Рӯзи ид соҳибхоназан аз ганҷур косаи орд гирифта, бо дуои „Бисмиллоҳир раҳмонирраҳим, Шогун баҳор муборак!“ ба хона медарояд ва ба ҳар панҷ сутуни хона чун рамзи тоза шудани хона аз неруҳои аҳриманӣ, хушбахтӣ ва фаровонӣ орд мепошад. Аз орду равған бо омехтаи шир хомлапа мепазанд ва онро бо ҳамсояҳо бо ҳам мебинанд.Чун аҳли хонавода сари ғизо ҷамъ меоянд, бо „дуои биомурзиш“ „биомурзида падар, биомурзида модар, биомурзида ҷамъи арвоҳи калонон ва осудагон, биомурзида бошед, аз моён ёд ва аз шумо қуввату мадад“ гузаштагонро ёд мекунанд.Сари дастархон ҳар кас андеша мекунад, ки дар давоми сол кадом амали хубе ба хотири шод намудани хотири арвоҳи гузаштагон анҷом додааст ва бояд кадом кори хайри дигарро анҷом диҳад.
Кочӣ, ки аз орду равған ва шир пухта мешавад, таоми дигари ҳатмии ҷашнист.Хабаргирии хешу табор ва ашхоси ниёзманд низ дар ин рӯз ба ҷо оварда мешавад.Шоми аҳли деҳаро маҳфили фарҳангии шабафрӯз бо мадҳияхонӣ, дафсоз ва қиссахонӣ гарм месозад.
Батайём-маросими дигари омодагӣ ба Наврӯзи Бузург аст, ки давоми се рӯз одатан 18–21 феврал таҷлил мегардад. Рӯзи аввали он ба чоршанбеи далв, ки муваккали фариштаи борон аст, рост омада, мардум хонаҳоро бо гаҷ сафед мекунанд, вале дар баъзе маҳалҳои дурдаст ҳанӯз тибқи анъана барои ин кор хоки сафедро истифода мебаранд. Дар кӯҳистон хок қадри зар дорад ва дар ин рӯз маросими махсуси „хокдуздӣ“ вуҷуд дошт. Марди хона кулчаҳои табаррукӣ дар бағал ва сабад дар пушт ба сӯйи теппа рафта, аз он ҷо хоки сафед меорад ва бо он хона сафед мекунаду муште аз онро барои афзун шудани баракат ва қуввати хок ба қитъаи замини кишташон мепошад.
Маросими хонатаконӣ ва хонагаштаки бачаҳои хурдсол, ки аз равзани хона шоландозӣ намуда, савғотии наврӯзӣ талаб мекунанд, дар Рӯшон дар Батайём баргузор мешавад.Дар Шуғнону Ишкошим ва Роштқалъа бошад ин маросимҳо дар Хидирайём ё Иди Бузурги сари сол 21–22 март гузаронда мешаванд.
Дар гузарондани маросимҳо бонувон бо мардон нақши баробар доранд. Бонувон бо ғизоҳои беҳтарин дастархони идонаро оро медиҳанд. Орд- рамзи покӣ, фаровонӣ, бахти сафед буда, кадбону гарди онро дар ҷавоби саломи наврӯзӣ ба китфи рости аҳли хонавода мепошад. Дар деворҳо ва сутунҳои хона бо орд нақши офтоб, моҳтоб, ситораҳо, дарахти арча, гулҳо, кабк, кафтар, нахчир, чӯпон, рамаи гӯсфандон ва хӯшаи гандум, ки рамзи хайру баракат, саодат, фаровонҳосилӣ, сарват ва тандурустӣ ҳастанд, зада мешавад. Аз орд бо омехтаи ширу равған ва донаҳои чормағз нону кулча ва таомҳои гуногун ба мисли бат мепазанд. Вожаи Батайём аз номи ғизои маросимии наврӯзии бат гирифта шуда, он аз орди гандуми навъи сурхак, шир, равған ва қанд ё талқон омода мегардад.
Тухбарорӣ маросими савуми наврӯзии сокинони Рӯшон аст.Он ба хотири баракату ҳосили фаровон дар соли нав гузаронда мешавад.Шахси калонсол дар табақ ду қумоч-нони идонае, ки болои лахчаҳои хокистари танӯр пухта мешавад ва ду дона нони чангмол-ноне, ки бо ангуштон рӯяшон нақшҳо гузошта шудааст ва кулчае, ки аз рӯйи шакл ба забони барзагов монанд аст, косаи гандум ва зоғнул ё испори хурдакакро гирифта, ба сари замин меравад. Дар замин ҷӯяк кашида, бо дуои „Ё Бобои Деҳқон, як донаи моро ҳазору аз ҳазор бешумор, каҳ андаку дона фаровон бикун. Ризқу рӯзии ҳалол насиб шавад.Омин“ донаҳои гандум ба замин мепошад.
Пеш аз Наврӯзи Бузург ҷашни дигарест, ки онро Чоршанбесурак меноманд.Маросим шаби чоршанбеи охири моҳи сафар ба ҷо оварда мешавад. Хурду бузург ресмони сурх ба гардан меовезанд ва аз болои гулхан, ки мобайни деҳа афрӯхта мешавад, бо нидоҳои „балоҳо рад“ меҷаҳанд.Ин маросим, ки балогардон ҳам ном дорад, айн ҳол фақат дар деҳоти дурдасттарин боқӣ монда, моҳияти он покшавӣ аз гуноҳҳо ва пешгирӣ аз балоҳост.
Панҷумин маросим фарорасии Наврӯзи Бузург аст, ки дар Рӯшон онро Гъамунд ном мебаранд.Ба гуфти сокини ноҳия Пайшанбе Давлатов, агар Сада ҷашни офтоб бошад, Наврӯз ҷашни замин аст ва вожаи „гъамунд“ маънои заминро ифода мекунад, яъне ҷашни будишу рӯиш ва ҳаёт дар рӯйи замин. Ба назари фарҳангшиносон вожаи „гъамунд“ аз забони суғдӣ бармеояд ва номи моҳи нахустини тақвими шамсии суғдиён- жимандич ҷашни Наврӯз ва Иди кишоварз мебошад.
Гъмунд ё жимандич аз ду рӯз иборат буда, 21–22 март ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи аввали он маросими Боғнахътайд ва ё Сайри Боғ ва Остоннахътайд ё Сайри Мазор мегузарад. Аз сето нони махсуси ба ин муносибат пухташуда, кадхудои хона дутои онро болои табақ гузошта, ба назди боғ ё остон мебарад ва шахсони дучоромадаро ба тановули нон даъват менамояд. Остонро зиёрат намуда, ба боғ ва дарахтон, ки аз меваҳои биҳиштиашон ком ширин менамуд, ба хотири шукрона ва ҳосили фаровон, салом мебарад ва боғро аз шохаҳои шикаста тоза мекунаду даричаи онро мебандад, то ҳайвонот ба дарахтон зарар нарасонанд.
Рӯзи дувуми гъамунд аз барномаи фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ иборат буда, дар давоми рӯз мардум ба муборакбодии ҳамдигар ва хешу табор ба хонаҳои ҳамдигар мераванд. Наврӯз ҷашни офтобу замин аст ва бонувон бо баромадани нурҳои офтоб бо садои даф, ки мисли офтоб ва замин шакли гирд дорад, ба мардум муждаи наврӯзӣ мерасонанд.
Рӯшон минтақаест, ки анъанаҳои бостонии наврӯзӣ бештар аз ҳар ҷойи дигар дар ин макон боқӣ мондаанд. Наврӯз ва ё Шогун- рӯзи нав, хуҷаста ва нек бо шаҳомати хоса дар ин ҷо таҷлил мешавад, дарҳои мардуми ноҳия аз субҳ то шом барои ҳама кушода буда, дар ҳар хонавода ид аст. Бузургтарин зӯрозмоиҳои варзишӣ низ дар ин рӯз баргузор мегарданд.
Ш. Мирзоҷалол