Илова бар ин, онҳо дар интихоби калимаҳо хеле дақиқкоранд ва кӯшиш сари он доранд, ки дар мавриди сухан гуфтан ва ё матлабе нигоштан, сирф аз вожаҳои забони тоҷикӣ – форсӣ истифода намоянд. Ва дар ин росто барояшон шеваҳои манотиқи ҷумҳурӣ махзани ғанию ноб аст. Ба маврид аст таъкиди он ки ин қисмат дар ҷомеа чандон аъзам нест, аммо ҳифзкунанда ва сабабгори аслии рушди забони тоҷикӣ маҳз онҳо маҳсуб мегарданд. Намояндагони ин гурӯҳро аслан зиёиён ташкил медиҳанд, ки онҳо дар бахшҳои гуногун, аз қабили китобдорию илм, муҳандисию тиб, технолгия ва варзиш, театру синамо ва ғайраҳо дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Дар самти арҷ гузоштан ба забони ноби тоҷикӣ ба зиёиёни тоҷик сомонаҳои иҷтимоӣ ёрӣ мерасонанд. Тайи чанд соли охир дар ин сомонаҳо таҳти сарунвонҳои гуногун, аз қабили «Дуруст бинависем», «Забони адабии тоҷик», «Забонкада», «Порсӣ анҷуман», «Адабиёти тоҷик», «Шоҳбайт», «Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб» гурӯҳҳое ба ҳам омадаанд, ки аз назари синну сол ва фаъолияту маҳали зист хеле мутафовитанд. Ҳадафи онҳо тарзи дурусти истифодаи вожаҳо ва ҳамчунин интихоби хуб ва саривақтии калимаҳо дар матнҳои мухталиф ва омӯзиши адабиёти тоҷику форс аст.
Илова бар ин, аз тариқи барномаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон дар мавриди тарзи дуруст интихоб намудани вожаҳо ва сохти адабии ҷумлаҳо олимони соҳаи забоншиносӣ ва адабиётшиносони шинохта пайваста баромад мекунанд. Матбуоти даврии ҷумҳурӣ низ дар ин бахш хеле фаъол аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо нашри матлабу мақолаҳои хеле зиёд дар саҳафоти рӯзномаҳою маҷаллаҳо мебошад. Олимону донандагони забони тоҷикӣ пиромуни сарфу наҳв, имло, омӯзиши матнҳои классикӣ ва дигар масоили забоншиносӣ пайваста матлаб омода кардаву табодули назар менамоянд.
Созмон додани анҷуману конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои рушду такомул ва сифатан беҳтар гардидани забони гуфтугӯӣ ва навишт хеле мусоидат мекунанд.
Тайи чанд соли охир бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои давлатӣ дар ҳар шаш моҳ пиромуни фаъолияти муассисаҳои худ нишастҳои матбуотӣ созмон медиҳанд. Баргузор гардидани ин ҳамоишҳо бо ширкати рӯзноманигорону мутахассисон як сабаби дигари рушд ёфтани забони адабии тоҷик дар ҷумҳурӣ мегардад. Тибқи мушоҳида, солҳои аввали баргузор гардидани нишастҳои матбуотӣ, масъулони вазорату идораҳо дар ҷараёни ин ҳамоишҳо бо забони коста ва шабеҳ ба шеваҳои маҳал сухан мегуфтанд. Аммо баъд аз чоп шудани матлабҳои таҳлилӣ ва интиқодии рӯзноманигорон ба тадриҷ сухангӯии мутасаддиёни нишастҳои матбуотӣ тағйир ёфт ва имрӯз сифати ин ҳамоишҳо хеле беҳтар гардидааст.
Қисмати дигари ҷомеаи феълӣ ҳанӯз ҳам ба забони адабии солҳои 60 – уми асри гузашта «содиқ» мондааст ва дар мавриди эҷоди рисолаву мақолаҳо аз ҳамон сабки навишт истифода менамояд ва дар мавриди ғанӣ гардондани захираи луғавии худ аз ҳисоби вожаву калимаҳои ноб ва тоза ба адабиёту матбуот воридгардида худдорӣ меварзад. Забони якранг ва вожаҳои забонзадаи ин гурӯҳ хонандаро зуд хаста мекунад ва бадеияту ғановат дар нигоштаҳои онҳо басанда нест. Изофа бар ин, истифодаи ғалати баъзе вожаҳо, аз қабили «таклиф» (ба ҷои даъват ва пешниҳод), «махсум» (ба ҷои махдум), «ахборот» (ахбор), «маълумотҳо» (маълумот), «аҷдодҳо» (аҷдод) ва боз даҳҳо калимоти дигар, ки иштибоҳан дар замони шӯравӣ ба забони адабии тоҷик ворид шуда буданд, то имрӯз идома дорад. Мутаассифона, баъзе истифодабарандагони чунин вожаҳо дар бахшҳои адабиётшиносию забоншиносӣ рисолаҳои илмӣ дифоъ намудаву дар донишкадаҳою донишгоҳҳо ба донишҷӯён дарс мегӯянд ва яке аз сабабҳои паҳн гардидани ғалатгӯӣ дар ҷомеа мебошанд.
Қисмати дигар дар матбуот ва муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд ва дар корҳои ҳаррӯзаи худ аз чунин шакли ғалат истифода мекунанд, ки боиси таассуф ва нигаронист.
Яке аз сабабҳои дуруст гуфтану дуруст навиштан ва эҳтиром қоил шудан ба забони модарӣ оила аст ва, агар бунлоди шахс дар хонавода дуруст гузошта шуда бошад, новобаста аз бахши фаъолият, синну сол ва маҳалли зист ба он эҳтиром хоҳад гузошт. Чанде қабл ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар доштам. Дар фурудгоҳ ронандае моро истиқбол намуд, ки бо забони тоҷикӣ суҳбат мекард. Зимни суҳбат аз ӯ пурсон шудем, ки кай ба Қирғизистон омадааст. «Ба ин ҷо омаданамонро касе ёд надорад, аммо бобокалонам, ки зодаи Самарқанди бостонӣ будааст, соли 1897 дар яке аз музофотҳои ин ҷумҳурӣ вафот кардааст. Дар оила то имрӯз бо забони тоҷикӣ сухан мегӯем», – посух дод ҳамсафарам. «Аҳсан ба чунин тоҷику чунин забондон ва ҳифзкунандаи ганҷи ниёкон», - гуфтаму дасти ҳамсафарамро сахт фишурдам.
Ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон рафтам. Зимни сафар бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шуғл меварзиданд, ҳамсуҳбат шудам. Дар ҷараёни суҳбат онҳо аз ҷавоне ёдовар шуданд, ки донишгоҳи онҳоро хатм намудаву дар идорае кор мекардааст. Ба иқрори донишҷӯён ин ҷавони тоҷикистонӣ ҳар ҳафта ба хобгоҳи онҳо омада, ба корҳояшон мадад мерасондааст. «Барои дарёфти ҷойи зисту кори муваққатӣ, китобхонаҳо, дидани ҷойҳои таърихии ин шаҳр ба мо ёрӣ мерасонад. Агар то гирифтани идрорпулӣ ҷайбамон холӣ шавад, бароямон пул медиҳад», - мегуфтанд донишҷӯён. Хоҳиши дидани чунин ҷавонмард дар вуҷудам хуруҷ кард ва аз донишҷӯён хоҳиш намудам, ки рӯзе ӯро даъват кунанд, то чанд лаҳзае бо ҳам бошем.
Рӯзи таъйиншуда ҷавонеро бо ман шинос карданд, ки болобаланду бомаданият ва донишманд буд. Аммо баъд аз салом ҳамшаҳриамон суҳбатро ба забони русӣ идома дод. Маълум шуд, ки баъд аз панҷ соли таҳсил се сол боз дар ин шаҳр ба сар мебарад. Ман тоҷикӣ суол медодаму ӯ русӣ посух медод. Вақте танҳо мондем, аз ӯ суол кардам, ки чаро бо забони русӣ ҳарф мезанад. «Бо забони русӣ суҳбат кардан бароям роҳаттару осонтар аст. Фикрамро ба забони тоҷикӣ хуб баён карда наметавонам», - посух дод ҷавону эҳсос намудам, ки хиҷолат мекашад.
Суоли мантиқие русух мекунад, ки чӣ гуна хонаводае дур аз ватан дусад сол боз забони модарии худро ҳифз кардаву ҷавоне дар муддати ҳашт сол фикри худро ба забони тоҷикӣ озод баён карда наметавонад? Посух ҳам чандон дур нест, ҳифз кардану арҷ гузоштани забони модарӣ бастагӣ ба тарбияи хонаводагии шахс дорад. Ба ёд овардани филми бадеии «Салом Ню Йорк» хеле ба маврид аст. Ҷавони қирғизе вақти таҳсил дар Амрико ҳуҷраи худро мисли аҷдод ороставу ҳафтае як шом дар ҷамъи ҳамшаҳриён ғизои миллӣ таҳия мекунаду бо забони модарӣ суҳбат меорояд. Намояндагони дигар миллатҳо аз дидани чунин муносибат ба фарҳанги миллӣ ба ин ҷавони қирғиз эҳтироми хоса зоҳир менамоянд.
Дар муддати кӯтоҳ аз ёд бурдани забони модарӣ аз ҷониби як ҳамшаҳрии мо ва он ҳам бо доштани чунин ахлоқи ҳамида ва ҷавонмардию донишмандӣ бояд боиси хиҷолат кашидани ҳар кадоми мо бошад, зеро гуфтаанд: «Аз мост, ки бар мост».
Новобаста ба шикастани забон аз ҷониби баъзе ҳамзабонони тоҷикистонӣ дар дохили ҷумҳурӣ, новобаста ба истифодаи шева аз ҷониби баъзе зиёиёнамон, новобаста ба сақатгӯии бархе ҷавонон бо ин забони биҳиштӣ, новобаста ба сакта доштани забони баъзе мутахассисон, имрӯз ба назар мерасад, ки забони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Мавлоно дар як ҳавзаи хеле бузург дар ҳоли рушд аст.
Эмомалӣ Сайидамирзод