Фестивал бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»,Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 25-умин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ро-ҳандозӣ гардидааст.
Пеш аз оғози Фестивал китоби «Ҷавонон- пайрави Эмомалӣ Раҳмон» ба намоиш гузошта шуд,ки 74 мақолаи мансуб ба қалами олимони ҷавони Тоҷикистонро оид ба дастуру ҳидоят ва ғамхориҳои Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фаро мегирад.Маҷмуа бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистон таҳия ва бо дастгирии бевоситаи Роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб нашр гардида, армуғони хубе барои олимони ҷавони Тоҷикистон аст.
Дар оғози Фестивал ба даҳ нафар олимони ҷавон:
Мародмамадова Некбахт Гадомамадовна (25.01.1983)
Амонов Шаҳриёр Шодиевич (08.03.1985)
Исматов Амриддин Қурбонович (12.11.1988)
КаримзадаБахтовар Ҷанговарович (11.06.1986)
Раҷабов Шуҳрат Холмуродович (22.11.1985)
Сайфудинов Фирӯз Шарофидинович (02.05.1992)
Файзуллоев Эркин Фатҳуллоевич (12.02.1986)
Холов Шарафҷон Исҳоқҷонович (19.08.1988)
Самандаров Насрулло (14.02.1986)
Абдунабиев Фирӯз(19.07.1989)
дар соҳаи илмҳои дақиқ, тиб, бунёдӣ ва техникӣ ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардидаанд,аз тарафи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо диплом ва туҳфаҳои арзишманди молӣ қадршиносӣ шуданд.
Фестивал бо мақсади мукаммал намудани захираи кадрӣ баҳри рушди ояндаи ҳунару фарҳанги касбии Тоҷикистон,ташаккул додани нерӯи эҷодӣ,дарёфти чеҳраҳои нави ромишгарону овозхонҳо ва оҳанг со- зон,ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ доир гардид.
Чорабинии нахустин дар доираи Фестивал рӯзи 7-уми октябри соли 2017 дар толори Театри вилоятии мусиқи-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон сурат гирифт,ки 25 номгӯйи барномаи ҳунариро ба таркиб дошт,ки беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар вилояти Суғд маъракаи мазкур 14-уми октябр воқеъ шуд, ки 28 барномаи ҳунариро дар бар мегирифт.
Дар шаҳри Душанбе хонандагону донишҷӯёни мактабу коллеҷҳои махсуси бачагонаи мусиқӣ,санъат ва фарҳанг аз рӯи 38 барномаи ҳунарӣ маҳорати касбии худро намоиш доданд.
Даври минтақавии Фестивал дар ноҳияи Рашт рӯзи 28-уми октябр бо фарогирии 20 барномаи ҳунарӣ сурат гирифт. Чунин чорабиниҳо дар мактабҳои мусиқии ВМКБ низ баргузор гардида буд.
Ба иқрори иштирокчиён маҳз бо шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Соли ҷавонон» мо аз ҷавонӣ бо шукру сипоси беҳад тараннум аз фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ менамоем.
Ғолибони Фестивал бо диплому сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.
А. Фарзона