Ба Саида доктори илмҳои филологӣ, адабиётшинос Аламхон Кӯчаров арзандатарин баҳоро додааст: „Саида Набиева як бонуи қаламкаш, як маорифчии собитқадам ва як рӯзноманигори бомаҳорат ва омӯзгори соҳибтаҷриба мебошад“. Дар радифи ин баҳои додаи устод Аламхон Кӯчаров фаъолияти Саидаро ба се қисм ҷудо мекунем:
Саидаи омӯзгор
Муҳаббат ба пешаи омӯзгорӣ ҳанӯз замони мактабхонӣ дар дилаш маъво гирифта буд. Меҳру муҳаббати мардумро ба падари омӯзгораш Фазли Набӣ медиду сараш ба осмон мерасид. Падари бедордилаш азизи ҳар хонадон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буд, аз дуру наздик мардум барои маслиҳату машварат наздаш меомаданд. Хеле серкор буд, вале барои фарзандонаш вақт меёфт. Бегоҳ аҳли оила сари дастархон ҷамъ омада, дар бораи илму маориф, шеъру сухан суҳбат мекарданд. Саидаи ҳушманд ҳар як сухани падарро дар зеҳнаш ҷой медод. „Аз пушти падар меравам“,- қарор дод ба худаш. Ва роҳ пеш гирифт сӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб. Дар конфронсу семинарҳои донишгоҳ бо ширкати фаъолаш устодонашро дар ҳайрат мегузошт. Ҳамагон фикр мекарданд, ки баъди хатм дар ин даргоҳ мемонад, аммо…
Дипломи хатми донишгоҳ дар даст сӯи падар шитофт. Падараш чизе, ки гӯяд…
„Духтарам, ҳаёт мактаби бузургест, мактабест, ки дар он на ҳар кас омӯзгори хуб шуда метавонад. Оне, ки аз имтиҳони мактаби ҳаёт мегузарад, омӯзгори хуб мешавад“, -гуфт падар. Ба шавҳар баромад ва корро дар мактаби рақами 1 ноҳия шурӯъ кард. Қисмат набудааст, шавҳараш вафот карду Саида бо ду тифли хурдсол танҳо монд. То ғамро фаромӯш созад, бо маслиҳати волидайн ва бародаронаш Илёсиддину Сироҷиддин худро ба кор зад, тамоми маҳорату дониши хешро барои таълиму тарбияи фарзандони мардум сарф мекард. Дар ин ҷода падараш маслиҳатгару ҳамдамаш буд. Ширкат дар озмуни „Муаллими сол“ дар соли 2002 низ аз дигар муваффақиятҳояш буд, ки ӯро барои талош кардан ва комёб гаштан дар ҷодаи интихобкардааш таҳрик медод.
Саидаи рӯзноманигор
Ҳафтаномаи“ Омӯзгор“ аз замони таъсис ёфтанаш (соли 1932) то имрӯз рисолати худро хеле хуб анҷом медиҳаду барои омӯзгорони ҷумҳурӣ як мактаби бузургест. Маҳз ба тавассути ин ҳафтанома армияи бузурги омӯзгорон аз таҷрибаи якдигар меомӯзанд, ба кори якдигар баҳо медиҳанд. Саида ҳам аз овони донишҷӯӣ менавишт, аммо аввалин мақолааш дар ин ҳафтанома ӯро бештар ҳавасманд сохт, ки нависад. Баъдан бародаронаш таҳрикаш доданд: „Саида навис, ҳунари нависандагӣ дорӣ“.
Баъди иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии „Муаллими сол“ ӯро сармуҳаррири ҳафтаномаи „Омӯзгор“ Самиюлло Сайфуллоев (рӯҳашон шод бод!) ба кор даъват карданд. Инак, понздаҳ сол аст, ки Саида Набиева дар ҷодаи рӯзноманигорӣ ҳамвора қалам ба даст дорад ва дар мавзӯоти муҳими рӯз мақола менависад. Чун меҳри касб дар дилаш алангаи зиёд дорад, ба ин кор вақт ҳам меёбад, ҳарчанд айни замон сармуҳарририи маҷаллаи хеле бонуфуз барои омӯзгорон „Маърифати омӯзгор“- ро ба дӯш дорад. Маҷаллае, ки Абдуҷаббори Раҳмон замони вазири маориф буданаш бовар карда, онро ба зиммааш гузошта буд. То сармуҳаррир таъйин шудани Саида ин маҷалла ҳамагӣ 1800 хонанда дошту имрӯз теъдоди муштариёни он қариб ба 6 ҳазор расидааст.
Дар навиштаҳои ӯ аён аст, ки „танҳо ба хотири навиштан“ вақт сарф намекунад. Ба гуфти рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ: „Саида аз рӯи ҳавою ҳавас азми навиштан намекунад, ҳатто бо хоҳиши касеву амри раҳбаре гарон аст барояш қалам ба даст гирифтан. Мушоҳидаи манзарае, бардошт аз ҳодисае, бархӯрд бо нобасомоние, таассурот аз навгоние, қаноатмандӣ аз рӯйдоде, таассурот аз гуфтореву рафторе, илҳом аз иқдоме… Саидабонуро бадоҳатан ҳидоят ба навиштану мавқеъ рӯшан кардану дил холӣ бинмудану ба навъе қарзи касбиву шаҳрвандии хешро сомон бахшидан мекунанд“. Далели ин ҳама гуфтаҳоро дар мусоҳибаҳояш „Фирори мағзҳо: моҳият ва тамоюл“, „Сӯхтану сохтан басанда нест, балки…“, „Вазъи хуб аз низоми хуб бармеояд“, „Бачаи кӯча“ фарзанди кист?“, „Ду назар, ду мавқеъ, ду мушкилӣ, вале як мақсад“, „Ҷавонон: монеа ва рушди онҳо“ бо чеҳраҳои шинохта ва ё дар мақолаҳои: „„Мактаб ва муаммоҳои он“, „Бозори омӯзгори хусусӣ чӣ гуна аст?“, „Заъфият дар чӣ ва дар куҷост?“, „Боз дар бораи имло“ ва боз чандин мақолаҳои дар мавзӯъҳои доғи ҷомеа навиштаҳои ӯ метавон дид.
Дар таълифи китоби дарсии „Забони тоҷикӣ“ барои синфи 5- се нашр, „Дастури методӣ барои таълими фанни забони модарӣ“ (синфи 5), таҳриру тасҳеҳи китобҳои „Алифбо“, „Асосҳои иқтисодиёт“ (синфи 11) саҳм гузоштааст. Айни замон ба таълифи замимаи китоби дарсии „Забони тоҷикӣ“ барои синфи 5 машғул аст.
Саидаи олим
Бо ҳидояти устодон Маҳмадулло Лутфуллоев ва Саидамир Амиров барои дар ҷодаи илм муваффақ шудан мавзӯи „Инкишофи нутқи шифоҳӣ дар таълими забони тоҷикӣ“ - ро интихоб кард. Ба ин хотир, ки бештар донаду омӯзад, ки чаро нутқи шифоҳии мардуми тоҷик имрӯз суст инкишоф ёфта. Шояд сабаб дар он бошад, ки аз хурдӣ мардуми мо ба инкишофи нутқи шифоҳии фарзанди худ кам аҳамият медиҳанд. Зиёд мебинам, ки модарони тоҷик бо фарзандонашон муносибати дуруст намекунанд, вақте кӯдак чизеро мепурсад, ба ҷои посух танбеҳ медиҳем.
–Дар ҷое хонда будам, бо фарзандат то панҷсолагӣ чун подшоҳ, аз 5 то 15- солагӣ чун сарбоз ва аз 15 боло чун дӯст муносибат кун, –мегӯяд ӯ. – Зиёд мебинам, ки модарони тоҷик бо фарзандонашон муносибати дуруст намекунанд, вақте кӯдак чизеро мепурсад, ба ҷои посух дар даҳонаш мезанем: „Нахӯди пеши қошуқ нашав, дар пеши калонҳо гап назан, ту ҳоло кӯдакӣ.“ Ин муносибати волидайн бо фарзанд тарбияро дар мактаб ҳам душвор месозаду ба рафти таълим ҳам халал мерасонад, чунки кӯдак минбаъд фикрашро озод гуфта наметавонад. Истиҳола мекунад. Замоне, ки кӯдаконам хурд буданд, ман аз онҳо ҳар лаҳза чӣ хостанашонро мепурсидам. Модарам, ки воқеан, мактаби бузурги тарбия буданд, барои бо кӯдак „маслиҳат карданам“ маро коҳиш мекарданд. „Модарҷон, мегуфтам, хоҳиши кӯдаконро ҳам ба инобат гирифтан лозим аст, охир, кӯдак шахсият аст.“
Агар ин чизро имрӯз ҳар як оилаи тоҷик дар хонадони худ ҷорӣ кунад, метавон гуфт, ки ҳувияти миллии мардуми мо боз ҳам болотар меравад ва миллате, ки ҳазорсолаҳо бо фарҳангу маданияти бою ғанияш машҳури ҷаҳон буд, ин бузургияшро аз нав ба даст хоҳад овард.
Дар оилаашон падару модар, ҳар ду бародараш ҳам ба гирифтани нишони „Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон“ шарафёб гаштаанд. Оилаашонро дар қатори „сулолаи муаллимон“ ном мебаранд.
Раҳима Аъзам