Анӯшервон чун посухи ин бонуро шунид, хушаш омад ва берун рафт. Чун шавҳараш боз гашт, аз асли воқеа огоҳ шуд, занро ба хонаи падар равон кард. Падарарӯсаш аз ин амали домод сахт ошуфта шуду назди шоҳ омад ва дар шоҳидии домодаш гуфт: шоҳам, ин мард аз ман боғи серҳосиле гирифта буд ва аз меваҳои боғ хӯрда, имрӯз мехоҳад онро поймол бикунад. Домод назди шоҳ посух гуфт: Шоҳам! Падарарӯсам давои воқеӣ ва дуруст мекунад, вале ман чун дар сафар будам, пас аз баргашт дар боғ нақши пои шере дидам ва фикр кардам, ки боғ поймол гаштааст. Шоҳ аз посухи ӯ қаноатманд шуда гуфт: дуруст гуфтӣ, шер ба умеди поймоли боғ рафта буд, вале соҳиби боғ нагузшот, ки меваҳои боғ беҳуда поймол бишаванд…
Рӯимолбандии шоираҳо
Субҳ бароям шоира Норинисо занг зад: Шаҳрияҷон, хеле афсӯс, ки адиби хеле хуби мо Сайф Раҳимзод даргузашт ва маросими мотамаш дар бинои радио мегузарад, омода шавед, биравем.
Ман зуд либосамро пӯшидаму мехостам берун биравам, ки боз Норинисо занг:
–Шаҳрияҷон, ту аввал ба Муътабари Раштӣ занг зада пурс, ки ӯ чӣ гуна рӯймолашро гирди сараш печонда мебандад. Он замон баъзе бонувони мо ба як ҳунарманди кино бо номи Жаддӣ тақлид карда, рӯмол мебастанд. Ҳайрон шуда пурсидам:
– Норинисо, чӣ Шумо рӯймолтонро ҳамин тур бастаниед? Охир, дар рӯзи мотам кӣ ба ману шумо аҳамият медиҳад.
–Э,Шумо аҷиб, дар рӯзи ҷаноза ҳам ба шоираҳо таваҷҷуҳ мекунанд….
Духтари очам
Устод Иноят Насриддин, адиби хушсалиқаи мо (ёдашон ба хайр ) дар Вазорати фарҳанг фаъолият доштанд ва ҳар сол 3-4 маротиба як гурӯҳ адибону ҳунармандонро барои вохӯрӣ бо мардум ба гӯшаҳои Тоҷикистон раҳамоӣ мекарданд. Дар ин гурӯҳ ҳамеша устод Сайдали Маъмур, бандаи камтарин ва чанд ҳунарманд шомил мешуд.Устод Иноят Насриддин бароям занг зада гуфтанд, ки пагоҳ ба водии Рашт меравем, субҳ дар назди вазорат сарҷамъ мешавем. Ман низ омодагиамро дида, саҳари барвақт дар назди Вазорати фарҳанг ҳозир шудам. Касе то ҳол наомада буд ва ман хостам, ки ба қабулгоҳи вазир биравам, шояд гурӯҳи мо он ҷо бошад. Рӯзи шанбе буд, дар қабулгоҳ касеро надидам, аммо аз дохили утоқи вазир, ки дар нимроғ буд, садое ба гӯшам расид, ки мегуфт: устод Иноят, ба гурӯҳи шумо роҳи сафед мехоҳам, аммо ба як суоли ман посух бигӯед. Чаро дар ин гурӯх фақат як шоира - Шаҳрия шомил аст, ё дигар шоира надорем, ё шояд миёнатон ягон гапи дигар бошад? Он рӯзгор вазири фарҳанг инсони хеле фурӯтану парастандаи беҳамтои зебоӣ Амиров буданду ба адибону ҳунармандон муҳаббати осмонӣ доштанд.
Устод Иноят Насриддин баланд хандида гуфт: муҳтарам вазир, Шаҳрия духтари очам аст.
Гурбаи Зулфия - ҷияни Шаҳрия
Барои дидорбинӣ ба хонаи Зулфия Атоӣ рафтам. Зулфиябону чун ҳамеша бо чеҳраи хандон ба истиқболам баромада, бо лаҳни ба худаш хос гуфт: хуш омадӣ азизам, биё, биё ва маро ба ҷониби меҳмонхонааш даъват кард. Ман ба меҳмонхона ворид шудаму Зулфия тарафи ошхонааш рафт, аммо садояш ба гӯшам расид, ки мегуфт: ором бишин дар хона меҳмон, Шаҳрихолат омадагӣ. Ман гумон кардам, ки бо наберааш гуфтугӯ мекунад ва садо кардам:
– Зулфия, набераатро биёр бубинам.
Зулфия дар бағал як гурбаи палангмонанд ба наздам омад.
–Шаҳрияҷон, ман бо гурбаам ҳарф мезадам, ки назди ту ором бошад.
–Аҷабо, Зулфиябону, магар гурбаи ту ҷияни ман аст?
Издивоҷи ба ҳам наомада
Устоди фархундаёд Одина Ҳошим чун ба Душанбе меомад ҳатман бо чанде аз дӯстонаш маҳфил меорост ва ҳама аз шеъру фарҳанг суҳбат мекард. Ман низ дар чанд маҳфили устод ҳузур доштам ва барояш ҳарфи меҳру муҳаббат мегуфтам. Боре дар чунин маҳфил ҳунарманди машҳур Убайдуллоҳи Раҷаб низ ҳузур дошт ва чун пай бурд, ки устод Одина Ҳошим ҳарфҳои содаи маро мепазирад, оҳиста дар гӯшам гуфт: Ҳеле ҷуфти зебо ҳастед, ҳарду эҷодкор, яке шеър менависаду дигаре месарояд (ҳамсари устод он рӯзгор аз дунё гузашта буд).
–Акой Убайдулло ин хел нагӯед.
–Чаро ин хел мегӯӣ, Шаҳриябону, охир, туро ҳама чун хонуми Одина Ҳошим ном мебаранд.
Баъдан, чун Одина Ҳошим аз дунё гузаштанд, акаи Убайдуллоро дидам, ки мегуфт: Шаҳриябону ту доно будӣ, ки ҳамсари Одина Ҳошим нашудӣ, вагарна беваи Одина Ҳошим номат мебурданд.
Шаҳрия