Тоҷикистон аз рӯи барномаҳои давлатии қабулкардаи Ҳукумат минбаъд ба сӯи мамлакати саноативу кишоварзӣ қадам гузошта, дар ояндаи наздик талабот ба мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ хеле зиёд мешавад.
Аз паём
Назар ба суханони мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси раёсати маорифи вилояти Суғд Набиҷон Раҳмонов тасмими Сарвари кишвар дар мавриди таъсиси Квотаи президентӣ як иқдоми саривақтӣ дар амри тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон аз ҷумлаи духтарон буд. Зеро ҷавонони зиёде дар деҳоту шаҳракҳо ба сар мебурданд, ки бо вуҷуди донишу заковат бинобар дасткӯтаҳӣ, мушкили рӯзгор, қолабҳои шахшудаи маҳал наметавонистанд таҳсили хешро дар муассисаҳои олии таълимии кишвар идома бидиҳанд. Квота роҳи сабзеро барои онҳо боз кард. Зеро он донишҷӯёне, ки тибқи бурсия ба донишгоҳҳои кишвар шомил мешаванд, аз таваҷҷуҳ, имтиёзҳо ва ёриҳои вижа бархӯрдор мебошанд.
–Дар соли таҳсили 2016–2017 аз вилояти Суғд дар маҷмӯъ 309 нафар донишҷӯ тибқи Квотаи президентӣ шомили макотиби олии касбии кишвар шудааст. Ба дарёфти квота онҳое шарафёб шуданд, ки аз озмунҳои тестии деҳа, ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятӣ баҳои хуб ба даст оварданд,– иброз дошт зимни суҳбат Набиҷон Раҳмонов.– Ба як ҷой се нафар довталаб буд ва аз миёни 1100 нафар беҳтаринҳо интихоб шуданд. Ба онҳое имтиёз дода шуд, ки дониши хуб доштанду аз хонаводаҳои нисбатан камбизоат ва ё беволидайн буданд.
Камбуди кадрҳо
Набиҷон Раҳмонов таъкид медорад, ки алҳол 927 мактаби вилоят бо муаллимон таъмин буда, ҳоло тамоми саъю кӯшиши мақомот бар он равона шудааст, ки ҳамаи омӯзгорон соҳиби маълумоти олӣ гарданд. Онҳое, ки тибқи Квотаи президентӣ таҳсил кардаанд, бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Дар мавриди таҳсили ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таваққуф намуда, мудири шуъбаи кадрҳои раёсати тандурустии вилояти Суғд Абдувалӣ Ҷалилов иброз дошт, ки тайи понздаҳ соли ахир 150 нафар пизишк ба шаҳру ноҳияҳои худ баргашт. Вале, бо ин ҳама аҳолии вилоят ба 390 нафар табиб, аз ҷумла, рӯҳшинос, асабшинос, силшинос, анестезиолог (беҳискунӣ), уфунатшинос, ташхисгари шуоӣ, духтури оилавӣ намерасанд. Сабаби камбуди чунин пизишконро Абдувалӣ Ҷалилов дар чанд омил медонад.
– Тибқи қарордод табиби ҷавон бояд тайи се сол дар шаҳру ноҳияе кор кунад, ки аз он ҷо ба таҳсил рафтааст, – мегӯяд ӯ.– Азбаски дар маҳалҳои дурдаст дар қиёс бо шаҳрҳо шароити хуби инфрасохторӣ вуҷуд надорад, баъди сипарӣ шудани се сол онҳо ё ба шаҳрҳо ё ба кишварҳои дигар кӯч мебанданд. Аз ин рӯ, чунончи дар қонунгузории марбутаи кишвар таъкид шудааст, кадри нав ба кор омада бояд бо манзили зист ва қитъаи замин таъмин гардад. Бояд ба онҳо қарзҳои дарозмуддат дода шаванд. Пайваста аз таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бархӯрдор бошанд.
Ба андешаи Маъмури Юсуфзод - мудири маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шеваи қабули духтарону писарон тибқи Квотаи президентӣ такмил мехоҳад. Зеро на ҳамаи донишҷӯёни шомилшуда дар таҳсилу корҳои донишгоҳӣ фаъоланд.
– Хуб мешуд, ки довталабони Квотаи президентӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ имтиҳон месупурданд,– пешниҳод дорад Маъмури Юсуфзод.– Дар низоми ҳозира унсурҳои ошнобозӣ, таъсиру нуфузи раҳбарони маҳал дар интихоби довталабон ба мушоҳида мерасанд.
Мафтуна Қуддусова яке аз онҳоест, ки соли 2014 тибқи Квотаи президентӣ ба риштаи физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шомил шуда, таҳсилашро бомуваффақият пеш мебарад. Вай зодаи деҳаи Хистеварз буда, дар хонаводаи ронанда ба дунё омадааст. Мафтуна, вақте дар курси аввал таҳсил мекард, шарафи иштирок намудан дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои ҷумҳуриро дар бахши физика ба даст овард. Бо медали нуқра сарфароз гардид. Соли гузашта низ Мафтуна дар чунин як олимпиада ширкат варзид ва ба дарёфти мақоми аввал ва Шоҳҷоиза мушарраф шуд. Медали тиллоро ба Мафтуна президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ тақдим кард. Ҳамзамон ӯ ба дарёфти стипендияи раиси вилоят ноил гардид. Алъон Мафтуна дар баробари таҳсил ва ширкати фаъолона дар чорабиниҳои донишгоҳӣ ба ҳайси лаборанти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт кор мекунад. Вай ният дорад, ки баъди хатми донишгоҳ ба мактаби азизаш баргардад ва чун омӯзгори фанни физика фаъолияташро оғоз намояд. Ҳамзамон мехоҳад таҳсили хешро дар риштаи коршиноси аршад, яъне магистратура идома бидиҳад. „Қатъан тасмим гирифтаам, ки дар оянда ё дар донишгоҳи Хуҷанд ва ё Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул ба кори илмӣ шавам“, - мегӯяд Мафтуна.
Манижа Муталибова дастпарвари мактаби рақами 8-и деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ҳангоми таҳсил ба фанни кимиё таваҷҷуҳ ва майли хоса дошт. Дар олимпиадаҳои ноҳиявию вилоятӣ пайваста ширкат меварзид. Ин аст, ки раҳбарияти мактаб ба Манижа маслиҳат доданд, то таҳсилашро тавассути Квотаи президентӣ идома диҳад. Соли 2009 ба риштаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2014 хатм кард. Устодон хоҳиши онро доштанд, ки Манижа кори илмиашро дар донишгоҳ идома диҳад. Вале вай бинобар мушкилоти оилавӣ маҷбур шуд ба зодгоҳ ва мактаби азизаш баргардад. Ният дорад, ки баробари панҷсола шудани фарзандаш ба Душанбе баргардад ва роҳи илмро аз сар бигирад.
– Квотаи президентӣ танҳо аз таҳсили ройгон ва имтиёзҳои марбута иборат нест, – мегӯяд Манижа.– Ин як василае барои шинохти инсонҳо, пайдо кардани дӯстон аз чаҳор гӯшаи Тоҷикистон аст. Ман тайи панҷ соли таҳсил даҳҳо дӯстон пайдо кардам. Дар хобгоҳ бо духтарони бадахшиву хатлониву ҳисорӣ якҷо зистам. Меҳмони хонадони азизон дар минтақаҳои гуногуни қисмати ҷанубии кишвар шуда, бо маросимҳои суннатӣ, анъанаву русуми мардуми маҳаллӣ аз наздик ошно гардидам. Пас, қотеона метавон гуфт, ки Квотаи президентӣ дар баробари тарбияи кадрҳои ҷавони кордону донишманд нақши муҳиме дар ваҳдат ва якпорчагии мардуми Тоҷикистон низ мебозад.
Тилав РАСУЛЗОДА