Дар рушди ин риштаи мусиқӣ саҳми бонувон низ кам нестанд. Яке аз соҳибмактбони ин самт Барно Исҳоқова буд, ки то имрӯз пайравони мактаби ӯ ин анаъанаи неки ниёгонро давом дода истодаанд. Хунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ дар як суҳбаташ зикр намуд буд, ки: «Баъди аз Тоҷикистон рафтани ҳунарманди маҳбуби мо, устоди Шашмақоми дунё Барно Исоқова ва дар умум яҳудиҳои Бухоро ҳама гумон мекарданд, ки мусиқии Шашмақом дар мо рӯ ба таназул хоҳад овард. Мо ба устодони санъати яҳудӣ ташаккур мегӯем, ки ин қадар сол санъати Шашмақоми моро тақвият доданд. Лекин Шашмақом санъати миллии тоҷик аст».
Ба муносибти «Рӯзи Шашмқом» суҳбате оростем бо ҳунарманди мардумӣ, мақомсаро бону Луҳира Муминова, ки роҷеъ ба имрӯзи Шашмақом махсус қайд кард:
- Баъд аз фармони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди Шашмақом дигаргуниҳои назаррасе ба амал омаданд. Таъсиси ансамблҳои мақомсароӣ, нашри бисёрҷилдаи асарҳои Шашмақом, бунёди студияҳои бачагонаи шашмақомхонӣ, эҳё ва инкишофи силсилаи устоду шогирд ба роҳ монда шуд. Метавон гуфт, ки ин падидаҳо гувоҳи равнақи ин шоҳномаи мусиқӣ буда, Шашмақом дар ҳоли рушд аст. Ҳаводору шунавандаи ин шоҳасари мусиқӣ чи дирӯз чи имрӯз аҳли маънианд. Суруду таронаҳои Шашмақомро нафаре таҳаммул карда метавонад, ки аз маънӣ бархурдор аст ва мо кушиш мекунем, ки бештар ба завқи тамошобини бомаърифат ва ориф тарона сароем.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз таъсиси гурӯҳҳои мақомхонон дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, ноҳияҳои Файзобод, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Рашт як қадами муҳиме дар роҳи умумимиллӣ шудани мусиқии Шашмақом буд. Гуфта мешавад, дар вилояти Суғд аз ибтидо мусиқии "Шашмақом" ҷойгоҳи хоси худро дошта ва пас аз фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди эҳё ва рушди мусиқии "Шашмақом" дар соли 2000 теъдоди гурӯҳҳои мақомхон дар шаҳру навоҳии ин вилоят бештар шудаанд. Аз соли 2003 дар Тоҷикистон ба манзури эҳёи анъанаҳои "Шашмақом" Академияи мақом таъсис шуд. Дар ин муддат навъи иҷрои мусиқии "Шашмақом" тавассути сози танбур, ки хеле мушкил буда ва дар солҳои ахир тақрибан аз байн рафта буд, эҳё гардид. Ҳамчунин, иҷрои оҳангҳои "Шашмақом" тавассути доира ва анъанаи силсилахонӣ дубора зинда шуд.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, имрӯз дар кишвар сафи бонувони мақомсаро бештар гардидааст:
- Бонувон барои ҷовидонӣ шудани санъати Шашмақом заҳмат кашида истодаанд. Сари мавзуи гуворотар будани садои занонаву мардона дар мақомсароӣ андешаҳо гуногунанд. Гуруҳе мегӯяд, ки сароидани Шашмақом ба садои мардҳо наздиктару гуворост, аммо ҷамъи дигар садои бонувонро мувофиқтар ба ин шоҳкорӣ медонанд. Бояд гуфт, ки бо ворид шудани садои малакутии устодам мақомсаро - Барно Исҳоқова ба Шашмақом ҳама андешаҳои носим аз байн рафт ва имрӯз банда ва бонувони ҳунарманди шашмақомхон идомадиҳандаи кори устодонем ва паҳлӯ ба паҳлӯ бо мардони ромишгар Шашмақомро поянда медорем.
Перомуни шунавандаи имрӯзи Шашамақом Луҳира мегӯяд:
- Аз ин хотир ки, ғоя, авҷу фароз ва тӯлонӣ будани суруди мақом ба дили ҷавонон наздик нест, онҳо бештар мусиқии сабукро дӯст медоранд. Аммо насли калонсол пайваста ин мусиқиро тавассути шабакаҳои телевизион ва радио гӯш мекунанд.
БУЗУРГМЕҲР