- Мо дар оила панҷ духтару чор писар будем. Модарам аз хурдӣ ба мо ҳунари гулдӯзиву қаламрезгӣ (қуроқдӯзӣ) - ро омӯзонд ва дар дили мо ишқи ҳунармандиро ҷо намуд. Ҳар рӯз борҳо такрор ба такрор ба мо таъкид мекард, ки ҳунар беҳ аз симу зар аст, – мегӯяд Садбарг Аҳмадова.
Модари Садбарг холаи Парчамоҳ ҳафтод сол дорад. Ӯ ҳоло ҳам дӯхтудӯз мекунад. Гулдӯзиҳову сӯзаниҳояш ҳуҷраҳои арӯсонро зеб медиҳанд ва қаламрезгиҳояш байни мардум шуҳратёр гардидаанд.
- Авлоди модарам ҳама бонувони чирадаст буданд. Вай аз модари худ ва мо аз ӯ ин ҳунарро омӯхтем. Ман чор духтар дорам ва онҳо низ ҳунарманданд. Ба қавле ин пешаи авлодии мост ва насл ба насл ҳамчун мерос таҳвил меёбад.
Садбарг баъди хатми мактаби миёна соли 1991 ба коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дохил мешавад ва пас аз хатми он нуҳ сол дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кор мекунад. Дар баробари ҳамширагӣ чокдӯзиашро низ фурӯ намегузорад. Аз аввал Садбарг гулдӯзиву чаканҳоро, ки рӯи онҳо модараш бо як маҳорати баланд нақшу нусха мерехт, бо сӯзану ришта ҷон бахшида, ба Душанбе равона мекард. Дар пойтахт апаҳояш, ки дукон доштанд, маҳсулоти ӯро ба фурӯш мебароварданд.
- Дар давоми кор дидам, ки аз ҳисоби савдои дастранҷ ба буҷети оилаамон даромади хуб ворид мешавад ва зиндагиямон ҳам рӯ ба беҳбудӣ меораду муштариён низ меафзоянд ва ҳар рӯз фармоиш зиёд шудан дорад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки дар ноҳия дукон кушоям ва мустақилона ба тиҷорат даст занам, - мегӯяд ӯ.
Дар баробари ҳунари доштааш ӯ аз хурдӣ дар дил касби тарроҳиро низ мепарварид. Ин дафъа Садбарг литсеи дӯзандагии рақами 33 шаҳри Душанберо хатм мекунаду нозукиҳои касби тарроҳиро пурра фаро мегирад. Акнун Садбарг дар дуконаш куртаҳои арӯсии аврупоӣ ва миллӣ ба фурӯш мебарорад.
-Барои як куртаи чакан ё арӯсии гулдӯзишуда як – яку ним моҳ вақт меравад. Заҳмати зиёд талаб мекунад. Дар ин кор ба ман духтаронам ёрӣ мерасонанд. Инчунин, дар мағоза мо чеҳраороӣ ва мӯйпероии арӯсонро ба роҳ мондем, ки дар он духтарони худам машғуланд, - мегӯяд Садбарг Аҳмадова.
Солҳои пеш сокинони ноҳия барои дастрас намудани сарулибоси арӯсӣ ба бозорҳои маркази вилоят ё шаҳри Душанбе сафар мекарданд. Акнун ин мушкили онҳо бартараф гардид. Мағозаи калони «Садбарг», ки дар бозори марказии ноҳия фаъолият мекунад, пурра ба фурӯши молу маҳсулоти ниёзи арӯсон равона гардидааст.
Духтарони Садбарг, мисле ки ӯ замоне аз модараш ҳунар омӯхт, аз модарашон ҳунар омӯхтанд. Духтари калонияш, ки дар шаҳри Ваҳдат ба сар мебарад, соҳиби дукони арӯсии худ мебошад. Ба замми гулдӯзиву чакандӯзӣ, ки дастӣ иҷро мешаванд, бо дастрас намудани таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ рӯи пероҳанҳои поранамуда, ба осонӣ попуридӯзӣ мекунанд.
Аъзои ин оила бо ҳунари дастони худ эҳтиёҷоти мардумро ба молу маҳсулоти тайёрнамудаашон таъмин намуда, аз ҳисоби савдои маҳсулот зиндагиашонро хуб пеш мебаранд.
- Ҳар як духтар бояд касбу ҳунар омӯзад. Зиндагиро вақте марду зан бо маслиҳати ҳам пеш мебаранд, баракат мекунад, - иқрор меояд Садбарг.
Бале, бо зинда гардондани гулҳои кашидашудаи модар дар гулдӯзиву чакан ҳунарҳои миллӣ ва қадимаи тоҷиконро тарғиб мекунад. Фарҳанги миллати куҳанбунёдамонро муаррифӣ менамояд. Садбарг ҳам ба масал сад барги ҳунари миллиро сабз андар сабз нигаҳ медорад.
«Бонувони Тоҷикистон»