва ҳар амалу ҳаракаташон ҷолибу ҷозиб мебошад. Вале бо гуноҳи бархе аз волидон, дар ҳавои олами беғаши тифлон сояи тираи ғам чодар меафканад. Дили кӯчаки онҳо ғаму дард ва мушкилии хонаводагиро бештар эҳсос мекунад ва то бас гуфтан шикаставу озурда мешаванд. Мутаассифона, на ҳар падару модар инро дарк мекунанд ва ба хотири фарзандон ба сахтиҳои зиндагӣ тоб меоранд. Ҷангу хархаша ва хушунати хонаводагӣ ба рӯҳияи кӯдак бетаъсир намемонад. Лаҳзаҳои муассиру аз хотир нозудудаам чеҳраи маъсуми ҳамон кӯдаконеанд, ки дар оилаашон осудаҳолӣ вуҷуд надошт. Ҳолати рӯҳии тифлакон бозгӯи зиндагии хонаводагии онҳост, ки ман онро дар чашмони ҳар кадоме аз онҳо ҳис мекунам, - иқрор меояд Мастона Раҷабова.
Боғча хонаи дуюми ман аст…
Ӯ ба ҳайси мураббия фаъолияташро аз кӯдакистони № 144 шаҳри Душанбе оғоз намуд. Пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ муддате ёрдамчии мураббияи ҳамин боғча, Шарофат Каримовна буд. Мавсуф, ки таҷрибаи комил дар пешааш дошт, бо усули кориаш дар интихоби касб ба Мастона роҳ кушод. Соли 1984 шавқу рағбати мураббия шудан ӯро довталаби омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе кард. Пас аз супурдани имтиҳоноти дохилшавӣ донишҷӯйи ин даргоҳи тадрису таълим гардид. Соҳибпеша шуд ва бозгашт ба кӯдакистоне, ки орзуҳояш он ҷо тавлид гашта буданд.
Баъдан бо гузашти муддате ба баҳра бурдан аз таҷрибаи рӯзгор ва такмили донишу маҳорати касбӣ талош намуд, то аз таҳсилоти олӣ бархӯрдор шавад. Аз ин хотир, шомили Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳам шуд. Муваффақ дар пеша гашт. Соҳиби ифтихорномаю тавсифномаҳо гардид. Соли 2009 дар озмуни «Мураббияи сол» мақоми шоистаро ба даст овард ва мушарраф ба унвони «Мураббияи беҳтарини сол» гашт.
Мастона Раҷабова айни ҳол дар ширхоргоҳ - кӯдакистони махсусгардондашудаи №154 - «Саломат» фаъолият дорад. Ӯ ин даргоҳро барои худ макони муқаддас медонад, зеро худ чунин иқрор аст:
- Боғчаи кӯдаконро хонаи дуюмам меҳисобам, зеро бо фариштаҳои пок ҳамнишин будан бароям лаззату фараҳ мебахшад. Дар хона ҳам фориғ аз корҳои рӯзгор барои шавқовар гузаштани машғулиятҳо омодагӣ мебинам, то ба кӯдакон чизи наверо пешниҳод кунам, завқи зебоипарастии онҳоро ба ин воситаҳо барангезам. Ман дар ин бахш беш аз 35 сол аст, ки фаъолият дорам ва гоҳе имрӯзу дирӯзи кӯдаконро муқоиса мекунам. Воқеан, дунёи кӯдаки муосир рангинтар аст, ҳисси даркашон қавитару эҳсосоташон хеле боло рафта. Ҳар рӯз чизи наверо, маълумоти ҷадид ва бо машғулияти тозае сарукор гирифтанро мехоҳад. Талаботи кӯдаки имрӯза мураббияи соҳибпешаро водор месозад, то ҷӯянда бошаду дорои истеъдоди баланди касбӣ, ки тавонад хостаи тифлро бароварда созад.
Истеъдодро дастгирӣ бояд кард
- Кӯдакро ба химчаи тар нисбат медиҳанд, ки ҳақ аст. Кор бо кӯдакон масъулияти зиёд ва истеъдоди баландро аз мураббия тақозо мекунад. Рӯҳияи онҳоро омӯхта тавонистан як нимаи фаъолияти мураббия мебошад, зеро ӯ бо рӯҳияи кӯдак сарукор мегирад, - мегӯяд ӯ.
Ба иқрори Мастона Раҷабова хоҳишу дастгирии волидон низ дар азхудкунии машғулиятҳо бояд назаррас бошад, зеро аксаран таълиму тарбияи кӯдакро рисолати мураббия ё омӯзгор дониста, фориғболӣ дар пешравии истеъдоди кӯдак мекунанд.
- Мутахассисон собит намудаанд, ки ҳар инсон бо истеъдодҳои зиёди фавқулода ба дунё меояд ва он истеъдодҳоро дар замири онҳо таҳрик бояд дод. Дарвоқеъ, ҳангоми машғулиятҳо бо тифлакон ман инро эҳсос мекунам. Якеро мебинам, ки дар олами афсона фурӯ меравад, дигаре ончунон суробсозӣ мекунад, ки гӯиё «муҳандиси» ҷаҳонӣ бошад. Расмкашию гулмонии онҳо дунёи дигареро барояшон ҳадя мекунад. Хуллас, инкишофи эҷодии кӯдакон дар вуҷуди онҳо аз хурдсолӣ ҳисси зебоипарастӣ, интихоби касб, муҳаббату самимият ба хонаводаю ватанро бедор менамояд, - мегӯяд мураббия.
Фарҷом
Суҳбати мо бо Мастона Раҷабова вақти хоби кӯдакон сурат гирифт. Ӯ ба соати деворӣ назар мекунад. «Вақти аз хоб хестани кӯдакон шуд», - гуфт ӯ. Аллакай аз хонаи хоб онҳо як-як, ду-ду берун мешуданд. Андешаҳояш пароканда гаштанд… Оғӯш ба сӯи фариштаҳо кушуд, то баҳрае аз олами онҳо бигирад.
Қутбияи Неъматулло