Агар аз зовияи дигар ҳам ба ин ҷашни миллӣ назар афканем, рӯшан мегардад, ки воқеан идомаи зиндагии як минақа ҳамеша бастагӣ ба заҳмати кишоварзон ва ҳосили замин дорад. Шудгор кардани замин, коштани дона ва нарм сохтани решаи дарахтон дар баҳор танҳо як ҷанбаро ташкил медиҳад.
Бо фароҳам омадани ҳавои хубу созгор заҳмати кишоварзон натиҷаи хуб ба бор меоварад ва фасли поиз дастархони мардум бо ғизоҳои гуногун, сабзавот ва меваҳои ширину хушмазза ороста мегардад. Бо бад шудани ҳаво, ба хусус камбориш ё хушксолӣ омадан, фасли тирамоҳ ба хонаи мардум шодиву нишот нахоҳад овард, зеро онҳо хуб медонанд, ки оқибати ин хушксолӣ гуруснагӣ ва мушкилоти зиёду сангин хоҳад буд. Илова бар ин, маъмулан хушксолӣ бо худ бемориҳои зиёд ва фавту мириш низ ҳамроҳ дорад.
Ба ҳамин хотир, ниёкони мо дар баробари Наврӯз, яъне соли нав расидани ҷашни Меҳргонро ҳамеша интизор мешуданд ва бо серҳосил шудани сол иди бузурге баргузор менамуданд ва аз ҳар роҳ сипосу шукргузории хешро бар Парвардигор изҳор медоштанд. Созмон додани гӯштингирӣ, бузкашӣ, баргузор намудани намоишҳои кишоварзӣ ва рақсу суруд рукнҳои муҳими ҷашни Меҳргон маҳсуб мегарданд.
Новобаста ба тағйир хӯрдани сохтҳои ҷамъиятӣ, лашкаркашии аҷнабиён, дигар шудани дину мазҳабҳо ин ҷашни миллии тоҷикон тӯли қарнҳо дар зеҳну қалби мардуми ориёинажод зинда монд ва ҳар насл онро ба насли баъдӣ ба мерос гузошт.
Дидани ҳашамату зебоии ҷашну маъракаҳои мардуми ориёӣ дигар қабоил ва мардумро ба худ мафтун кард ва онҳо низ ба тадриҷ бо ҷамъ овардани ҳосил ва ғундоштани меваю сазавот, дар баробари мардуми тоҷик ҷашн меоростанд ва барои шукӯҳу шаҳомат бахшидан ба он, дигар миллату халқиятҳоро даъват месохтанд. Натиҷа ҳамин шуд, ки ҷашни Меҳргони тоҷикҳо дар давоми асрҳо бо номҳои гуногун дар дигар минтақаҳо ва ҳатто қораҳо густариш ёфт ва таҷлил мегардад.
Тайи чанд соли ахир бо ибтикори шаҳрдории Душанбе дар фасли поиз дар рӯзҳои истироҳат дар тамоми боғу майдонҳои бошукӯҳи пойтахт Меҳргон ҷашн гирифта мешавад. Барои гуворотару зеботар баргузор гардидани он масъулин чораҳои зарурӣ андешидаанд. Дар баробари баргузор намудани намоишгоҳҳо дар боғҳову майдонҳои пойтахт консерту барномаҳои дигари фарҳангиву фароғатӣ низ доир мегарданд.
Ҳамчунин дар паҳнои ин ҷашни зебову қадима дар аксар ноҳияву шаҳрҳои ҷумҳурӣ маъракаҳои майдондорӣ созмон дода мешаванд ва ба ин сабқатҳои гӯштӣ паҳлавонон на танҳо аз тамоми гӯшаву канори кишвар, балки аз ҳамсоякишварҳо низ даъват мешаванд, ки ин ба Меҳргон шукӯҳу шаҳомати тоза зам менамояд.
Чашни Меҳргонро ба хонандагони арҷманди сомонаи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» табрик мегӯем ва таманно дорем, ки ҳамеша барояшон хуҷаста бошад ва дастархони мардум доим пур аз нозу неъмат. Меҳргон хуҷаста бод!
Эмомалӣ Сайидамирзод