Тибқи гуфтаи Насиба Ҷумъаева, мутахассиси сехи адрасбофӣ, васеъ намудани майдонҳои ин навъ дарахти тут имкон медиҳад, ки дар як сол ду маротиба парвариши кирмаки пилларо ба роҳ монд.
Дар мавсими имсолаи ҷамъоварии пилла, бинобар афзудани ҳаҷми кор шумораи коргаронро дар сехи коркарди абрешими ин корхона ду баробар зиёд намудаанд. Ба гуфтаи Додарбек Мунавваров, роҳбари кулли ҶДММ «Дук», солҳои қабл корхона бо пиллапарварони ноҳияҳои Н.Хусрав, Шаҳритусу Қубодиён шартномаҳои ҳамкорӣ мебастааст, имсол бошад, бобати харидории маҳсулоти пиллапарварони ноҳияи Хуросон низ шартнома ба имзо расидааст.
- Мо нахи абрешимро коркарди аввалия намуда, онро ба хориҷи кишвар содир мекунем, зеро барои коркарди пурраву истеҳсоли маҳсулоти абрешимӣ дастгоҳу таҷҳизоти лозима надоремю Мақсад гузоштаем, ки дар ояндаи наздик коркарди пурраи нахи пурқиммати абрешим ва истеҳсоли атласи тозаро дар ноҳияи Шаҳритус ба роҳ монем, - мегӯяд раиси ҶДММ «Дук» Д.Мунавваров.
Бинобар иттилои Зайниддин Абдураҳимов, сармуҳандиси корхонаи мазкур, дар даҳ дуконҳои бофандагии сехи адрасбофии ин корхона 20 тан духтарон машғули кору омӯзиши ҳунаранд. Дар ҳар дукон як мутахассису як нафар касбомӯз кор мекунанд. Коргарон аз ҳар метр адраси бофтаашон вобаста ба сифати он 4-5 сомонӣ ҳақмузд мегиранд.
- Мо бофандаҳое дорем, ки рӯзе 9-10 метр матоъ бофта, то 50 сомонӣ даромади соф ба даст меоранд. Дар асл коргоҳҳои бофандагӣ вақте фоидаовар шуда метавонанд, ки тамоми мавсими сол фаъолият намоянд. Аз ин лиҳоз, айни замон сехи адрасбофии корхона фоидаовар набошад ҳам, онро ба хотири таъмини ҷойҳои кор барои бонувону духтарони хонашин, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи он бояд ба роҳ мондаем,- иброз медорад сармуҳандиси корхона.
Ба фаъолият шурӯъ кардани сехи адрасбофӣ сабаб шуду Сарвиноз Маҳмудзода, сокини деҳоти «Обшорон»-и ноҳияи Шаҳритус ҷойи кор пайдо кард.
- Баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ду сол кор меҷустам, то каме ҳам бошад дар таъмини рӯзгори хонавода саҳм гирам. Бо кушода шудани сехи адрасбофӣ мо 10 тан духтарони маълумоти касбӣ надоштаро ба омӯзиши кор дар дуконҳои адрасбофӣ даъват намуданд. Барои духтарони хушзеҳну лаёқатманд 15-20 рӯз кифоя аст, ки нозукиҳои ин ҳунарро омӯзанд, - мегӯяд Сарвиноз..
Дар сехи адрасбофӣ 8 навъи адрас бофта мешавад, ки дар бозорҳои маҳаллӣ серхаридоранд. Ҳадафи аслии муассисони корхона омӯзиши ҳунарҳои бофандагӣ ба духтарони маҳаллист. Дар оянда чунин дуконҳоро дар хонаҳои бофандаҳо низ насб хоҳанд кард, то бонувони ҳунарманд дар шароити хона ҳам ба кори музднок машғул шаванд.
Ҷамолиддин Сайфиддин