Кампир умри пурбаракате дид. Худованд муяссараш гардонд, ки аз садумин баҳори умри худ гул бичинад. Ҳарчанд ки умри ӯ ба синни мубораки сад расида буд, боз ҳам дастонаш гирою чашмонаш бино буданд ва ба қадри қуввату тавон нақш эҷод мекарду чизе меофарид. Воқеан, маҳсули дастони ӯро ҳар касе, ки медид, беихтиёр ангушти ҳайрат ба даҳон мебурд ва мафтуни ҳунари ин зани куҳансол мегардид. Ҳайрати кас аз он буд, ки чӣ гуна як зани садсола метавонад ин гуна эъҷод кунад. Вале чун ин ҳама эъҷоз дар пеши чашми бинанда рух медод, дигар ба қудрати ҳунармандию офарандагии кампир шубҳае боқӣ намемонд.
Маҳз ҳамин фазилати кампири Марворӣ боис гардида, ки номи ӯ баъд аз вафот ҳам миёни мардум зинда бимонад ва ихлосмандон ҳунари ӯро ҳамчун рамзи зебоӣ бипазиранд ва аз хотирҳо фаромӯш насозанд.
Бале, номи кампири Марворӣ дар хотираҳои мардуми деҳа, ки ӯро дӯст медоштанду ба ҳунараш арҷи баланд мегузоштанд, боқӣ мондааст. Зеро ӯ як зани боиффат ва пурбаракате буд, ки аз маҳсули дастони босахояш ҳамагон баҳравар гардида буданд. Дар деҳа хонадонеро дучор омадан мушкил аст, ки дар он изи дасти ин зан намонда бошад. Зеро мардуми деҳа одат карда буданд, ки ҳама гуна кори хайру некро бо дастони бобаракати ин кампир оғоз кардаю анҷом бубахшанд. Фаразан, агар дар деҳа барои ҷавоне ҷомаи домодӣ дӯзондан лозим меомад, ин ҷомаро ҳатман бо дастони момои Марворӣ медӯзонданд ва куртаи арӯсиро низ. Ин амали ҳамдиёрони ӯ асрори зиёде надошт. Манзурашон ҳамоно эътирофи ҳунари ин кампири пурбаракат буд, ки ҷавонон мехостанд дар зиндагӣ ба умри ӯ бирасанд ва ин файзи рӯзгори ӯро дошта бошанд.
Мардум корҳои дигареро низ бо дуои ӯ оғоз бахшидаю анҷом медоданд. Сокинони деҳа ёдовар мешаванд, ки ӯ дар ҷавониҳо як зани зебо, хушқаду қомат, нозанин ва дилрабою паричеҳра будааст. Ба ин хушсуратӣ, латофат ва ҳусну ҷамол боз ҳунармандию маъракаороияш як ҳусни дигаре зам менамудааст. Маҳз барои чунин фазилати воло, мардуми деҳа ӯро ба сари хони хеш мехонданд ва сарварии маъракаҳояшонро ба уҳдааш мегузоштанд. Ӯ чун як зани рӯзгордидаю ботаҷриба на танҳо ин гуна маъракаҳоро сариштаю сарварӣ мекард, балки садоқатмандонаю хоксорона хизмати ҳамдиёронро ба ҷо меовард. Ӯ дар пухтупази нону хӯрок ва ороиши маъракаҳо ҳунари фавқулода дошт. Аз ҷониби дигар, ӯ як зани хеле дилсӯз ва одамдӯст буд, ки ба ҳамдиёрони худ ҳамин гуна наздик муомилаю муошират мекард. Барои онҳо ҳеҷ амалеро дареғ намедошт ва кори аз дасташ омадаро беғаразона иҷро менамуд.
Воқеан, дар деҳаи Доғистон ҳунарҳои мардумӣ хеле ривоҷ доранд ва каси ҳунарманд эҳтироми хосаеро соҳиб аст. Дар ин ҷо аз ҳама бештар чакандӯзӣ равнақ кардааст. Сабаби инро аз он метавон ҷуст, ки ин ҷо чанд тане аз донандагони асили ин ҳунари мардумӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳар кадоме мактаби хоси чакандӯзии худро ба вуҷуд оварда.
Ҷойи ифтихор аст, ки он ҳама ҳунармандон ва чакандӯзони деҳа, ки дар ин ҳунар мумтозанд, дастпарварони ин ҳунарманданд, ки бо дуояш ба зинаҳои баланди санъати аз ниёгон ба ёдгормонда, расиданд. Чакандӯзӣ, ки аз ҳунарҳои маъмул ва дӯстдоштаи мардум аст, маҳз ба шарофати дастони пурбаракати кампири Марворӣ ин қадар густурда гаштаву доман паҳн кардааст. Ҳоло садҳо шогирдони ӯ ин ҳунари нозук ва пурмашаққатро аз бар карда, устодони касби худ гардидаанд ва барои наслҳои оянда онро меомӯзонанд.
Ҳунари варо аз ҳама бештар фарзандону наберагонаш аз бар кардаанд. Дар озмуни «Таронаи чакан», ки чанд сол дар вилояти Хатлон идома кард, маҳз равия ва услуби ҳунарии ӯ мавриди намоиш қарор мегирифт ва баҳои баландро соҳиб мегашт. Зеро ин равия намунаи асили ҳунари чакандӯзии мардуми Кӯлоб маҳсуб мешавад.
Бамаврид аст, ёдовар шавем, ки чакан аз ҳунарҳои хеле маъмул ва паҳнгаштаи мардуми тоҷик ба шумор меравад. Он як ҳунарест, ки бо санъат ва шакли ба худ хос рӯи матоъ меояд. Дар чакан ягон амал зиёдатӣ намешавад. Ҳама чиз табиӣ ба ҷилва меояд. Чакан нусхае аз табиат аст ва гулҳои чакан ҳамагӣ рамзҳое ҳастанд, ки аз замони меҳрпарастӣ ба мо расидаанд.
Тобиш додан ба рангҳо ва ба ҷилва овардани онҳо кори нозукест, ки на ба ҳар ҳунарманде даст медиҳад. Момои Марворӣ аз зумраи онҳое буд, ки ин ҳамаро дар мавқеи худ шинондаю мононда метавонист. Агар рангҳои чакан ба он тарзе, ки зарур аст, ба ҷилва наоянд, ҳама амали ҳунарманд бекора мегардад. Зеро ҳар гули он мазмуну маънӣ дорад. Дар сари остин, дар лаби доман ва дар қафаси сина омадани нақшҳо ин ҳама рамзиянд ва мазмуну маънии муайяне доранд. Дар маҷмӯъ онҳо покию ростиро ифода мекунанд. Яъне, дар остин рамзи покии даст, дар домон рамзи покдоманӣ ва дар кафаси сина рамзи покии дил ва софию бекинагии он мебошад. Пас, чи гуна метавон ҷой ва мақоми нақшро дигар кард, дар ҳоле ки ҳар кадоме аз онҳо ҷойгаҳи хоси худро доранд. Касони аз моҳияти аслии ин ҳунар бехабар, гоҳо ин нақшҳоро дар тахтапушт ва ё миён ҷой медиҳанд, ки ин на танҳо ғалат, балки як навъ беэътиноӣ ба ин арзиши поки гузаштагон аст. Нақши чакан рамзӣ ва муқаддас аст. Муқаддасотро дар пушту миён ва паси шона нақш намекунанд…
Ҳунари кампири Марворӣ дар дӯхтани нақшҳои чакани асил бебаҳо буд. Ӯ ин корро он қадар нозук, зебо ва ҳунармандона ба ҷо меовард, ки диққати ҳар бинандаро беихтиёр ба худ ҷалб мекард. Маҳсули дастони ӯ аз дигар чакандӯзон фарқ мекард ва бартарӣ дошт. Бартарияш, қабл аз ҳама, дар зебоӣ, нозукӣ ва ҳунармандона ба ҷо овардани ин амал буд.
Ӯ рисолати аслии худро чун як ҳунарманди чирадасту беназир ба анҷом расонд. Ин машъали пок ва фурӯзони ҳунари ниёгонро, ки дар даст дошт, ба ворисонаш дод, то идомааш бидиҳанд. Бо ин вазифаи худро ба анҷом расонд ва аз олам бо хотири чамъу дили осуда рафт…
Имрӯз, ки дигар ин кампири ҳунарманд миёни мо нест, кору амал ва номи некаш дар дилҳои ҳамдиёронаш зиндаю барҷоянд. Ҳанӯзам онҳое, ки аз файзи дастони ӯ баҳравар гардида буданд, номашро вирди забон меоранду ҳароина аз ӯ ёд мекунанд.
Бале, ҳунар умри дароз дорад ва ҳунармандро ба фаромӯшӣ нахоҳад бурд. Номи кампири Марворӣ, чун як каси азизу дӯстдошта ва маҳбубу накуном аз ёдҳо зудуда нахоҳад гашт ва аз хотирҳо фаромӯш нахоҳад шуд. Зеро то он даме, ки маҳсули дастонаш миёни мардум аст, ӯ зинда хоҳад буд.
Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Алихон ЗАРИФӢ