Ин сарматн бозгӯи мухтасару бурунсӯии зиндагиномаи як тан аз омӯзгорони соҳибсабки соҳаи мактабу маорифи давлате бо исми мубораку муқаддаси Тоҷикистон аст, ки дарунсӯяш ламолам аз талошу муборизаҳост дар пайи фарзандони бешумори халқро як сар савод омӯхтану чашми хат. Ин раҳро дастикам 50 сол боз ин омӯзгори рӯшанзамир бидуни таваққуфу хастагинопазир паймудан дорад. Фарозу фурудҳо, фатҳу шикастҳо, кӯшишҳои абасу кушоишҳо, афтодану хестанҳо, сӯхтану сохтанҳо, нешу нӯшҳо ва садҳо ҳаводиси дигарро ба таркиб дошт раҳтӯшаи зуҳури Зуҳро. Агарчи дар аксари фунуни тадрис ақли расо дошту зеҳни виро, дар интихоби пеша ё тахассуси минбаъдааш кайҳо тасмим гирифта буд, ки муаллими синфҳои ибтидоӣ мешавад.
Баъди рӯ ба нишебу ниҳоят ниҳодани фурсату фосилаи хондану садо додани бонги дирои тарки дабистон гуфтан, ки дар ӯ ғот ин такоҳанг бӯйи ҳузнангези ғамфизои ҷудоиҳо аз шарикдарсони ба ҷону дил баробар ва муаллимони меҳрубони меҳрпарварро мепарошид, Зуҳрои зуҳраҷабин ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии омӯзгории вақт (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) супурд. Азбаски шӯру шавқи беандозае дар ботинаш аз ишқи омӯзгорӣ дил мезад, сахт омодагӣ гирифта буд, то ноумеду хамидасар ба зодбумаш ноҳияи Ванҷ пеши падари корманди мақомоти давлатӣ ва модари поксиришти озодаманишаш барнагардад. Ин ҳавову ҳаваси барангезанда дуболо мадораш мебахшид, ки садди сахти санҷишҳои дохилшавиро саҳлу сабук гузора бинмуд. Хату чаку далелу дастаки донишҷӯӣ дар ихтиёр ҳамаро аз ин омади бахташ дар ҷараён мегузошт, чаро ки ҷамъи ошною ноошно, хешу ақрабо ва кулли устодони дабистониашро шодишарики худ дидан мехост. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 1966 чаҳор сари солро дар ин даргоҳи муқаддас, на ки як ба донишандӯзӣ, балки ба фаро гирифтани шеваю шигирдҳо, раҳу равишу равияҳо ва тарзу тариқҳои вижаи ҳунари омӯзгорӣ бахшид. Ба қасди хондану муаллими на ки хасакӣ, балки ҳақиқӣ шудан, бо тамоми ҳастӣ кӯшиш ба харҷ медод. Зеро бо ғаризааш дарёфта буд, ки дарё-дарё дониш андӯхтан ҳанӯз кафолати муаллими муваффақу мумтоз шуданро намедиҳад, ба вижа,ба гоҳе ки ба таълиму тадрис додани хонандагони ҳалқаи ибтидоӣ гароиш карда бошӣ. Ба иқрори Зуҳро Бахтибековаи дар ин пеша таҷрибадидаи муқтадир: «Омӯзгорӣ дар синфҳои ибтидоӣ на ба ҳар кас даст медиҳад, зеро он истеъдодро, саҳеҳтараш истеъдоди фитриро тақозо мекунад, ки ин неъмати азалиро Худованд на ба ҳар кас ато фармудааст. Маҳз бо эътино ба моҳияти муҳими синфҳои ибтидоӣ факултаи алоҳидаеро зидахли ин пеша ихтисос додаанд». Ҳақбаҷониб аст дар ин масъала муаллима, чаро ки бунёди бунлоди донишро маҳз дар ин фурсату фосилаи зудгузари бачагиҳо, ки дар маҷмӯъ ҳамагӣ чор солро фаро мегирад, мегузоранд, ки давопанди «Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ…» ҳамчун далели муътамад ба нафъи нуктаи мазкур мехӯрад. То ба остонаи мактаб по ниҳодану дар лобалои ба масал булбулакони навилҳони ширинзабони боғи дониш дар азми дарсгӯӣ рост истодан, бори дигар донишҳои омӯхтаашрову сабку сози муаллимони вақти синфҳои ибтидоии мактаби худро ва садҳо омӯзаҳои омӯзандаи дигарро дар мизони фикрҳо ва зеҳну зикрҳош баркашид. Тайи солҳои 1966 – 1970 дар мактаби миёнаи шумораи 4 ноҳияи Ванҷ дар синфҳои ибтидоӣ раванди аввали пешавариашро пушти сар андохту худ ба худ ихлосан ангошт, ки дар интихоби касбаш иштибоҳе нарафта. Дар гузораи солҳои навкорӣ даврони беғашиҳои бачагиҳоро ба таҷрибаю тағбинаю омӯзишу мушоҳидаҳои ҳамвора фаҳму фаросат карду хонандагони синфҳои ибтидоиро ба сурати тозагулҳои як чаман, аммо ба рагу решаву рангу бӯи вижаи мармузи худ дарёфту донист, ки ҳар кадомшон ба парвариши дастони муъҷизавори мулоҳизакори боғбони худ ниёз доранд.
- Дар ин чаман худнамоиву ворангбозиҳо ва дуруштсуханию зӯргӯиҳо раво нест, чаро ки дили кӯдак, мисле ки шиша нозук асту шаффофу зудшикан. Аз як амали ноҷо дар адои устод реза-реза мешаваду мерезад. Аксар муаллимони синфҳои ибтидоӣ ин ҳақиқати бидуни баҳсро медонанд, вале дар риоя карданаш андак коҳилӣ мекунанд, ки худ далелест аз иштибоҳи онҳо дар интихоби пешаи омӯзгорӣ, - гуфт ҳини суҳбату табодули афкор бо мо муаллимаи соҳибном.
То соли 1970 дар ин дабистони ноҳияи Ванҷ заҳмат кашид, аммо иттифоқи хушоянде рух дод дар зиндагонии Зуҳро, ки ба табдили макони зисташ боис шуд. Як ҷавонмарди мошинкаши рӯшонӣ рӯшану рӯшод иддаои издивоҷ бо ӯро пеш андохт. Ҷашни хонаободӣ Зуҳроро ба ноҳияи Рӯшон, саҳеҳтараш то макону маскани будубоши зодмандони шавҳараш оварду зиндагии мустақилро дубора сар гирифт. Зариф Алифбеков баъди гардон кардани базми арӯсию айшафрӯзию ҳавасшиканӣ дар айёми нӯшин озими сафар ба корҷояш – муассисаи нақлиётии шумораи 13 шаҳри Душанбе гардид. Вале Зариф масъулияти хонаводагиро дар таъмини ризқу рӯзӣ фаромӯш намекард. Бо фароҳам омадани нахустин имкону фурсат худро бо мошини ҳомили бораш ва ҳам кӯлбораш, ки даҳанбанд аз савғотиҳо буд, то қишлоқи Деҳрӯшони ватангӯшааш мекашид. Худ, ки дар пешаи ронандагӣ пешдаст буду пешгом ва то дараҷае таҳсилкарда, аз пешрафтҳои ҳамсараш дар кори муаллимӣ мешукуфту меболид. Зариф донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буд, аммо ба иллати камбуди молии хонавода ба тамдиди таҳсил имкон наёфт. Ва шояд аз комёбиҳои ҳамсараш иҷборан тарки таҳсил гуфтанашро талофӣ мехост кардан, ки Зуҳроашро ба сарсупурдагию садоқат ба пешааш дуболо таҳрик мекарду талқин. Аз ин ёрию мададгорӣ, ки дар асоси ҳусни тафоҳуми тарафайн сурат мегирифт, Зуҳро рӯҳбаланду фароҳам аз ин авзои мувофиқу мусоид фидокорона худро ба таълиму тарбияи фарзандони мардум мезад. Миёни омӯзгорони синфҳои ибтидоии ноҳияи Рӯшон оҳиставу тадриҷӣ ном ба номи Зуҳро Бахтибекова мешуд, то цариро ба ман нисбат доданд. Бо риояи амали анъанавии ҳамешагиам ҳама китобҳои дарсии шогирдонамро бо пули худ муқовапеч сохта будам, ки аз назари масъулин ин иқдоми наку нуҳуфта намонду ман барандаи унвони пурифтихори муаллим- методист шудам. Ин унвон дар баробари эътибори маънавиаш манфиати моддӣ низ дар пай дошт. Ба музди моҳонаи муаллимиам акнун 35 сӯм афзуданд, ки маблағи андак ба шумор намерафт. Аз дигар сӯ банда дар қаламрави Бадахшон ба аввалин муаллимаи муваффақ ба дарёфти унвони мазкур табдил ёфтам ва ҳам фурсату фосилае пас як автомашинаи сабукрави тамғаи «Жигули-07» туҳфаам карданд.
Эҳтимол муддаиёни маҳрум аз ин дараҷаи баланди ҳирфаӣ дар он вақт ба дил бад-ин осо гилаву гузор ҳам карда бошанд: «Чӣ чора, ки роқими сарнавишт аз азал насабашро Бахтибек рақам задааст? Бо худододагон ситеза макун, ки ба онҳо Худо додааст». Кош бад-ин зумра касон аз аҳволи зору низори Зуҳробонуи дар ангору пиндори онҳо «бахтак» воқиф мебуданд. Каму ғам не, дастикам даҳ сари сол дар деги ҳафтҷӯши дарду доғи безурётӣ дарун ба дарун дуоташа месӯхту адо мешуду мено- лид, ки аз ӯ чӣ ҷурме бигзашта, то Худованд ин бахшишро дар баробараш раво нашмурда? Саропо худро ба кор мезад, фарзандони мардумро мисле ки ҷигарбандони худ медонист, саводу дониш меомӯхт, меҳрубонию навозишу лутфу марҳаматро аз онҳо дареғ намедошт, на ки як бо мақсади нони ҳалол хӯрдан, балки раҳми Парвардигорро овардан, то ба гиряи тифлонае ҳузури ҳамешагии яъсу навмедиҳои бефарзандиро дар нишемани ғамзадааш шод кунад. Зери фишори шадиди иллати номуягӣ хонаклет шуду дар ормони фарзанд ба издивоҷи дигарбора раҳ бурд. Фурсату фосилаи хиёлпарвариҳои ботилу барҳадару беоқибат қариб буд, ки ҳам иродаашро мешикасту ҳам орзую армонашро ҳам, аммо ҷондоруе яке ба наҷоташ расид. Дар хонаи бародарбузургаш соли 1974 тифлакони дугоник ба дунё омаданд. Зуҳробону дар маъракаи номмонии онҳо ҳузур дошт. Исмҳои Беҳрӯзу Фирӯзро ба навзодон лоиқ донистанд. Анъанаи чор пиру чор тадбир ба дарди Зуҳрову ҳамсараш Зариф хӯрду қудуми Фирӯзи панҷмоҳа кошонаи тираи онҳоро рӯшан кард. Пас аз соле чанд дар қади Зуҳро пайиҳам 2 фарзанд сабзид, ки якеро Орзу ва дигареро Ормона ном доданду ормону орзу шикастанд. Ин сарфоли кушоиши кору саодати рӯзгори онҳо буд. Ба сарвари хонадон Зариф Алифбекови мошинкаши зарбдори муассисаи нақлиётии рақами 13, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бадали нишондодҳои беназири кориаш дар як бинои истиқоматии марказ се дар хона тақдим намуданду онҳо ҳама соли 1984 дар манзили нави худ бӯрёкӯбон оростанд. Соли 1990 шавҳараш 12 маротиба то ноҳияи Мурғоби Бадахшон бору банди дархӯри корҳои сохтмонии як иншооти стратегиро тавассути мошини боркашаш бидуни газанд дар вақти муқарраршуда чун расонд, боз соҳиби туҳфаи гаронбаҳо – автомашинаи тамғаи «Жигули-09» гардид. Зуҳро Бахтибекова ба зудтарин фурсат барои худ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 98 табъи дилу мувофиқи тахассусаш кор ёфт ва то соли 1998 ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ фаъолият бурд. Аз соли 1998 бад-ин сӯ дар мактаби рақами 91 шаҳраки ба истилоҳи маъмулӣ «Гипрозем» ба таълиму тарбияи фарзандони мардум машғул мебошад. Аввалҳои моҳи ноябри соли 2007 зимни санҷиши анъанавӣ коршиноси баландрутбае хонандагони синфи якуми ӯро, ки ҳамагӣ 2 моҳ машғули саводомӯзӣ буданд, аз ҳалқаи 2 ангошта, саною ситояш мегуфт. Чун аз асли воқеа бохабар гашт, дар ҳайрат афтоду тавсия дод то сабки дарсгӯии муаллимаро яксара дар кишвар таблиғу тарвиҷу татбиқ кунанд. Ин ифтихор буд, ҳарчанд рӯзгораш баъди даргузашти шавҳараш бар асари бемории саратон дар соли 1991 як кам душвор буд. Душвор на дар масъалаи таъминоти моддӣ, балки дар иртибот ба тарбияту таълими маънавии шоистаи фарзандон. Аммо Зуҳро Бахтибекова вазифаашро дар ин ҷабҳа низ боиставу шоиста анҷом дод, то ҷое, ки фарзандонаш ҳама дорои таҳсилоти олиянду ҳар кадом аз баракати пешае ба дару дуди худ хонаободу нӯша умр басар мебаранд. 14 сол аст, ки бознишаста бувад ӯ, аммо на бозмонда. Бидуни кори муаллимӣ низ дар сояи давлати фарзандонаш Фирӯзи коргардони симову синамо, Орзуи мутахассиси забони олмонӣ ва Ормонаи коршиноси иқтисоди байналмилалӣ рӯзу рӯзгорашро роҳат метавонад бурд. Ин аст, ки баъди ба поён расидани ҳар соли таҳсил мехоҳад аз ин пеша канор равад, аммо на сарвари донистакори мактаб София Нарзиева розӣ мешаваду на волидайни хонандагон. Дар сари синфи ӯ талабгорон, мисле ки ба аҳду овони пешин, дар «ҷанганд». Зеро таҷриба кардаанд ва ҳам озмудаанд, ки хондан дар ҳалқаи Зуҳро Бахтибекова ба зоти худ кафолати босаводу бадониш ба камол расидани ҷигарбандони мактабраваки онҳост. Омӯзгорӣ барои Зуҳро Бахтибекова, на ки як пеша, балки рисолат асту зодубудаш.
Холмаҳмад Мавлон