- Ба хонаи мо, ки коргоҳи заргариро мемонд, рафту омади ҳунаромӯзону савдогарони ҷавоҳироти заргарӣ аз субҳи содиқ то вақти шом идома меёфт. Олами хаёлҳои даврони кӯдакии маро дӯкону асбобу анҷоми заргарӣ, сангҳои рангорангу зару зевари ороишӣ фаро гирифта буд. Садои оҳанкӯбию суфту соиши сангу оинаҳои ороишоти заргарӣ дар зеҳнам ончунон нақш баста буд, ки ҳатто дар вақти дарсхонӣ дар гӯшу ҳушам овоз медод, - мегӯяд Ҳусния.
Новобаста ба маҳдудиятсозии даврони шӯравӣ ба кору фаъолияти ҳунармандону коргоҳҳои наздихонагӣ зодмандони Ҳусния ҳунари аҷдодиро ҳифз намуда, ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоштанд. Рӯзҳое буд, ки сарвари хонадон дар мавсими серкорӣ шабона оҳан мекӯфту бо дамидани субҳ асбобҳои заргариашро даруни дарахти кӯҳансоле пинҳон мекард, то нозирони вақт далели кору пайкори авлодиро аз хонааш наёбанд. Зеро, овози баланди сангдони коргоҳи Усто-Исматро далел пеш оварда, баъзе ашхоси нотавонбин ҳар замон нисбати ӯ ба мақомот шикоят мебурданд.
- Он солҳо заргарӣ аз пешаҳои сангину заҳматталаб маҳсуб меёфт, - дар идомаи суҳбат иброз дошт Ҳусния Шоимова. -Зеро бо асбобҳои қадимии заргарӣ омода намудани як гӯшвор ё дастпона вақту кори зиёдро талаб мекард. Ҳангоми дар синфи шашум таҳсил доштанам нозукиҳои ҳунарро аз бар намуда, дастёри падару модар будам. Мо аввал шакли гӯшвораву дастпона ва ангуштариро тайёр намуда, ба онҳо мӯҳраву дигар ороишотро мегузаронидем. Аз субҳи барвақт гирди суфра нишаста, ба кор шурӯъ мекардем, то талаботи муштариёнамонро, ки рӯз то бегоҳ дар ҳавлии мо навбат мепоиданд, таъмин намоем.
Ҳангоми кор дар гирди суфра музди корамонро зери курпача мегузоштем. Дар мавриди он ки кадоми мо чӣ қадар маблағ кор кардаем, чизе намедонистем, зеро даромади зери курпачаро баъди анҷоми кор танҳо модарам ҷамъ карда мегирифту онро дар алоҳидагӣ бо падарам ҳисобу китоб мекарданд».
Бо гузашти солҳо фарзандони ин хонадон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, имрӯз дар шаҳру минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зиндагӣ ихтиёр карданд. Аз 12 нафар фарзандони оила 6 тани онҳо духтаранду аз ин 3 хоҳару 3 бародарон касбу пешаи аҷдодиро интихоб намудаанд.
Оминамоҳ духтари бузурги хонавода имрӯз аз ҳунармандони номдори шаҳри Кӯлоб маҳсуб ёфта, Ҳусния ба хотири пеш бурдани касабаи аҷдодӣ таҳсилро дар муассисаи олӣ идома дода натавонист.
- Падарам бо мақсади заргари касбӣ шудану пешаи аҷдодиро, аз худ намуданам, маро пурра ба ин кор банд намуд,- ба ёд меорад он рӯзҳоро Ҳусния. - Корро дар дукони ҳунармандии бародари шодравонам усто Ҳусайн идома додам. Бо шарофати бародари кордонам дастранҷи ҳунармандиҳои мо дар тамоми гӯшаҳои кишвар муаррифӣ мешуд. Вақте моро ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба кишвари Африко даъват намуданд, шодию хурсандиам ҳадду канор надошт. Дар тарадуди омодагӣ ба ин сафар будем, ки барои ман хостгор омад».
Дар ин асно падари Ҳусния назди хостгорҳо шарт мегузорад, ки духтараш бояд касабаи аҷдодиро идома диҳад.Ҳамин тавр, баъди ҷашни арӯсӣ рӯзе ба хонаи зодмандонам рафта, сандуқи пур аз асбобу анҷоми ҳунармандиамро ба хонаи шавҳар овард. Бо гузашти айём собит гардид, ки шарти ба хостгорҳо гузоштаи Усто Исмат ҳикмати дигар доштааст. Чун дар ҳаёти оилаи ҷавон рӯзҳое пеш омад, ки рӯзгори хонаводаи онҳо аз ҳисоби даромад аз ҳунари заргарӣ пеш мерафт.
- Бо гузашти айём ҳамсарам низ ба ин ҳунарм заргарӣ мароқ зоҳир намуда, минбаъд шарику дастёри боэътимодам гардид,- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Ҳоло Ҳусния бо аҳли оилааш дар шаҳри Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекунад. Дар ин ҷо нахуст дӯкони хурдакакеро кушода ба кор шуруъ намуд. Сифати кору хизматрасониҳои онҳо ба мизоҷон хуш омад, ки рӯз ба рӯз сафи харидорону касобмӯзон зиёд мегашт. Билохира орзуҳои ҷавонии ӯ ҷомаи амал пӯшиду дар соли аввали фаъолият Корхонаи заргарии "Майрамбибӣ"-таъсис дод. Вакте аз ин рӯйдод модарашро огоҳ кард, аз он сӯйи телефон овози ларзоне танинандоз шуд; "Духтари ҷасури оча, охиран ба орзуҳои наврасиат расидӣ?!".
Ӯ бо изтиробу ҳаяҷони зиёде кору пайкори даврони наврасӣ, гирди суфраи хони зодмандон ба хотир меовард, ки баъзан аз шӯру шавқу ҷавонӣ таъкид мекард: "Рӯзе мешавад, ки соҳиби дукону ширкати шахсӣ мешавам".
Ҷамолиддин Сайфиддин