Дар масоҳати начандон зиёди замин хонаи орзуҳои Азза ва ҳамсари донишмандаш Муҳаббат Қаноат бунёд ёфтааст. Ин хона амсоли бисёре аз кӯшку қасрҳои муҳташами Душанбе ороиши зоҳирӣ надорад: на ҳавзи об дораду на фарши мармар, на дарвозаи тилисмӣ. Аммо даруни он пур аз ганҷ аст. Шаҳраки хурдест андаруни шаҳри бузург ва сокинонаш ҳам афроди маъмулӣ, на б? о либосҳои муфаррах, аз ҷумлаи ҷомаҳои зарбофту алмосӣ, балки пӯшида бо пероҳанҳои табаррукӣ аз инсонҳои боиззат ва маъруфи ин шаҳри бузург. Шаҳрдори ин мулк ё шаҳри ишқ Аззаи гиромист, меҳмони азизе, ки ин ҷо мондагор шудааст ва барои ин шаҳр таърих месозад. Шаҳрдорест боғурур, вале орӣ аз такаббур. Ҳамсони сокинони қалъаи хеш хоксор аст, балки як бандаи хокист.
Аз ӯ мепурсам, ки чаро ҳама қаҳрамононаш прототипи инсонҳои одӣ ҳастанд, аз донишомӯз сар карда то кадбонуи хона ва чаро хамоса намеофарад, қаҳрамонҳои хамосаиро зинда намекунад? Бо оҳанге маҳин ва хеле қарин ба гӯшам садояш навозиш меорад:
– Ман инҳоро бо ишқ ва муҳаббати инсонӣ месозам. Вақте ҳарфи суд ва пулу шуҳрат дар миён бошад, ҳеч чизе сохта намешавад.
Як навъе аз арӯсакони сохтаашро, ки мегӯяд, бо муҳаббат танҳо дар як дили шаб чанде аз инҳоро рӯю мӯй бахшидааст, бароям ҳадя медиҳад.
Духтараки наврасест, ки бо либосҳои мактабии шӯравӣ пероста шудаву ду гесуяш бофтаву ба ду сӯи шонааш партофта шудааст. Дар бораи ҷузъиёти сарулибосу мӯю рӯйи ин халлоқияташ бароям қисса мекунаду аз қаъри чашмонаш муҳаббати беандозае медурахшад, ки ин чашмони лабрез аз шарари ишқ мехоҳанд бигӯянд, мо пазмони инсони хокием. Пазмони инсоне, ки чун асри мошин дар шитоб нестанд ва ҳама кору борашон як танзим дорад. Бароям тавсия медиҳад, ки метавонам, як галстуки пешоҳангӣ (пионерӣ) бар гардани ин арӯсак биовезам ва ё як нишони октябрят ё пионерро аз интернет пайдову нусхабардорӣ ва сари синааш насб кунам. Боз таъкид мекунад, «аз тарафи қалбаш нишонро бичаспон, қисмати аслии тамоми арӯсакҳои манро қалб ташкил медиҳад, ҳамаи арӯсакҳои ман бо қалб сохта шудаанд!».
Ӯ мехоҳад, қалбҳоро дубора ба тапиш оварад ва дубора дар ин қалбҳо меҳри инсонро ҷо бисозад. Балки мехоҳад ИНСОН бисозад! Кореро аз ман дархост мекунад, балки ба ман ташвиқ мекунад, ки ман аслан ҳавсалаи онро надорам.
Арӯсакашро хона меоварам, аммо наметавонам мисли як чизи маъмулӣ сӯе ҳаво бидиҳам. Таъкидаш ёдам мерасад, ки ин арӯсак қалб низ дорад… Онро рӯи мизи корӣ, дар диёргӣ гузоштаам, паҳлуи соат, ки тиқ-тиқи соат маро бар ёди қалбҳои дар тапиши дунёи сохтаи Азза мебарад.
Азза танҳо бо арӯсак сохтан қаноат надорад, балки барои арӯсакҳои беҷон, аммо дорои қалби хеш, бӯстонсарое муаттар аз мушки баргу гул бунёд кардааст. Гулҳои нодиреро аз меҳмонҳои олиқадр, аз Аврупо то Осиё ба армуғон дорад ва дар боғчааш кишт кардааст. Дуруст аст, ки на ба зебоии порки шоҳон пероста шудааст, зеро он сармоя кор дорад, аммо дар тавони хеш ин зебоиҳои табиатро бар боғчааш эҳё кардааст. Танҳо чашми зебобин ва ботиншинос лозим аст, ки ба умқи ин ҳаёта назар афканад ва ин назокатро эҳсос созад.
Дар ошёнаи болои ин қалъаи сеҳрнок китобхонае бо дороии 5 ҳазор нусха китоб ҷой дорад. Аз ёри азизи Аззабону ва соҳиби ин китобхона муаллим Муҳаббат Қаноат мепурсам, ки оё ҳамаи ин китобҳоро мутолиа кардааст? Бо хоксорӣ ва фурӯтанӣ посухам медиҳад: «Бархеро варақ задаам, аммо бештарашро чандин бор баргашта хондаам». Бо вуҷуди маризӣ ва солмандӣ ҳанӯз ҳам даст аз мутолиа барнадоштааст. Китобе бузургҳаҷми порсӣ рӯи мизаш мунтазири хондан аст: «Риёзидонҳои бузурги дунё»…
Аммо ҳоло бармегардем ба дунёи ҳунари Аззабону. Муҳаббати беандозаи Аззаи осетин бо ҷавони тоҷик боис шудааст, ки фарҳанги ду мардуми осетин ва тоҷик бо дастони моҳири ӯ дар симои арӯсакҳо таҷассум ёбанд. Бонувони чаканпӯш, ҷавонмардони боғурур, кӯдакони дӯстдоштанӣ аз образҳои барҷастаи офаридаи ӯянд.
20-уми майи соли ҷорӣ Аззабону бароям занг зад ва гуфт, бисёр мариз аст ва хоҳиш кард, то ҳадяи ӯро ба Муъминшо (устод Муъмин Қаноат) дар рӯзи таваллудаш бирасонем. Фарзандонам ин ҳадяро ба устод расонданд ва аксҳое ҳам ба ёдгор гирифтанд. Аззахонум қаҳрамони шеъри устод «Қуи сафеди ман»- ро офарида буд. Рақси қуи Малика Собироваро, ки аз офаридаҳои хоси ӯст, ки гӯйи ҳамин ҳоло қу дар ҳоли парвоз аст.
Як вижагии арӯсакҳои сохтаи Азза дар он аст, ки ӯ барои арӯсакҳояш аз матоъҳои махсус, ба қавле аз шахсони табаррук, либосу абзор таҳия мекунад. Дар яке аз тикаи ҷомаи Акашариф Ҷӯраев либос дӯхтаву барои дигаре аз сандуқи Барно Исҳоқова пероҳан интихоб кардааст. Азза мегӯяд, бо ин кор мехоҳад, хотираи бузургон ва чеҳраҳои мондагорро аз нав зинда кунад. Ӯ хотираи гузаштагонро дар арӯсакҳояш таҷассум месозад.
Арӯсакҳои сохтаи Азза то ҳол дар чандин намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Меҳмонони зиёде аз хориҷ аз намоишгоҳи арӯсакҳои Азза дидан кардаанд. Аммо Аззабону мехоҳад, ин ҳунари худро барои донишомӯзону донишҷӯёни макотиби ҳунарӣ низ биомӯзонад. Ӯ бо ҳасрат мегӯяд: «Кош касе аз масъулони фарҳангӣ ва омӯзишии кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳ кунад ва ин фурсат даст диҳад, то ӯ ҳунари худро ба шогирдон ба мерос гузорад».
Дарвоқеъ, Тоҷикистон барномаи рушди сайёҳиро дар ҳоли амалӣ кардан аст ва маҳз саноеи дастӣ ва ҳунарӣ дар ин арса зиёд лозим аст. Аз ин рӯ, вақти он аст, ки барои рушди саноеи дастӣ ва ҳунарӣ, ба хусус ба халлоқиятҳои ватанӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир шавад.
Ва бидуни шак, арӯсакҳои сохтаи Аззабону метавонанд намоде аз ин гуна ҳунарҳои дастӣ бошанд.
Адолати Мирзо,
махсус барои «Бонувони Тоҷикистон»