Бирақс, эй бонуи хушхироми тоҷик! Рақси ту олудаи ишқи пурҳарорати ҷавонии безавол аст. Оҳанги нигоҳи ту- рақси ту дили шӯридаро аз нав ба тамошои олами ишқ ва пудиназори чашмасорони кӯҳу боғу гулу чаманзор мебарад. Бирақс, зиёдтар бирақс, ки гулзори ҳамеша сабзи саҳнаи тоҷик бо сози дилошӯбу рақси мавзуни ту пур гардад». Ин садое буд, ки вуҷуди Олмахон Алиеваро ором намегузошт. Зеро ӯ ҳанӯз айёми наврасӣ дар озмунҳои мактабӣ мерақсиду мерақсид.
Ӯ рақсро дӯст дошт, бо рақс дунё сохт ва бо он зиндагӣ кард. Ҳарчанд ба фикри аксари мардум, раққосагӣ нек нест ва бисёриҳо намехоҳанд фарзандонашон ба ин ҳунар рӯ биоваранд. Аммо волидони Олмахон аз ин қабил набуданд. Зодаи ноҳияи дурдасти Конибодом аст, он ҷо мактаби рақс вуҷуд надошт, падару модар ӯро баъди хатми синфи 8 ба шаҳри Душанбе оварданду ба гурӯҳи хурдсолони ансамбли «Зебо» дохил гардид.
Бо рақсидани Малика Қаландарова ва Гавҳар Мирҷумъаева ба саҳна меҳр баст. Ва маҳз бо дастгириву заҳматҳои устодони рақс Гавҳар Мирҷумъаева ва Амонулло Мӯсоев ба саҳнаҳои бузург роҳ ёфт. Соли 1987 нахустин рақси яккаи худро ба тамошобинон пешкаш намуд ва ҳузури ӯро дар саҳнаи рақси тоҷик падидаи нав арзёбӣ карданд. Ба гуфти Олмахон: «Маҳз ҳамин рақс буд, ки устодон Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, Муродбек Насриддинов, Хосияти Зарафшонӣ ва дигарон ба ман таваҷҷуҳ карданд ва маро ба гурӯҳи рақсии «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев давъват карданд».
Дар ин боргоҳ, ки садҳо нафар ҳунармандон ба воя расидаанд, Олмахон низ шуҳрати касбии худро пайдо намуд. Мавсуф дар муддати фаъолияти худ зиёда аз 30 рақсро эҷод кард, ки боиси ду филми мустанад перомуни ӯ гардид. Тамошобинону мухлисон ин ду филмро бо номҳои «Олмахони нозанин», «Олмахон мерақсад» борҳо дар шабакаҳои телевизионии кишвар тамошо кардаанд.
ДУР АЗ САҲНА, МОҲИЕ БИДУНИ ОБ
Перомуни рақсҳои эҷоднамудаи худ Олмахон чунин гуфт: «Бештар рақсҳои лирикӣ, классикиро дӯст медорам ва мақбултарин рақсҳоям «Ҷавонӣ», «Баҳор», «Афғонӣ» ва «Эронӣ» мебошанд». Рақс барои Олмахон танҳо касб нест, ӯ мегӯяд: «Ман дар саҳна бузург шудам. Дур аз саҳна будан чун моҳие берун аз об аст. Ман бо рақс зиндаам. Рақс барои ман танҳо шодӣ нест, ки ҳар вақт хостам ба воситаи он шод бошам, бо рақс гоҳо мегирям, ашк мерезам, зеро зиндагӣ танҳо аз фараҳу хурсандӣ иборат нест. Борҳо шуда буд, ки дар шеъри шодравон Зафар Нозим, ки месароиданд: «Эй сорбон, оҳиста рон» гирён мешудам. Матнҳое ҳастанд, ки инсонро гулӯгир мекунанд ва беихтиёр ашк аз чашмони одам ҷорӣ мешавад. Ва раққосаи касбӣ низ ҳамонест, ки ба воситаи ангушту нигоҳу абру ба тамошобин сухан гуфта тавонад».
СОҲИБСАБК
Ҳарчанд то имрӯз дастаҳои рақсӣ дар кишвар зиёданду раққосаҳои бисёре ҳунарнамоӣ мекунанд, қисми каме аз онҳо сабки фардии худро дошта, аз дигарон тафовут доранд. Олмахон аз зумраи ангуштшумор раққосаҳо мебошад, ки соҳибсабканд. Ӯ мегӯяд: «Ҳар раққоса ҳаракатҳои ба худ хос дорад. Баъзе раққосаҳо мегӯянд, ки ман ҳаракати китфро аз ту омӯхтам, баъзеи дигар мегӯяд, фалонӣ бо ҳаракатҳои ангуштон аз ту тақлид мекунад. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳанд, ки ман имрӯз ҳаракатҳои хоси худамро дорам. Аз устодам Гавҳар Мирҷумъаева бисёр миннатдорам, ки ҳама вақт ба ман таъкид мекарданд, ки то аз тақлид раққоса даст накашад, муваффақ намешавад». Олмахон бо боваре, ки бо худ дошт, дар санаи 1 октябри соли 2015 бо анъанае, ки танҳо шоирону ҳофизон шаби эҷодӣ доир мекунанд, навгоние ворид кард. Ӯ таҳти унвони «Ҷавонӣ рафт» бо иштироки ҳофизони шинохтаи тоҷик шаби эҷодии худро доир намуд, ки ин падидаро тайи чандин соли охир ҳеч раққосе анҷом надода буд. Шаби эҷодиро бо рақсҳои таҳиянамудаи худ дар сатҳи олӣ анҷом дод. Хосияти Зарафшонӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, перомуни ҳунари Олмахон гуфт: «Вай аз зумраи беҳтарин раққосаҳои мост. Мо бо ӯ ҳамроҳ вориди саҳна шудем. Тафовут байни ману ӯ зиёд нест. Зиёда аз 35 сол мешавад, ки дар саҳнаи тоҷик ҳунармандӣ мекунад ва ӯро нағз мешиносанд. Ӯро ба ордени «Шараф» қадр карданд, ки сазовор аст».
ҚАДАМЕ ДАР ЧОРСӮИ ЗИНДАГӢ
Ӯ соҳиби се фарзанди фарзона аст: Фаридун, Афридун ва Дарё. Ҳарчанд нури чашмонаш ба касби ӯ нагаравиданд, онҳоро маънии ҳаёти худ медонад. Ба гуфтаи худи ӯ: «Фарзандонам дӯстони беҳтарини мананд».
Абдуҷалили АМОН