Чанде пеш дар тамоми нуқтаҳои маъмурию хиттаҳои ҷуғрофии Тоҷикистон мардуми сарбаланду шарафманди мо 26-умин солҷашни Истиқлолияти давлатии хешро дар фазои сулҳу суботу осоиш ва ифтихору нозиш бархӯрдор аз меваи ширини шаҳдбори озодию ободӣ мутантану муҷалло таҷлил намуданд. Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар баробари маъракаҳои муҳташами мамлакати муқаддаси мо мақому мартабаи махсус дорад, чаро ки он меҳану миллати муътабари тоҷикро матонату мадор бахшид, осоишу қарор бахшид, сулҳу ваҳдати устувор бахшид, шукуфоиву зиннати фасли баҳор бахшид, марзу мазрааи кишту кор бахшид, ташаббусу тараддудҳо дар кушоду кушоиши кор бахшид, Пешвои ҷонфидои давлатмадори мардумсолор бахшид. Дар баробари ҷашнвораҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Рӯзи забон идворае низ ҳаст, ки хутути хиттабандиҳои маъмурӣ ва маҳдудаҳою масдудаҳои марзиро намешинохту намешиносад.Чаро ки вусъати қаламрави вилоят доштани онро ба фарсангҳову фарсахҳо намешавад андоза карду чен. Зарфияти забони ноби тоҷикӣ беинтиҳосту бекарон. Аз баракати ҳамин забон Абуабдуллоҳи Рӯдакии суханпарвари соҳибқирони тоҷикро дар тамоми ҷаҳон унвони ифтихории Одамушшуаро афрӯзаи таърихии номаш шуд. Ба хотири ҳамин забон садҳо тан шоирони даврони пешини тоҷик ҷабру ҷафои ҷонкоҳи сарнавишти талхи худро таҳаммул карданд, то аз лафзи модарии хеш наафтанд. Зимнан, чун миллати мо дар дунё, нек агар бингарем, эҳтимол ҳич кадом халқу мардуми дигар гӯишу лафзи худро эътибори модарӣ надодааст. Бо истифода аз ин забони нажодии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хитобаи наҷотбахши миллати гирифтори ҷангу ҷӯши бародаркуши хонумонсӯзро бад-ин осо рақам зад: «Ман ба шумо сулҳ меорам!». Акси садои ин иқрори ватанхоҳона садди сарҳадҳоро бишкаста, то ба гӯши гурезаҳои иҷбории тоҷик, ки дар кӯйи ғарибию ғурбат ба сар мебурданд, чун ояи боҳамӣ расид. Аз ин вожаҳои самимии саршори садоқат ба меҳану миллати Сарвари муаззами давлат, дили ватандорони ғарибуфтодаи мо оби ҳаёт хӯрд, ки дигар дар ин ангеза дар тараддуди бозгашт ба сарзамини бобоӣ шуданд. Ин азми қавии қатъии онҳо ҳамагир омад, ки ба як тасмиму ба як қарор шуданду рӯ ба диёри худ оварданд. Гурезаҳо чун ба маскании бобоӣ расиданд, баҳраманд аз ғояи ваҳдати миллӣ зиндагии тоҷикона аз сар гирифтанд, зеро боз ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шири поки модар савганди вафодорию ҷоннисорӣ ба халқу Ватан хӯрда, тадбиру таъмирҳои бешумореро баҳри ободию озодӣ, ҳуқуқбунёдию яклахтии Тоҷикистон ва ба пешрафтҳои бесобиқаи иқтисодию фановарӣ ҳидоят намудани раъияти заҳматқарини тоҷикро таҳия карду тарҳ зад. Дар ин радифу росто, пеш аз ҳама ба ҳифзу гиромидошти забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро бар муҳри худ овард. Пешвои миллат баҳри гиромӣ доштани забони модарӣ ин нуктаҳои раҳомӯзро зимни суханрониашон дар маросими таҷлили Рӯзи забон 22-юми июли соли 1996-ум ироа намуданд: «Дар тӯли асрҳо, баъди пароканда шудани давлати Сомониён ба сари мардуми тоҷик қавму қабилаҳои гуногун ҳокимият кардаанд. Вале маҳз ба шарофати забони шевою гӯёи мо, ки ба он илмҳои дақиқ ва адабиёту фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод гардидааст, халқи тоҷик аз байн нарафт, баръакс дар фарҳанги халқи мо қавмҳои ҳоким омезиш ёфта, лафзи шаккарини дариро барои худ забони модарӣ интихоб намуданд. Аз каронаҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш, аз кӯҳсори Қафқоз то халиҷи Форс дар тӯли чандин аср забони тоҷикӣ барои бисёр халқҳои қитъаи Осиё забони давлатдорӣ ва дипломатӣ будааст. Ба ин забон қавму миллатҳои гуногун шоҳасарҳои илм ва адабиётро эҷод кардаанд». Ва дар идомаи маърӯзаашон далели муътамади то ба дараҷаи сиёсати давлатӣ эътибор додани забони тоҷикиро бад-ин нуктаҳои бидуни баҳс таъкиду собит сохт: «Гоҳо аз мо мепурсанд, ки чаро мо дар замони истиқлолият ба рушду такомули забони давлатӣ ин қадар эътибори ҷиддӣ медиҳем. Ин тасодуфӣ нест, чунки забон на ф воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, балки нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад».
Имрӯзҳо, ки падидае ба унвони ҷаҳонишавӣ тамоми мамлакатҳои мустақилу номустақилро ба гирдоби худ кашидан дорад, ягона василаи нигаҳ доштани ҳувияту худшиносии миллӣ ин, пеш аз ҳама, забони модарист. Ва дар ин амр тибқи дастуру ҳидоятҳо ва маслиҳату машварату мулоҳизаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи забони модарӣ ҳамчун арзиши умумимиллӣ амал намудан кафолати бақои миллату меҳани мост. Чаро ки ба иқрори Сарвари муаззами давлати мо «Халқ, давлат дар он вақт зинда мемонад, ки миллату забонаш зинда бошад».
Бонувони Тоҷикистон