«Зимистон сард аст ва ба хотири мариз нашудан ва сармо нахӯрдан бояд либоси гарм ва палто бипӯшем. Ронандаҳои воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ бошад, ба хотири зиёдтар гирифтани мусофирон дар назди калонсолон мошинро нигоҳ намедоранд ва ба ҷои як нафар мусофир ду мактаббачаро савор мекунанд», –мегӯяд ҳамсуҳбати дигарам Шаҳло (исми мустаор). – Шояд шаҳри Душанбе баъд аз Афғонистону Ҳиндустон ва бархе кишварҳои Африқоӣ ягона шаҳре бошад, ки ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар як ҷои нишаст ду нафар мусофирро савор мекунанд ва илова бар ин, бақияи роҳкироро низ пардохт намесозанд. Ҳуқуқи шаҳрванд дар як рӯз чанд маротиба нақз мегардад ва гӯё ин тарзи муносибат ба меъёр мубаддал шуда бошад, ки масъулин дар ин масъала кореро анҷом намедиҳанд.
Ба ин монанд шикоятҳои зиёде аз ҷониби хонандагони сомонаи мо ба дасти рӯзноманигорони маҷалла расид ва тасмим гирифтем масъаларо таҳқиқ намоем.
Соат 6 у 50 дақиқаи субҳ. Дар масири хатсайри 15, ки аз маҳаллаи 103 мегузарад, баробари дигар мусофирон мунтазири нақлиёт мешавем. Баъд аз чанд дақиқа маршрутка ба истгоҳ наздик мешавад ва мо,чанд нафар мусофир, даст мебардорем. Ронанда ба тарафи мо нигоҳе афканда, бо суръат ҳаракатро давом медиҳад ва тақрибан сад метр болотар, дар назди ресторани «Тайга» мошинро нигоҳ медорад ва тақрибан 4 – 5 нафар мактаббача ва донишҷӯро савор мекунад. Баъд аз ду – се дақиқа маршруткаи дигаре меояду ба даст бардоштани мо аҳамият надода, бо суръат ҳаракати худро давом медиҳад. Ӯ низ каме болотар дар назди ду духтари лоғар мошинро нигоҳ медорад. Чанд нафар мусофир ба сӯйи мошин медаванд, то аз фурсат истифода карда савор шаванду ба маҳалли кор сари вақт бирасанд. Ронанда давидани онҳоро дида бошад ҳам, бо суръат моишнро ба пеш меронад ва мусофирони бечора каме нафас рост карда, ба ақиб, яъне ба истгоҳ бармегарданд.
Дар давоми 20 дақиқа тақрибан 10 мошин аз назди мо мегузарад, вале ронандаҳо мошинҳоро нигоҳ намедоранд. Баъзе мошинҳо холӣ мегузаранду болотар рафта мусофир мегиранд, бархе ҳам чанд нафар одам доранду дар истгоҳ нигоҳ намедоранд. Чанде аз ҳамсафарон сабру таҳаммулро аз даст дода ба самти пеш, яъне ба пули калони қаторгузар мераванд, то шонси бештар пайдо намоянд, бархе таксиҳои сесомонаро нигоҳ дошта ба кор мераванд. Ман бо чанд нафар дар истгоҳ мемонам. Яке аз ҳамсафаронам ба маҳалли кори худ занг мезанад ва ҳамкореро огоҳ месозад, ки аз сабаби наёфтани нақлиёт ба кор дер мемонад.
Соати 7 у 10 дақиқа маршруткаи холие омада, дар назди мо меистад. Ба он савор шуда, нафаси осудае мегирем. Аммо ин хушбахтии мо дер давом намекунад. Дар масофаи дусад метр ронанда ба ҷои ҳафт нафар 11 мусофирро савор мекунад ва ба майдончаи дар дасти рост буда, тоб мехӯрад. Ба назди датгоҳи сӯзишворӣ нарасида, матори мошин хомӯш мегардад. Ронанда ба се нафар мусофир амр (бале, иштибоҳ нагуфтаам, маҳз амр) медиҳад, ки аз мошин фаромада, онро тела кунанд. Мусофирон баъд аз чанд дақиқа кашмакаш мошинро ба ҷойи зарурӣ мерасонанд. Маводи сӯхт мегирему болтар меравем. Ронанда мошинро нигоҳ дошта, ҷавонеро савор карданӣ мешавад, аммо новобаста ба ҳама талошҳо ӯ ҷо намегирад. Ронанда асабонӣ шуда, ба ман муроҷиат карда мегӯяд: «Амакӣ, каме худро ба ҳамроҳат ҷафстар гир, то ҷавон ҳам ҷо шавад». Дигар имкони ҷунбидан нест ва нафас кашидан ҳам мушкилтар мешавад. Ба ронанда рӯ оварда мегӯям, ки дар як ҷо ду нафар нишастаем, илова бар ин, ҳанӯз бақияи роҳкирои касеро надодаасту мехоҳад шахси дигареро ба болои зонуҳои мо нишонад. «Пули майда надорам», - посух медиҳад ӯ ва илова мекунад: «Ба касе маъқул набошад, аз мошин фарояд!»
Ана, инро муносибату фарҳанг мегӯянд!
Чанд нафар ҳамсафари дигар таҳаммулро аз даст дода, якбора ба сари ронанда дод мезананд, ки нафси ӯ хеле калон аст, фикри мусофиронро намекунад. Мардум ба кор дер мемонанд. Баъд аз чунин вокуниши мусофирон ронанда асабонӣ шуда, садои мусиқиро баланд мекунаду бо суръати тез мошинро ба пеш ҳаракат медиҳад. То ба маҳалли кор расидан, дар масир чанд ҷо намояндагони БДА истода буданд, вале ба моишнҳои мусофиркаш ва мусофирони зиёди онҳо умуман аҳамият намедоданд.
Дар ин тарзи муносибат чанд омилеро метавон мушоҳида кард. Аввалан, ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт танҳо ва танҳо дар пайи ҷамъ овардани маблағи ҳангуфт ба ҷайбҳои худанд ва бо мусофирон чӣ хеле хоҳанд муносибат менамоянд, зеро медонанд, ки барои ин кор онҳоро касе ҷазо намедиҳад. Онҳо новобаста ба хатсайр, дар ҳар куҷое хоҳанд, мошинро нигоҳ медоранд ва мусофир савор мекунанд. Дигар истгоҳҳои муқарраргардида барои чунин шахсон аҳамияте надоранд. Ба масъалаи тозагии мошинҳо бошад, аслан аҳамият зоҳир намекунанд. Нигаҳбони мусофир танҳо Худованд асту халос. Масъулини соҳа кореро дар ин росто анҷом намедиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки эпидемияи грипп чанд вақт боз сокинони пойтахтро таҳти таъсир нигоҳ медорад ва аксар маризанд.
Мушкили дигар ин муносибати худи мусофирон аст. Вақте маршрутка манъ мекунад, новобаста ба набудани ҷои нишаст, онҳо савор мешаванду бо ин кор ҳам ба худ ва ҳам ба дигар мусофирон мушкил эҷод менамоянд. Ронандаҳои баднафс бошанд, аз чунин тарзи муносибат ба қавле «илҳом» гирифта, рафтори ношоями худро идома медиҳанд.
Дуюм, ман ҳайрон мемонам, ки аксар мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ дар назди мо, рӯзноманигорон, бечоранолӣ мекунанд, аммо тибқи мушоҳидаҳои чандрӯза боре надидам, ки касе бақияи роҳкирои худро аз ронанда талаб карда бошад.
Оё чунин муносибати худи мо, мусофирон, сабаби беэҳтиромӣ аз ҷониби ронандаҳо намегардад? Чаро ҳаққи худро талаб намекунем? Чаро якҷоя ронандаро ба ҷояш намешинонем? Чаро бетафовутиро ихтиёр мекунем? Чаро худамон қонуншиканӣ мекунему аз қонуншикании ронандаҳо меранҷем? Магар ба ҷои 7 нафар савор шудани 11 мусофир қонуншиканӣ нест?
Дар ҷамъбасти мавзӯъ ҳолате ба ёдам меояд, ки ҳамсояе чанде қабл нақл карда буд. Вақте ӯ ба шаҳри Хуҷанд бо сафари корӣ меравад, рӯзе маршруткае дар наздаш меистад, ӯ новобаста ба набудани ҷои нишаст савор шудан мехоҳад. Ронанда ба вай муроҷиат карда мегӯяд: «Меҳмон, ҷои нишаст надорем. Дар мошини баъдӣ савор шавед. Ҳамсоя ҳайрон шуда мепурсад, ки аз куҷо меҳмон будани ӯро фаҳмидааст. Ронанда посух медиҳад, ки мардуми маҳаллӣ дар мошини пур савор намешаванд.
Эмомалӣ Сайидамирзод