Ҳар як сухану лафзи ту дорад лаззат,
Ширу шакару қанду асал омӯхтӣ.
Аз нанги гузаштагон бидодӣ пандам,
Исму насабам ту аз азал омӯхтӣ.
Гуфтӣ, ки зи Ориён нишонем ҳама,
Аҳли хираду илму амал омӯхтӣ.
Омода маро бикардӣ аз баҳри ватан,
Аҳду қасаму ҷаҳду ҷадал омӯхтӣ.
Аз Деҳлавию Низомӣ сад қиссаи ишқ
Эъҷози зан аз Тоҷмаҳал омӯхтӣ.
Дар кору амал гар иштибоҳам будӣ,
Ин банду гираҳ ту роҳи ҳал омӯхтӣ.
Аз файзи дуову ҳикматат осоям,
Бо сабру адаб фазлу масал омӯхтӣ.
Аз қаъри гили сиёҳ додӣ дарсам,
Сад фалсафа то авҷи Зуҳал омӯхтӣ.
Ниҳонӣ
МОДАРАМ ХУРШЕДИСТ
Модарам дар сари саҳрои васеи малакут,
Офтобест, ки дар сояи худ хобидаст.
Субҳ дар косаи боронии пилгӯши баҳор
То мураббо пазад аз барги гулон, гул чидаст.
Модарам ҷомаи хуршед ба бар, гоҳи саҳар,
Хосаи субҳ ба сар аз сафари умр расид.
Модарам, вой дареғо, ки аз ин будани мо,
Бӯйи шафқат нашамид, оби роҳат начашид.
Модарам гулчин аст, модарам гулбин аст,
Модарам бӯйи баҳор аст, ки ояд аз дур.
Раҳгузорест, ки аз Арши Худо меояд,
Дар лабаш хандаи гул, дар кафаш косаи нур.
Модарам ҳақбин аст, дарси ҳақиқат хондаст,
Айнаки шишагиаш ҳам ба ҷуз аз рост надид.
Модарам, вой дареғо, ки аз ин будани ман,
Ҷуз гули ҳасрати дидори ҷигарбанд начид.
Модарам хуршедист, субҳидам заврақи ӯст,
Осмон аст раҳи омаданаш чун хуршед.
Ин саҳар омаданаш мисли шафақ боронист.
Мисли нилуфари рухсори сафедаш, испед.
Шариф Раҳмон