Айёми наврасии Таҳмина ба солҳое рост омад, ки либосҳои шинами миллиро торафт мӯди нав -доман (юбка), доманча (миниюбка) ва ҷинс танг мекарданд. Мавҷи сарбурида намудани дарахтони мевадори ҷойдорӣ ва ба навдаҳо пайванд додани «навъҳои серҳосил» низ дар ин давра ба авҷи аъло расида, боғдорон бидуни маслиҳати мутахассисон, мисле ки ҳамсоя аз ҳамсоя панд мегирифтанд. Коҳиши арзиши фарҳанги либоспӯшӣ дар ҷомеа сару садоҳоро бармеангехт, аммо нисбат ба тақдири боғпарварӣ ҳарфу ҳиҷое ба гӯш намехӯрд. Дарахтони мевадори шаҳдбори маҳаллӣ гӯё дар пеши навъҳои серҳосили зебо сар хам карда буданду сокинон шохаҳояшонро бебаркашу бераҳмона бурида, ба қавле «дурага» менамуданд. Хатари нобудшавии навъҳои нодири рустаниҳои маҳаллӣ боғистонҳоро таҳдид мекард.
Дар пуштаи назди хонаи Таҳмина зардолуи махмурӣ,ки мевааш то сардиҳо дар шох меистод (махмуринош), нашъунамо дошту вай ҳамеша аз меваҳои аз навозиши бод рӯйи сабза рехтаи хуштаъму қандинаш доман-доман мечиду баҳра мебурд. Зардолу донакҳои майда дошт, вале аз пурборӣ шохаҳояш то замин мерасиданд. Як саҳари поиз зардолуро шохбурида дарёфт. Касе зардолуро бо далели навда кардану пайванд додани он бо навъи зардолуи донакдори калонтар барои ҳезум бурида буд. Аз дидани ҳоли зардолуи дӯстдоштааш хеле ғамзада шуд, бар дилаш захми табарро эҳсос кард.Ту гуфтӣ дарахти зардолу ӯро дидан замон имдодталабона забон кушуд:
Нолаи ман мегудозад оҳане, оҳане, ки мебурад шохи мане.
-Бале духтарам, тарзи муоширату либоспӯшӣ дигар мешаванд. Дар гирду атрофамон ноаён табиат ҳам тағйир меёбад, вале одамон дигаргуншавии табиатро камтар эҳсос мекунанд. Муносибати ғайриоқилона ба сарватҳои табиӣ ба ҷойи фоида фақат зарар меорад. Мо дар боғамон дарахтони нав мешинонем, вале ба дарахтони меваамон кордор намешавем ва онҳоро ҳифз мекунем, - гуфт падар аз асли воқеа воқиф гардида.
Дар пайи ин гуфтугӯ Таҳмина тасмим гирифт, то омӯзиши наботот ва ҳифозати онро мақсади хеш қарор диҳад. Ба ин хотир аз раъяш дар мавриди пизишк шудан гашту ба факултаи биологии Донишгоҳи давлатии шаҳри Душанбе ҳуҷҷат супурд. Бо хатми бомуваффақияти донишгоҳ дар соли 1985 Т. Саодатқадамова фаъолияташро ба ҳайси лаборант ва ассистент дар Донишкадаи педагогии ба номи Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) оғоз намуда, сипас корҳои илмӣ ва татқиқотиашро ба ҳайси корманди илмии лабораторияи мевапарварӣ дар шароити баландкӯҳии Институти биологии Помир ва дотсенти кафедраи биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ идома дод. Дар мавзӯи «Хусусиятҳои морфобиологии зардолуи Помири Ғарбӣ» рисолаи номзадии илмро дифоъ намуд. Муҳаққиқ бо нигаронӣ аз таҳдиди омилҳои инсонӣ ва тағйирёбии иқлим ба генофонди рустаниҳои эндемикӣ талоши зумрае аз олимон, ба мисли Х. Юсуфбеков, О. Ақназаров, А. Фелалиев ва О. Шоҳхумороваро муваффақона идома дода, афкори оммаро ба зарурати муҳофизати рустаниҳои нодир ҷалб намуд. Ба олимон муяссар шуд,ки аз нестшавии рустаниҳои нодир ҷилавгирӣ намуда, баъзе навъҳоеро, ки таҳти таҳдиди пурраи нестшавӣ қарор доштанд, бо роҳи селексиякунонӣ барқарор ва ҳифз намоянд. Дар монографияи «Зардолуи Помири Ғарбӣ»-и муҳаққиқ хусусиятҳои морфо-биологии дарахтони донакдори мевадор ва роҳҳои ҳифозати онҳо аз лиҳози илмӣ асоснок гардиданд.
Вақте зардолу гул мекунад…
Зардолу пас аз тут дувумин дарахти мевадорест, ки ба таври фаровон дар боғҳои сокинони Бадахшон дучор меояд. Бар пояи таҳқиқот дар Бадахшон як намуди зардолуи муқаррарӣ бо 300 шакли он мерӯяд. Минтақа барои парвариши зардолу мусоид буда, навъҳои маҳаллӣ ва интродусентӣ низ дар ин ҷо дар масоҳати зиёд паҳн шудаанд.
-Дар Чин зардолу ҳанӯз пештар аз 2000 сол маълум буд, вале аз лиҳози сабзиши дарахту ҳосили он ва таъми гуворову намуди зебои мева зардолу маҳз дар Тоҷикистон ватани аслии хешро пайдо намудааст,- мегӯяд муҳаққиқ. Ба Юнон зардолу тавассути Арманистон афтод ва аз ин рӯ дар он ҷо муддати зиёд дар корҳои илмӣ чун себи арманӣ ёд мешуд. Бисёре аз олимони Осиёи Марказӣ Тоҷикистонро макони паҳншавии ин дарахт ба Қафқоз ва соири кишварҳои Аврупо медонанд. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳудуди паҳншавии зардолу васеъ аст, вале зардолузори кулли дунё масоҳати маҳдуд - ҳамагӣ 350 ҳазор гектарро дар бар мегирад. Дар Тоҷикистон зардолу дар водиҳо ва ҳамчунин дар минтақаи Зарафшон дар баландии 2 ҳазор метр ва дар Помир дар баландии 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ва аз он ҳам баландтар мерӯяд.
Зардолу на ф?ақат чун маводи серғизои истеъмолӣ, балки бо хусусиятҳои шифоиаш талабгори зиёд дорад. Истеъмоли он барои камхунӣ, таъмини муътадили кори дил ва рафъи дигар бемориҳо нофеъ аст. Таҳқиқҳо нишон доданд, ки дар таркиби зардолуҳои маҳаллӣ таносуби кислотаи аскорбин ва қанд баробар ва назар ба навъҳои дигар зардолу ба маротиб зиёд буда, мавҷудияти бештари моддаҳои фаъоли биологӣ ба таъсири нурҳои ултрабунафш ба рустаниҳо ва дар тӯли ҳазорсолаҳо инкишоф ёфтанашон дар шароити иқлими баландкӯҳӣ вобаста мебошад. Дар Бадахшон ҳамчунин як намуди себ бо 240 шакл ва 13 шакли нок мерӯянд, ки баъзеашон дар дигар минтақаҳо дучор намеоянд. Рустаниҳои ҷойдорӣ ба дигаргуншавии иқлим ва ҳар гуна бемориҳо тобовар буда, бо роҳи таҷрибавӣ ба вуҷуд овардани навъҳои тобовари рустаниҳо мусоидат мекунанд.
Таҳмина аз он ифтихор дорад, ки факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз лиҳози тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ дар қатори беҳтарин бахшҳои марбутаи макотиби олии ҷумҳурӣ шинохта шудааст. Корҳои илмии устодони донишгоҳ ҷанбаъҳои васеътарро фаро мегиранд ва айни ҳол дар ин боргоҳи дониш 9 доктор ва 50 номзади илм фаъолият доранд. Шумораи зиёди олимонро занон ташкил медиҳанд. Дар соли нави таҳсил шумораи докторон боз як нафар афзуд. Устодону донишҷӯён олимаи ҷавон Сафина Абодуллоеваро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи докторӣ табрик гуфтанд.
Таҳмина як сол дар донишгоҳи Залтсбурги Австрия донишашро дар соҳаи геоинформатика такмил дод. Устодону таҷрибаомӯзони ин донишгоҳ имконият доранд бо истифода аз техникаи кайҳонӣ ва компютер аз ҳуҷраи дарсиашон дилхоҳ нуқтаи сайёраро мушоҳида кунанд, дараҷаи дастрасӣ ба обу боришот, таркиби хок ва имкониятҳои ҳосилнокии ин қитъаи заминро омӯзанд ва муайян кунанд.
- Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди маориф ва илм диққати ҷиддӣ медиҳад ва бовар дорам, ки насли хушбахти наврасу ҷавон бо корбурди дастовардҳои фановарии муосир дар омӯзиш ва ҳифзи табиати рангоранги афсонавии кишварамон, ки сарвати бебаҳост, ҳиссаи сазовор мегузорад. Маҳв шудани ҳатто як намуди наботот фоҷиа барои табиат ва инсоният аст, -мегӯяд Т. Саодатқадамова.
Таҳмина ифтихор дорад, ки соли 2015 дар қатори олимони навовар ба ҷоизаи президентӣ дар соҳаи маориф ва илм мушарраф гардида, онро чун нишонаи қадршиносии аҳли илм ва натиҷаи пажӯҳишҳои олимони соҳаи биология аз ҷониби роҳбарияти давлат арзёбӣ мекунад.
Ш. Мирзоҷалол