Як иллати рушд ёфтани ин тарзи хидматрасонӣ рақобати солим аст. Муштарӣ вобаста ба завқ ва имконоти молии худ аз чунин муассисаҳо истифода менамояд. Тибқи мушоҳидаҳо, солҳои охир сатҳи хизматрасонӣ ва фарҳанги таҳияи ғизо дар ошхонаҳою қаҳвахонаҳои пойтахт ба тадриҷ рӯ ба беҳбудӣ меоварад, ки ин боиси хурсандист.
Масъалаи дигар дар ин маврид, муносибати муштариён бо ашё ва кормандони чунин муассисаҳо мебошад. Ба назар мерасад, ки як қисм сокинони пойтахт ҳанӯз ҳам аз фарҳанги муошират баҳра набардоштаанд ва вақти истеъмоли ғизо ва ё фармоиши он бо пешхидматҳо муносибати дағал ва берун аз ахлоқро ба худ раво мебинанд.
Ҷойи тардид нест, ки ҳар як инсонро новобата ба маҳалли кор, пеш аз ҳама чун шахсият бояд эҳтиром гузошт. Зеро ӯ низ дар зиндагӣ мушкилоту пешрафтҳо дорад, аз ғаму шоди бархӯрдор аст ва тайи соатҳои корӣ мисли ҳама ба хотири таъмин намудани хонаводаи худ заҳмат мекашад. Пеш аз ҳама ба ӯ ҳамчун як инсон бояд эҳтиром қоил шуд ва баъдан ба заҳмати вай низ эҳтиром гузошт. Барои чунин ҳолатро дуруст арзёбӣ намудан, бояд худро ба ҷойи шахси дигар гузорем ва ҳар чизеро, ки ба худ муносиб намебинем, дар нисбати дигарон низ ҷоиз надонем. Мутаассифона, аксаран мушоҳида мекунем, ки миҷозон ҳангоми даъват намудани пешхидмат дар ошхона ва ё қаҳвахона ба онҳо «э» ё «э, духтар» ва ё агар хуб ҳиммат кунанд, «девушкаҷон» гуфта муроҷиат менамоянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тоҷикон фарҳанги куҳанбунёд ва пешрафтае доранд ва дар муносибату фарҳанг барои дигар миллату халқҳо солҳои тӯлонӣ намунаи ибрат буданд.
Камбахтона, баъзан пешхидматҳо бо мизоҷон муносибати дағал мекунанд ва аксаран сабаби рух додани муноқиша ва ё сахтгӯиҳо мешаванд.
Бархе коршиносони масоли иҷтимӣ ва фарҳангӣ чунин тарзи бархӯрдро ба он нисбат медиҳанд, ки баъзе мизоҷон ва ё кормандони чунин ниҳодҳои хидматрасонӣ аз деҳоти гирду атрофи пойтахт мебошанд ва ё мусофироне ҳастанд, ки аз деҳоти дурдаст барои муддате ба Душанбе омадаанд ва онҳо тарзи дурусти муоширатро намедонанд. Гурӯҳи дигар чунин муносибати дағалро аз сатҳи пасти фарҳанги қисмате аз шаҳрвандони кишварамон медонанд.
Новобаста ба назарҳои мухталиф яқин аст, ки чунин бархӯрд ва чунин муносибат дар ҳама ҳолат аз худ таъсири манфӣ боқӣ мегузорад. Илова бар ин, бояд дар назар дошт, ки баробари мо дар чунин муассисаҳо муҳассилини хориҷӣ ва ё сайёҳон хӯрок мехӯранд ва дидани ин манзара обрӯямонро мерезонад.
Ҳамчунин аксар оилаҳои зиёӣ бо даст додани имкон ва вақт бо фарзандони худ ба қаҳвахонае мераванду мехоҳанд дар баробари хӯрдани ғизо соате бо ҳам гуфтугӯ кунанд ва дидани чунин манзара дар зеҳни кӯдакон суолҳои зиёдеро бедор мекунад, дар тарбияи онҳо халал ворид менамояд.
Ҳанӯз дар қарнҳои мозӣ устоди сухан ва шоири баландпарвози тоҷик, мутафаккири бузург Ҷалолиддини Балхӣ гуфта буд:
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К –аз деву дад малуламу инсонам орзуст!
Шояд фурсат расида бошад, ки мо низ дар пайи ин гуфтаҳои Мавлоно танҳо ва танҳо бар инсон арҷ гузорем ва ҳамзамон инсонвор бо ҳам муносибат намоем?!
Фароруни Сабзқадам