«Бо назардошти он ки ҳоло талабот ба муаллимони касбӣ зиёд аст, дар ду баст кор мекунам. Ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳам синфи тоҷикӣ дорам ва ҳам русӣ. Аввалҳо танҳо синфи русӣ доштам. Вақте дидам бо шарофати истиқлолият забони давлатӣ ҷойгаҳи махсус ёфт, пеши худ мақсад гузоштам, ки насли наврасро бо забони модариашон таълим бидиҳам, ба қавле «ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, донистани сад забон осон гардад», – мегӯяд Таҳмина Расулова.
Таҳмина Муҳаммадиевна!
Шогирдон бо эҳтиром ба ӯ Таҳмина Муҳаммадиевна гӯён муроҷат мекунанд. Вай соли 1974 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Падараш тамоми умр дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият дошт, модараш корманди Вазорати молия, иқтисодчӣ. Бо шавҳараш, ки собиқ корманди Кумитаи давлатии амнияти миллист, ду фарзанд бузург кардааст. Фарзанди калониаш Аъзамҷон ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони англисӣ.
Бо хуб донистани чанд забон борҳо пешниҳодҳое барояш ироа шуд, ки бо маоши хуб метавонист зиндагии бофароғате дошта бошад, аммо Таҳмина бештар маврид онҳоро нодида мегирифту сарфи назар мекард.
«Соле ба ҳайси тарҷумон дар як ширкати бонуфузи туркӣ бо маоши хуб кор кардам. Рӯзи шанбе, ки истироҳат буд, шитобон ба мактаб меомадам. Чашмам ба чашми шогирдонам мезаду ором мешудам. Фаҳмидам, ки дигар наметавонам. Корро партофтаму пурра ба мактаб гузаштам», – бо табассуми хосе қисса мекунад ҳамсуҳбатам.
Таҳмина Расулова бо усули нави салоҳиятноки таълим ба шогирдон дарс мегӯяд. Ин ҷо ақидаи кӯдак дар ҷои аввал меистад. Омӯзгор дар ин раванд мисли коргардон аст, нақши асосиро талаба мебозад.
–Ин усул ҷиҳатҳои хуб ҳам дораду манфӣ ҳам. Тарбияи мо - тоҷикон чӣ гуна аст? Аввал аз ҳама эҳтироми калонсолон. Эҳтиром ба урфу анъанаҳо. Вақте ба кӯдак беш аз ҳад мустақилият дода мешавад, ки афкорашро роҳандозӣ бикунаду ақидаашро дуруст ҳисобад, ин каме хавф дорад. Озодии зиёд барои кӯдак чандон хуб нест, зеро мағрур шуданаш мумкин. Ман баъзе равишҳои ин усулро истифода мебарам, баъзеашро не. Бештар ба донишу таҷрибаи омӯзгорони солдида такя мекунам. Аз устодон Ӯ. Келдиева, О.Шодиева, М.Ҷумъаева, М.Шафиева, М.Ҳабибова маслиҳат мегирам, мепурсам, сабақ меомӯзам, – иқрор мешавад ӯ.
Забони таҳсил: русӣ ё тоҷикӣ?
Зиёд будани талабагонро дар синф муаллима яке аз мушкилоти соҳа арзёбӣ мекунад. Дар синф, ба андешаи ӯ, бояд ҳадди ақал 25 талаба ҳузур дошта бошад. Кӯдаки аз ин зиёд барои омӯзгор мушкилӣ эҷод мекунад.
–Дар синфи ман ҳамеша кӯдакон аз меъёр зиёданд. Аммо омӯзгор вазифадор аст, ки ҳар кӯдакро бо тарзи ба худаш фаҳмо фаҳмонад ва пурсад. Ҳамин усули салоҳиятнок кумак мекунад, ки санҷидани азхудкунии мавзӯи дарс аз ҳар кӯдак имкон дошта бошад. Ин ҷо кӯдакон ба сатҳи саводу дониши ҳамдигар баҳогузорӣ мекунанд. Камбудии якдигарро меёбанд, – таъкид мекунад қаҳрамони мо.
Дар масъалаи дар синфи тоҷикӣ ё русӣ таҳсил кардани кӯдак, муаллима бар ин назар аст, ки кӯдак аввал бояд забони модарии худро хуб донад. Дар баробари донистани забони тоҷикӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, амсоли русӣ, англисӣ ва чинӣ аз нигоҳи ӯ дар замони имрӯз авлавият дорад.
«Пушкин, бо вуҷуди рус буданаш, дар хона бо забони фаронсавӣ ҳарф мезад. Ин забони муоширати хонаводаи шоир буд. Падару модаре, ки тасмим мегиранд кӯдакашон дар синфи русӣ хонад, худашон ин забонро бояд хуб донанд. Мустаҳкамкунии асосии мавзӯи дарс дар хона сурат мегирад. Вақте дар хона кӯдак касеро намеёбад, ки бо забони русӣ бо ӯ дуруст ҳарф бизанаду дарсҳояшро омода созад, аз вай дар оянда талабаи аълохон умедвор шудан ғайриимкон аст. Забономӯзиву забондонӣ талаботи вақт аст. Аз ин ҷиҳат насли нав хеле пешрафт ҳам кардааст. Бо назардошти ин бояд соатҳои забономӯзӣ дар синфҳои ибтидоӣ зиёд карда шаванд.
Чӣ қадаре пеш меравем, ба назар мерасад ҳамон қадар эҳтироми калонсолон дар ҷомеа аз байн меравад. Ҳар рӯз муаллим ақаллан 20 дақиқа вақт ёфтаву соати тарбиявӣ бояд гузаронад. Падару модар кӯдакро ба мактаб меоранду аз муаллим талаб мекунанд, ки «тарбия кунед!». Не! Тарбия аввал аз хона шурӯъ мешавад, вазифаи мактаб саводнок кардан аст», – мегӯяд Т.Расулова.
Интихоби мактабу муаллим
Дар масъалаи интихоби мактабу муаллими хуб чунин назар дорад:
– Ҳеҷ вақт мактаб интихоб накунед. Муаллимро дуруст интихоб кардан лозим. Аслан омӯзгорон хубу бад намешаванд, роҳу василаи таълим додани ҳар кас гуногун аст. Касе сахтгир, касе нармгуфтор, касе мисли модар, касе мисли модаркалон. Таъкид мекунам, дар муносибат бо тадриси кӯдак қарсак аз ду даст бояд бошад. Вақте муаллим бо кӯдак кор кунаду волидайн дар хона аҳамият надиҳанд, вай босавод намешавад.
Дар хусуси бартарият доштани мактаби хусусӣ, муаллима нигоҳи дигар дорад. Ба андешаи ӯ мактабҳои хусусӣ, литсею гимназияҳо ҳам мисли мактабҳои муқаррарианд. Дар ҳама намуди муассисаҳои таълимӣ аз рӯи як барнома амал мекунанд. Хубии мактабҳои хусусӣ ин аст, ки дар синфҳои онҳо шумори хонандагон камтар аст, аммо маблағи таҳсил сахт гарон.
Бо ворид шудан ба синфи муаллима худро дар мактабҳои аврупоӣ эҳсос кардем. Синфхонаи тозаву барҳаво, термекс, кондитсионер, мизу курсиҳои роҳат, асбобҳои аёнии ҳозиразамон… Дар ҷавоб ба табассуму таҳайюрамон мегӯяд:
–Ин ҳама шароити хубро бо ёрии волидон муҳайё кардаам, барои эҳсоси роҳат доштани шогирдон дар синф.
Шогирдоне дорад, ки дар Чин, Амрико, Русия аъло таҳсил мекунанд. Ҳоло Таҳмина Расулова барои мустаҳкамсозии фанни математика барои синфҳои якум бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ китобчае омода кардааст. Ба гуфти ӯ барои мустаҳкамсозии фанни «Алифбо» дафтари «Сармашқ» вуҷуд дошт, барои фанни ҳисоб китобчаи мададрасон то ин вақт набуд.
Бо категорияи олӣ ва ифтихорномаҳои зиёди соҳавӣ қаҳрамони мо дар баробари омӯзгорӣ раисии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи мактабро бар зимма дорад. Эътимод ҳосил кардем, ки арзанда аст, умед мебандем, ки рӯзе Таҳмина Муҳаммадиевна ба гирифтани нишони Аълочии маорифи кишвар низ комёб мегардад. Барояш барори кор ва тавфиқи рӯзгор хоҳонем.
Фараҳноз Валиева