Дар роҳ ба театр
Баъд аз суҳбати кӯтоҳ бо директори Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва инсони дилогоҳ дар бораи қаҳрамони навбатии худ иттилои на чандон зиёд доштам. Бароям хеле аҷиб буд, ки суҳбат чӣ гуна сурат мегирад, оё метавониста бошам чеҳраи ӯро ба хонандаи худ кушоям, аз қалби садафҳои андешааш марворидҳоро берун оварам? Ин дар ҳолест, ки новобаста ба ҷавонӣ, ба гуфти баъзе ҳамкоронаш, Шогун Давлатбекова шахси дамдузд аст ва дар бораи худ ҳарф заданро дӯст намедорад.
Ғайриинтизор маро духтари хеле зебою кушодачеҳра ва мусоҳиби хубе истиқбол мекунад. Баъд аз чанде фикр мекунам, ки ӯро сад сол боз мешиносам, суҳбат гарму самимӣ сурат мегирад. Бори дигар ҳунарпешаеро мебинам, ки новобаста ба ҷавонӣ тамоми тору пуди худро ба театр бахшидааст. Субҳу шоми ӯ идомаи ҳаманд. Ба кор меояд, нақши навбатиро мегирад ва вақте шаб ба хона бармегардад, дигар ӯ Шогун нест, барои чанд муддат дар нақши Мария ё Гулсун, Люся ё Харгӯшак фурӯ меравад, мисли онҳо меандешаду мезияд, нафас мекашаду либос мепӯшад. Ҳатто баъд аз гузаштани нахустнамоиш боз муддате дар ҳамон образ мемонад, мисли ворид шудан, берун шудан аз нақш низ чандон кори саҳлу осон нест.
Шогун Давлатбекова 23 июли соли 1989 дар рустои Мидени Ҷамоати деҳоти Поршневи Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 2007 баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба номи Шириншоҳ Шоҳтемуров ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад. Аз солҳои аввали донишҷӯӣ дар театри «Аҳорун» ва ҷавонон кор мекард. Аз соли 2013 то имрӯз ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов мебошад. Новобаста ба ҷавонӣ зиёда аз 20 нақш, аз ҷумла нақши Марияро дар намоишномаи «Иштибоҳ», асари А. Камю, коргардон Нозим Меликов, нақши Асал дар намоишномаи «Сареву савдое», муаллиф Мар Байҷиев, коргардон Шавқат Халилов, нақши Шаҳло Раҷабовна дар намоишномаи «Туҳфа аз муҳоҷират» аз рӯи асари Шодӣ Солеҳов, нақши Люся аз намоишномаи «Қаториҳо», асари Дударев, коргардон Н. Меликов, нақши Гулсун дар намоишномаи «Ашки хунини модар», асари Ҳусайнов, коргардон Бердӣ Мингбоев ва ғайраҳоро офаридааст.
Мехостам раққоса шавам
«Вақте ба донишкада омадам, ростӣ, дар бораи санъати ҳунармандӣ кам иттилоъ доштам. Мехостам раққоса шавам, зеро рақсро хеле дӯст медоштам. Дар донишкада ба ман гуфтанд, ки факултаҳои китобдорӣ, журналистика, ҳунармандӣ ҳуҷҷат қабул мекунанд. Ба худ гуфтам, ки «хеле хуб, ҳунарпеша мешавам ва дар синамо кор хоҳам кард». Он вақт дар бораи ин касб аз китобҳо маълумот доштаму халос. Ҳини ҳуҷҷат супурдан, устод Қурбон Собиров, ки он вақт мудирии кафедраро бар уҳда доштанд, гуфтанд, ки қади ман паст асту ҳунарпеша бояд болобаланд бошад. Қаҳрам омаду гиристам. Устод хандиданду маро барои ҳуҷҷатсупорӣ раҳнамоӣ карданд. Аз байни 720 довталаб ду нафар аз иншо баҳои аъло гирифтем, аз ихтисос бошад, чор гирифтаму донишҷӯ шудам», – ёдовар мешавад мусоҳибам қадамҳои аввали худро.
Дар бораи муҳити эҷодӣ
– Дар бораи муҳити театр ва синамо сару садоҳо зиёданд. Гӯиё ҳунармандон ба якдигар мушкил эҷод мекунанд, аз пушти ҳам ҳарфҳои носазо мегӯянд, аз пешрафти кори ҳампеша бадашон меояд ва ғайраву ҳоказо. Аммо ман, ки бо дастгирии устод Раҷабгул Қосимова аз курси савум ба ин театр ба кор омадам, то имрӯз муҳити эҷодии хубу созандаеро мебинам. Ҳангоми омода кардани намоишнома хурду бузург аз як гиребон сар мебароранд. Ба якдигар дасти ёрӣ дароз менамоянд. То имрӯз фақат аз ҷониби ҳамкорон дастгирӣ дидаам. Ба ман то ҳанӯз чун ҳампешаи ба худ баробар муносибат мекунанд. Он вақт ман ҷавонтарин ҳунарпешаи театр будам. Дастгирии устодон ва ҳамкорон ба ман имкон медиҳад, ки касби худро бештар дӯст дораму азхуд кунам. Маъмулан ҳунарпешаҳои донишҷӯ ва ҷавонро дар нақшҳои лаҳзавӣ истифода мебаранд. Ман бошам, корро дар театр аз нақши Мария, асари нависандаи маъруф А. Камю шурӯъ намудам, ки ин нишонаи дастгирии устодон ва ҳамкорони соҳибтаҷриба мебошад. Аз уҳдаи иҷрои нақши Мария набаромадам ва вақте устод Нозим Меликов маро сарзаниш намуд, қаҳр кардам. (Яке аз сифатҳои манфии ман ҳамин қаҳр кардан аст, мегӯяд ҳамсуҳбатам хандида). Муаллима Моҳпайкар Ёрова маро рӯҳбаланд намуд ва таъкид кард, ки баъди аз ин қадар роҳи дур омадан, бояд номус карду заҳмат кашид. То имрӯз ин панди устод дар ёди ман аст, – мегӯяд Шогун.
Театр тарбия мекунад
Аз мусоҳибам суол мекунам, ки имрӯз театри тоҷик ба як ҳунарпешаи ҷавон чӣ дода метавонад? «Театр тарбия мекунад, роҳнамо аст ва барои шахси ҷӯянда мисли як махзан аст,махзани таҷриба ва илм. Барои ман мисли хонавода аст. Ҳар рӯз чизе меомӯзонад, дар ҷараёни кор ҳамчун санъаткор рушд меёбам, нон мехӯрам. Ман, агар бигӯям, ки дар ҳамин театр калон шудам, иштибоҳ намешавад. Театрро дӯст медорам ва бе он худро тасаввур карда наметавонам. Имрӯз театри тоҷик мисли дигар соҳаҳо мушкил дорад. Тамошобин ба театр камтар меояд. Заҳмати ҳунарпеша аз ҷониби бинанда пурра қадр намешавад. Баъзан ба намоиш 4 ё 10 нафар меояд. Ин тарзи муносибат хуб нест, аммо мо, ҳунармандон, барои ҳамон 4 нафар бинандаи худ намоишро ба саҳна мегузорем. Мушкилиҳо мегузаранд ва рӯзе театри тоҷик пур аз бинанда хоҳад шуд. Ба ин ман бовар дорам», – посух медиҳад ҳунарпешаи ҷавон.
Мазҳакаро дӯст дорад
Ӯ бозидани ҳама гуна нақшро дӯст медорад. Аммо дар намоишномаҳои мазҳакавӣ нақш доштанро махсус дӯст дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки нақши нахустинаш дар театр фоҷиавӣ буд ва барояш хеле мушкил эҷод кард. Ба андешааш ин жанр ба ҳунарпеша имкон медиҳад, ки бештар худро дар саҳна кушояд. Вале, дар баробари ин, на ҳар ҳунарпеша аз уҳдаи иҷро кардани чунин нақшҳо мебарояд. Бинандаҳои театр нақши Ча- Ча-Ча-ро аз намоишномаи «Саргузашти се бузича», нақши Заргӯшакро аз намоишномаи «Заргӯши доно», нақши Харгӯшакро аз намоишномаи «Харгӯши бодича» хуб дар ёд доранд, ки Шогун Давлатбекова онҳоро хеле дилписанд иҷро кардааст.
Дар бораи театр
Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон 27 декабри соли 1971 бори аввал пардаи худро ба рӯи тамошобинон боз кардааст.
Соли 1977 театр барои таҳияи намоишҳои беҳтарин сазовори ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон гардид.
Соли 1978 ба театр номи ҳунарманди маҳбуби халқи тоҷик шодравон Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шуд.
Дар театр 10 ҳунарпешаи халқӣ, 6 ҳунарпешаи шоиста, 1 барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ, 2 барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва 20 Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Баъд аз кор
Шогун барои омода кардани як нақш ҳафтаҳову моҳҳо заҳмат мекашад ва вақте тамошобин каф мекӯбад, дар як лаҳза хастагии ӯ рафъ мешавад. Вақте дар лаби тамошобин ханда ва ё дар чашмони бинанда ашкро мебинад, он қадр хушҳол ва сабз мегардад, ки барои баёнаш ҳарф намеёбад. Ба даст овардани дили бинанда ҳадафи ӯ қарор гирифтааст. Барои тамошобин заҳмат мекашаду дидани қаноатмандӣ дар симои ӯ беҳтарин ҳадя ва подош барояш мебошад.
Ҳамзамон, тамошобинони доимии Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов низ ба ин ҳунарпешаи боистеъдод, ҷавон ва сарсупурда дил бастаанд. Новобаста ба нақш, хоҳ он марказӣ бошаду хоҳ лаҳзавӣ, онро аз дилу ҷон мебозад. Бо ширкати худ Шогун ба намоишнома ҳусни дигаре зам месозад. Ба ҳамин хотир, қадрдони бинанда шудааст ва новобаста ба ҷавонӣ дар дили ҳамкорону тамошобинон ҷои худро дорад. Барои муваффақ шудан дар театр ҳунарпеша бояд заҳмати зиёд бикашад ва ин ҷода пур аз фарозу нишеб аст.
P.S: Вақти омода намудани матлаб ба мо хабар расид, ки Шогун Давлатбекова дар Соли ҷавонон бо Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Мо ӯро бо ин ҷоизаи арзишманд табрик гуфта, таманно менамоем, ки минбаъд бо заҳмати ҳалоли худ сазовори дигар ҷоизаву мукофотҳои давлатӣ гардад.
Эмомалӣ Сайидамирзод