Зуҳро Раҳимова - омӯзгори забони русии гимназияи давлатии ноҳияи Ховалинг.
Бештар аз 45 соли умри худро сарфи кори таълиму тарбияи насли наврас намудааст.
Соли 1972 риштаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ба итмом расонда, то соли 1973 дар ноҳияи Темурмалик омӯзгор буд. Минбаъд фаъолияташро дар мактаби №1 ноҳияи Ховалинг идома додааст.
Соли 2002 тибқи озмун ба гимназия ба кор пазируфта шуд ва 15 сол мешавад, ки дар ин даргоҳ фаъолият мебарад.
Воқеан, омӯзгорони асил ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбанд, ҳамон тавре, ки ҳастанд, ҳамон тавр мемонанд. Онҳо, ба қавле, усул ё салиқаи хоси сабақомӯзию дарсдиҳӣ доранд, ки маҳз бо ҳамин ҳунар аз дигар омӯзгорон фарқ мекунанду ба дили шогирдон роҳ меёбанд.
- Кӯдаконро набояд нодида гирем ва бо чашми кам нигарем, зеро онҳо аз мо зирактаранд. Онҳо ташнаи гапи наву сухани тозаанд ва аз устод низ ҳамеша инро интизоранд. Чун донанд, ки дар гуфтаҳои устод гапи наву ҷолибе нест, эътиборашон ба дарс кам мегардад, таваҷҷуҳашон коҳиш мехӯрад, - иқрор меояд З. Раҳимова.
Омӯзгорӣ шуғли пурзаҳматест ва маҳз ба шарофати омӯзгори ҳақиқӣ шогирдон ба ҷое мерасанд. Ин аст, ки то ба имрӯз, ҳеҷ шогирде аз пеши худ, бидуни таҳрики омӯзгор муваффақ наомадааст.
Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:
Хеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Муаллима Зуҳро Раҳимова дар тӯли фаъолияти омӯзгории худ садҳо шогирдонро тарбия карда, ба кору зиндагӣ раҳнамун сохтааст, мақому манзалат бахшидааст.
Ӯ бо вуҷуди ин қадар обрӯю эҳтиром ва мақому манзалате, ки миёни мардум ва шогирдони худ дорад, боз як каси одию хоксор ва заминию беозорест ва имрӯз ҳам ба солмандии худ нигоҳ накарда, дар ин пешаи пурзаҳмат фаъолият мекунад…
Дар кори ӯ як умумиятеро бо амали ҷавҳаршиносон дарёфтам. Ҷавҳаршиносон, вақте ки алмосро пора карданӣ мешаванд, ӯро болои сандон гузошта, бо путк намекӯбанд. Зеро алмос ё ба путк медарояд, ё ба сандон. Онҳо дар ин маврид аз болғачаи сурбӣ истифода мекунанд. Аҷобат он аст, ки ин болғачаи нарм, алмосро бо як зарба пора мегардонад…
Муаллима, бо бачаҳои хунгарму тундхӯй, ки бо хирасарию дилозорӣ ном баровардаанд, ба лаҳну лафзи лаҳм гуфтугӯ мекунад ва ба қалбҳои сангинашон роҳ мекушояд. Гуноҳу хатоҳояшонро ба рӯяшон мегӯяд. Ба онҳо мефаҳмонад, ки дар зиндагӣ наметавон бо ин сабукӣ, тундию тезӣ ба ҷое расид. Ӯ бо ин нармдилию меҳрубонӣ ба шогирдон таъсир мерасонад. Ин амалҳои ӯ ҳамеша натиҷаи мусбат ба бор меоранд ва шогирдон низ ҳар кадоме ӯро мисли модарашон дӯст медоранду эҳтиром мекунанд.
- Ман дар оилаи омӯзгорон ба дунё омадаам. Падару модарам омӯзгор буданд. Падарам, Эмом Раҳимов - Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи маорифи ноҳияи Темурмалик хизматҳои шоиста кард. Ӯ солҳо сарварии мактаби №1- ро ба уҳда дошт. Модарам Фарида Каримова низ омӯзгор буд. Мо дар муҳити чунин хонавода ба камол расидем. Ин буд, ки ман ва хоҳарам Зулайхо, пушти пешаи омӯзгорӣ рафтем.
Дар суҳбате, ки бо муаллима Зуҳро Раҳимова доштам, хислатҳои зиёди ин зани оқила бароям рӯшан гаштанд. Чизи аз ҳама писанд он буд, ки муаллима бо забони хеле тоза ва фасеҳи русӣ ҳарф мезад. Ҳамин далел, ки ӯ забони русиро ин қадар хуб медонад, кофист, то бигӯям, ки ӯ беҳтарин омӯзгори ин фан аст ва нонашро умре ҳалол хӯрдааст.
Ҳангоми суҳбат муаллима, бо ман русӣ муошират кард ва ба ҳама пурсишҳоям низ русӣ посух дод. Ҳарчанд барои ин амалаш узр хост, ман аз ин забондонии ӯ болидаму ҳавас хӯрдам. Ифтихор намудам, ки чи гуна як зани кӯҳистонӣ бо забони дигар метавонад ин қадар озоду равон, бехато такаллум намояд.
Директори гимназия Тоҷиддин Мирзоев, ки хеле ҷавони қобилу доност, барои пешрафти таълимгоҳ ҳама кори аз дасташ омадаро анҷом додааст. Ӯ ҳангоми суҳбат гуфт:
- Гимназия ба ин гуна омӯзгорони мумтозу борикназару таҷрибадор ниёз дорад ва мо аз донишу малакаи ӯ истифода мебарем.
Оре, омӯзгорони ҳақиқӣ воқеан ҳам ганҷинаи бебаҳоянд, чаро ки рисолати азалӣ доранд, ки то вопасин нафас масъулияти мазкур дӯшбори онҳост. Муаллима Зуҳро Раҳимова инро хуб медонад ва ӯ худро ҳеҷ гоҳ аз ин масъулияти бузург канор намегирад.
А. ҲАБИБУЛЛОПУР