Бо танз иброз намудани камбудиҳои ҷомеа ва ҳам интиқоди шахсоне, ки ниҳодҳои калидии як кишварро идора менамоянд, як ҷузви муҳим ва аслии ин барнома аст.
Дар ҳоли ҳозир дар ин барномаи телевизионии канали якуми Русия даҳҳо дастаҳои яккачини ин кишвар дар баробари дастаҳои яккачини кишварҳои дигар ширкат меварзанд. Ва шоистаи таҳсин аст, ки барои ҳич дастае имтиёз дода намешавад ва танҳо баъд аз касб намудани имтиёзҳои лозима даста ба бозиҳои нимниҳоӣ ва ё ниҳоӣ роҳ дода мешавад.
Камбахтона, тайи фаъолияти дурудароз ва густурдаи ин барнома, мо ширкати дастаҳои яккачини ҷавонони кишвари худро мушоҳида намекунем. Агар дастае ҳам аз ҷумҳурии мо рафта, он ҳам дар барномаҳое ширкат меварзад, ки аз назари сифат ва нуфуз аз барномаи мазбур хеле поинтаранд. Барои иштирок дар ин барнома сатҳи дониш ва зарофати донишҷӯён бояд хеле боло бошад.
Эҳтимол меравад дар ин барномаи телевизионӣ одитарин мушкилоти ҷомеа ва на танҳо ҷомеаи Русия зери танқид гирифта шудаанд. Ин кор на ба хотири танқид барои танқид анҷом мешавад. Таҷриба тасбит кардааст, ки масъалаҳое, ки дар ин барнома рӯнамоӣ мешаванд, аз ҷониби ниҳодҳо ва шахсони масъул мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва ислоҳи онҳо аз ҳақиқат дур нест.
Шояд танзи ин барномаи дарозумр ҳатто дар сайёра ҳамто надошта бошад! Ҷузъитарин мушкилот ва ё масоили ҳаллу фаслнагардида бо танз ончунон мунъакис мегарданд, ки бинанда миёни хандаи бо ашк олудаи худ, дар дил бар офарандагони он таҳсин мегӯяд.
Ва шояд як омили хеле муҳим ва ҷолиби КВН ин бошад, ки новобаста ба интиқоду танз ба ҳич ваҷҳ боре роҳ надодааст, ки шахси интиқодшуда худро таҳқирдида эҳсос намояд. Фараҳанги иштироккунандагони он ончунон баланд аст, ки новобаста ба танз то ҳол ҳич миллате таҳқир надидааст. Ба ибораи дигар онҳо ҳад мешиносанд, мешинохтанд…
Оре, ғалат нагуфтам. То охирин барномаи худ ба ин иштибоҳи бузург даст намезаданд. Аммо дар ин барнома (13. 08. 2017 пахш гардид) онҳо ба таҳқир роҳ доданд ва он ҳам, шӯрбахтона, ба таҳқири миллати тоҷик!
Ростӣ, хеле аъсобам хароб шуд, зеро онҳо дар симои тоҷик миллатеро мебинанд, ки муҳоҷират кори ҳаррӯзаи онҳост ва дар Русия бадтарин ва ифлостарин корро намояндагони ин миллат (яъне тоҷик) анҷом медиҳанд.
Қаблан каналҳои дигари телевизионии Русия (аз ҷумла НТВ) ба чунин таҳқирҳо роҳ медод, аммо баъд аз садо баланд кардани рӯзноманигорон ва дигар фаъолони шаҳрвандӣ пеши роҳи он гирифта шуд. Мутаассифона, моҳҳои охир ҳам НТВ ва ҳам ОРТ дар баъзе барномаҳои худ ба чунин иштибоҳот роҳ медиҳанд.
Бинобар ин, ҳоло ки ин таҳқирҳо саросарӣ нашудаанд, зарур аст ниҳодҳои масъули кишвар, аз ҷумла вазоратҳои фарҳанг ва умури хориҷа боястӣ сареъ ба чунин ҳолатҳо вокуниш нишон диҳанд ва албатта, рӯзноманигорону фаъолони миллат аз онҳо бо навиштаҳои худ пуштибонӣ кунанд.
Эмомалӣ Сайидамирзод