Дар қарнҳои мозӣ ва имрӯз дар шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон, аз қабили Истаравшан, Исфара, Кӯлоб, Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом як тарзи идораи хуб, муассир ва қобили қабул ин маҳалладорӣ маҳсуб мегардид ва мешавад, зеро шахсони ботаҷриба ва рӯзгордидаи мо дар ҳама ҳолат тарзи зисту зиндагонӣ ва муносибати сокинонро таҳти назорат қарор медиҳанд ва бо пеш омадани мушкил бо аҳли хонаводаи шахси муқассир ҳамсуҳбат шуда, ҷиҳати ислоҳи кор якҷоя талош мекунанд.
Аз ин рӯ, миёни маҳаллаҳои шаҳр пайваста як озмуни эъломнашудае ҷараён дорад. Ашхоси ботаҷриба ва рӯзгордида талош мекунанд дар ҷараёни сабзгардонӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ, китобхонаҳо ва сехҳои тавлидӣ аз маҳаллаҳои дигар ақиб намонанд ва дар хушахлоқию тарбияи наку гирифтани фарзандон ба падару модарони ҷавон ҳамеша кумак намоянд.
Ногуфта намонад, ки чунин тарзи муносибат ва зист асрҳо боз сабаби тарбияи дурусти ватандӯстии ҷавонон будааст. Боре тасаввур кунед, вақте кӯдак аз хурдӣ бо мардуми маҳалла ҳамчун бо хешовандони худ бархӯрд мекунад, вақте аз хурдӣ мебинад, ки меҳону кеҳон дар гирду атроф ниҳол мешинонанд ва ба дарахтону сабзаҳо об медиҳанд, дар тамизу тоза нигаҳ доштани кӯчаву барзанҳо якҷоя саҳм мегиранд, вақте ҳар рӯз мебинад, ки бачаҳои маҳал аз рафиқи худ дар баробари ҷавонони дигар ҷо пуштибонӣ мекунанд, маҳалли хешро чун хонаи падару модар пазиро мегардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар рӯзҳои хушиву мотами хонавода ҳамсояҳо ва мардуми маҳалла рӯзро рӯз нагуфта, шаб нахобида масъулияти анҷоми ҳама корро бар дӯш мегиранд. Фарзанди як оиларо мисли фарзанди худ ба сафар гусел мекунанд, дар ҷашни арӯсии ӯ хидмат мекунанд, агар ин шахс дар риштае муваффақ шуд, ҳамроҳи зодмандонаш шодию хурсандӣ хоҳанд кард.
Таърих борҳо бароямон собит кардааст, ки барои паҳлавони номдор гардидани як ҷавон саҳми мардуми маҳалла аз падару модар ва худи ӯ камтар нест. Барои тамринҳои пайваста шароит муҳайё мекунанд, агар аз назари таҳия ва истеъмоли ғизои қавӣ хонавода мушкил дошта бошад, дастҷамъона мадад мерасонанд ва дар ҷараёни сабқат дар майдон миён муҳкам мебанданд ва аз назари равонӣ дастгирӣ хоҳанд кард, зеро обрӯи як паҳлавон, қабл аз ҳама, обрӯи маҳалла маҳсуб мегардад.
Рафтори накуву отифаи духтарони шарқӣ низ аз тарбияи маҳалла сарчашма мегирад. Аз замони ба кӯдакистон рафтани як духтар хурду бузурги маҳалла ба ӯ ҳамчун ба духтар ва ё хоҳари худ муносибат мекунанд. Вақте ба мактаб меравад, бачаҳои маҳалла аз ӯ муроқибат мекунанд, то наврасе ба вай ҳарфи носазое нагӯяд. Агар донишҷӯ шуд, боз ҳам ҳамдеҳаҳо дар ҳар мавриди муносиб барояш ёрӣ хоҳанд расонд ва вақте ин духтар дар риштае мутахассис мегардад, ба мардуми худ аз дилу ҷон хидмат хоҳад кард. Баъд аз издивоҷ низ фарзандонаш ба хонаи волидон ва маҳаллаи ӯ бидуни тардид меоянд ва ҳамчун одами худӣ пазируфта мешаванд.
Агар оилае мотам дошта бошад, то се рӯз аҳли даргоҳ хӯрок тайёр намекунад, зеро ин корро ҳамсояҳо ва мардуми маҳалла бар дӯш мегиранд, ғаму андуҳи ин оиларо бо ҳам қисмат менамоянд. То гузаштани сари сол онҳо муроқиби ҳолу аҳволи ин хонавода мешаванд, ҳам аз назари моддӣ ва ҳам аз назари равонӣ ба онҳо дасти ёрӣ дароз хоҳанд кард.
Чунин тарзи муносибат қарнҳо боз дар шаҳрҳои мо арзи ҳастӣ дошт ва имрӯз ҳам ба ҷуз пойтахти кишвар ҳифз шудааст. Як сабаби коҳиш ёфтани ахлоқ миёни ҷавонон дар шаҳри Душанбе адами ҳастии идораи маҳаллавӣ мебошад. Чунки мардуми як маҳаллаи пойтахт аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ буда, ба ободу зебо будани маҳалла ва тарбияи наврасону ҷавонон бетафовутӣ зоҳир менамоянд. Як иллати чунин муносибат надоштани фарҳанги шаҳрдорӣ мебошад. Бархе аз сокинони пойтахт ба ҳич қавонине худро пойбанд намебинанд. Тамизу озода ва зебо будани маҳалла барояшон аҳамият надорад, рафтору ахлоқи фарзандони худ ва ҳамсоя ҳам барояшон муҳим нест. Ба ҷои ниҳоле шинондан, чанд дарахтро мебуранд. Дар хиёбону барзанҳо суханҳои дағал ва қабеҳ мегӯянд. Ба назар мерасад, ки насли ояндаи чунин ашхос нисбат ба онҳо хеле бадтар хоҳад шуд ва ин падидаи манфӣ ба фарҳанги шаҳрдории дигарон ҳам таъсири баде хоҳад дошт.
Дар иртибот ба ин мавзӯъ матлабҳои зиёде дар саҳафоти маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳурӣ мунташир гардидаанд, аммо аз сабаби китобхону рӯзномахон набудани ҳамин қишр чунин матлабҳо натиҷаи мусбат ба бор намеоранд. Файласуфи фаронсавие навишта буд, ки миллатҳо ниёз ба тарбия доранд! Ҳақиқат доштани ин гуфтаҳо имрӯз бармало рӯшан аст. Фикр мекунам, агар таҷрибаи дигар шаҳрҳои Тоҷикистонро дар тарзи идораи маҳаллавӣ рӯи кор биорем, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Илова бар ин, соле чанд маротиба байни маҳаллаҳои пойтахт пиромуни ободкорию тарбияи насли наврас озмунҳо баргузор гарданд, бар суди мо хоҳад буд.
Фурсат расидааст, ки аҳли илму эҷод ва масъулини ришта зимоми корро бар даст бигиранд ва ҳамчунин қавонине рӯи даст биоянд, ки масъулияти ҳар шаҳрванд ва сокини пойтахтро таъйин намоянд ва барои ахлоқи наку мукофоту барои зиштгӯиву муносибати бад ҷазо пешбинӣ гардад. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо пиромуни ашхоси фаъолу рафтори накудошта матлабҳои хуб ва дар иртибот ба рафтори зишти бархе ҳамватанон мақолаҳои интиқодӣ мунташир гарданд. Агар чанд дафъа интиқод натиҷа надод, онҳо ба фаъолияти ислоҳкорӣ фаро гирифта шаванд. Умед аст, ки чунин муносибат рафтори баъзе сокинон ва меҳмонони пойтахтро ислоҳ ҳоҳад кард, зеро бо ислоҳ шудани сокинон ҳатман меҳмонон тағйир хоҳанд ёфт. Агар дар ҳолати партофтани чизе мо ҳамчун соҳибхона ба онҳо бигӯем, ки «бародарон, партовро дар қуттии ахлот партоед», ночор гирифта он ҷо мегузоранд ва дафъаи дигар қабл аз анҷоми кор сари ахлоқи худ меандешанд.
Эмомалӣ Сайидамирзод