Саъбагулро аслан модараш ҳунарманд буд ва дар хуну пӯсташ ин пеша аз хурдӣ маъво дошт. Айёми наврасиашро ёд дорад, ки филми бразилии «Танҳо Мария» тамоми бонувони ҳамсояро мафтуну мухлиси ҳунар ва истеъдоди қаҳрамони асосии ин намоиш гардонда буд. Ӯ низ аз завқи духтарони ҳамсоя шавқ мебурду назди оинаи нилгун нишаста, филми мазкурро тамошо мекард. Як зане, ки бо ҳунармандиаш дар ҷомеа обрӯю эътибор пайдо намуд ва ҳамаи мушкилии зиндагиашро дар танҳоӣ худаш бартараф мекард, тимсоли зиндагии ӯ гардид. Саъбагул орзуи чун Марияи чевар ҳунарманди асилу кордон шуданро дошт. Аз модар омӯхт он ҳунаре, ки дошт, ба мисли қуроқдӯзию гулдӯзӣ ва аз хоҳарон зардӯзиро. Адрасу қолинбофиро дар курси махсусе, ки Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда буд, фаро гирифт.
– Холаам Меҳриннисо Қурбонова дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагӣ таъсис дод. Дар он ҷо занону духтарони корҷӯ бо шуғли доимӣ таъмин гардидаанд. Солҳост, ки ба дӯзандагӣ машғулам ва бо хоҳиши ҳамсоязанҳо сунҳору духтаронашонро ба шогирдӣ гирифтану ба онҳо ҳунар омӯзонданамро холаи Меҳриннисо медонист. Аз ин хотир, ман ҳам, ки интизорӣ аз дастгириҳо доштам, аз холаи ҳунарвару ботаҷрибаам дар бораи чӣ тарз ба роҳ мондани кор маслиҳат пурсидам, – мегӯяд Саъбагул Абдуллоева.
Ӯро хислати ташаббускорию некандешӣ водор кард, то ёвари дӯстдорон ва шавқмандони ҳунарҳои мардумӣ бошад, вагарна соҳибҳунар асту рӯзиашро аз пушти пешааш меёфт. Ӯ шоҳиди зиндагии ҳаррӯзаи бонувони рустоист ва ба мушкили деҳнишинҳо балад мебошад. Аксаран бонуи хонадонро муҳоҷирати шавҳар саргардону дастнигар кардааст ва мушкили хонаводагӣ аз нигоҳи иқтисодӣ ба дӯши онҳо афтидааст. Аз ин хотир, дастгирии занонро дар касбомӯзӣ кори савоб медонад.
Ба иқрори ӯ, ҳар каси ҳунарманд бояд дар ҳифзи ин пеша худро масъул ангорад, то ҳунармандони муосир низ ба хотири рӯҳи поки гузаштагон ҳунарҳои мардумиро аз вартаи нестшавӣ эмин доранд. Саъбагул ба дигарон омӯзондани намудҳои ҳунарҳои халқиро рисолати аслии худ медонад ва ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ» ва дигар барномаҳоро, ки барои дастгирии таъсисдиҳандагони гурӯҳҳо ҷиҳати амалӣ гаштани ҳадафҳои бонувони ҳунарманд пешниҳод шудаанд, бамаврид меҳисобад.
Ӯро холааш Меҳриннисо барои ҳамкорӣ бо маркази шуғли аҳолии шаҳри Норак ҳидоят кард. Иқдомашро роҳбарияти марказ хуш пазируфт ва ваъдааш намуд, то дар ин масъала дастгирӣ ва кумакаш кунад.
– Ҳунарҳои зиёдро омӯхтаам ва орзу дорам, ки корхонаеро барои бонувони бидуни шуғли деҳаи Сари Гузар – 2 шаҳри Норак таъсис диҳам, то онҳо тавонанд дастмузде аз заҳматашон ҳосил кунанд. Барои оғози кор феълан дар хонаи шахсиам бо мошинаҳои дарздӯзӣ ва дуконҳоям зиёда аз 20 духтаракро ҳунар меомӯзонам. Аллакай аксарашон мустақилона ба дӯхтани куртаҳои занона ва зардӯзию гулдӯзӣ машғуланд. Дар бинои Ҷамоати деҳоти Дуконӣ синфхонаеро ба ихтиёрам додаанд, ки ҳанӯз барои фаро гирифтани бонувон ба омӯзондани адрасбофӣ омода нест. Тармиму таъмири синфхона ва илова ба он таҷҳизоту мошинаҳои чокдӯзӣ ва дукони адрасбофию қолинбофиро маблағи муайяне мебояд, то он мавриди истифода шавад, – бо таассуф мегӯяд ҳамсуҳбатам.
– Дар баробари ба бонувони деҳа ҳунарҳои гуногуни мардумиро ёд додан, боз ба занбӯрпарварӣ шуғл дорам. Ин пешаи аҷдодӣ аст, ки аз волидони шавҳарам мерос гирифтаам, – ба қуттиҳои занбӯри асали байни ҳотааш ишора карда, қаноатмандона иқрор меояд ва пас аз андак таваққуф меафзояд:
«Оилаи занбӯрҳо нигоҳубини махсусро тақозо мекунад. Давраи бо ғизо таъмин намудан ва асалкашӣ вақти хеле ҳассос мебошад, ки бо андаке иштибоҳ метавон заҳмати яксоларо талаф дод. Ҳар сол то 100 - 150 килограмм асал ҷамъоварӣ мекунем ва як нимаи рӯзиамонро аз фурӯши он ҳисобӣ мекунем».
Воқеан, дар ин иртибот низ дасти сахою мадади хонадонро мардуми таҳҷоӣ эҳсос намуданд. Зеро чанд оилаи занбӯрро волидони шавҳар ба навхонадорон туҳфа намуданд, то дар рӯзгорашон аз ҳосилаш масраф намоянд. Фатҳулло - шавҳари Саъбагул, ки падараш занбӯрпарвар буд, дар ин пеша балад шуда, оилаи занбӯрро афзун кард. Ҳоло, ки 26 қуттии занбӯрро парвариш мекунад, як нимаи рӯзгорашонро аз баракати ҳамин пеша таъмин менамояд.
Саъбагул Абдуллоеваро шавҳараш, ки ба ҳайси барқчӣ дар Неругоҳи барқи обии Норак ифои вазифа мекунад, гоҳе бо сабаби навбатдорӣ наметавонад ба нигоҳубини занбӯр сарукор гирад ва ӯ ин масъулиятро анҷом медиҳад. Панди волидонро хуб ба гӯш ҳалқа намудааст, ки гуфта буданд: «Зан аз даруни хона, мард зи беруни хона гар сариштакор шаванд, зиндагӣ обод гардад». Саъбагул баракати зиндагиашро аз ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббати самимиашон медонад.
Қутбияи Неъматулло