Азбаски расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ дар иртибот ба ин ҷашнвора иттилои зиёде пахш ва нашр намуда буданд, дар ин матлаб мо пиромуни чанд филм аз синамогарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон, яъне синамои форсизабонон назари худро баён хоҳем кард.
Филми бадеии «Минои саргардон» аз ҷониби коргардони афғон Юсуф Баракӣ ба тамошобинон пешниҳод гардид. Ин филм аз зиндагинома ва мушкилоти як духтари афғон қисса мекунад ва дар давоми як соату даҳ дақиқа бинандаро саропо фаро мегирад. Зиндагии сахту печидаи як духтари мактабхоне, ки модар надорад ва нигоҳубини бобои солхӯрдаву ақлбохта ва падари муътодаш бар дӯши ӯ вогузор гардидааст, хеле риқатовар ва муассир ба навор гирифта шудааст. Ӯ субҳи содиқ аз хоб мехезаду дастурӯи бобояшро мешӯяд, ба вай субҳона медиҳад ва қабл аз ба мактаб рафтан, пойҳояшро бо ресмон мебандад, то ба берун наравад ва дар хиёбонҳои шаҳр роҳгум назанад. Баъд аз дарс, ин духтари бечора аз марди тоҷире мавод мегирад ва онро дар яке аз бозорҳои шаҳр мефурӯшад. Баъдан, ба партовгоҳ рафта, матоъ ҷамъ меорад ва онро дар хона шусутушӯ намуда, либос медӯзад. Бо маблағи дар давоми рӯз бадастоварда маводи хӯрока ва барои бобо дору харидорӣ мекунад. Новобаста ба мушкилиҳо ӯ аз зиндагии худ шикоят надорад, аммо бо фавти бобо ҳаёти ин духтар куллан тағйир мехӯрад. Барои харҷи ҷанозаи бобо маҷбур мешавад даст ба дуздӣ занад…
Дар охири филм падари муътод мехоҳад ба хотири маблағи ночизе духтари худро ба як марди солхӯрдае ба занӣ диҳад, ба ибораи дигар бифурӯшад. Аммо духтари озода ва озодандеш чунин зиндагиро рад мекунад ва аз хонаи падар ба хиёбон меравад. Ягона роҳи зинда мондан ва номӯси худро ҳифз кардан, ба гурӯҳи талбандагон ҳамроҳ шудан аст. Духтари афғон аз байни зиндагии ғуломона бо пирамард ва гадоӣ дар хиёбонҳо дувумиро интихоб менамояд. Коргадони филм – Юсуф Баракӣ талош варзидааст, муборизаи як духтари шарқро дар зиндагӣ барои ба даст овардани озодӣ ва сохтани ҳаёти озод рӯи навор биорад ва дар ин кор новобаста ба мушкилоти техникӣ муваффақ гардад. Тамошобини тоҷик ин филмро хеле наку пазироӣ кард. Дар толори калони Хонаи кинои тоҷик ҷои нишаст барои бисёриҳо нарасид ва онҳо ин филмро дар толори хурд тамошо карданд. Ин бозгӯи муваффақ шудани ҳайати эҷодии ин филм аст.
Коргардони тоҷик – Румӣ Шоазимов филми 90 дақиқагии худро таҳти унвони «Хоби маймун» ба бинандагони тоҷикистонӣ пешниҳод намуд. Бояд зикр кард, ки новобвста ба ғояи аслии он, яъне тарғиби накуӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳасад ва маҳорати хуби ҳунармандон, филм чандон муассир ва муваффақ нашуд. Зеро жанри интихобкардаи коргардон дар чунин шаклу бо чунин маблағгузорӣ наметавонад хонандаро таҳти таъсири худ қарор диҳад ва ё ба дили ӯ роҳ ёбад.
Филми коргардони эронӣ Киёмарси Пураҳмад «Кафшҳоям ку?» дар давоми 100 дақиқа бинадаро он қадар таҳти таъсири худ қарор медиҳад, ки рехтани ашки чашм барои тамошобин ба як амри воқеӣ табдил меёбад. Филм дар бораи марде қисса мекунад, ки бо дахолати падар ва бародар зану фарзанди дӯстдоштаашро аз даст додааст. Дар натиҷаи интизории зиёд ва шабу рӯз андеша кардан, ин марди дар зиндагӣ муваффақ мариз мешавад ва ниҳоят ақл мебозад. Ӯ ҳама вақт бо расмҳои духтари кӯчакаш ва зани дӯстдоштааш ҳарф мезанад. Дар интизори баргаштани онҳост. Дар инитизори омадани мактубе аз ҳамсараш солҳо роҳ мепояд. Ва ниҳоят вақте, ки духтараш барои дидани ӯ аз яке аз кишварҳои Ғарб ба Эрон меояд, варо намешиносад…
Ризо Киёниён, ҳунарманде, ки нақши асосиро дар ин филм иҷро мекунад, аз худ маҳорати баланд нишон медиҳад ва ба дили тамошобин роҳ меёбад. Аз назари интихоби мавзӯъ, истифодаи техникаи муосир, ҳунар ва маҳорати актёрон, коргардон муваффақ гардидааст. Ба иборае бинанда ин филмро дар як нафас тамошо мекунад.
Панҷ рӯзе, ки ҷашнвора дар Тоҷикистон гузашт, барои мардуми пойтахт ҷашнеро мемонд, ки хеле интизораш буданд. Ҳама вақт дар назди кинотеатри «Зебуннисо» -и шаҳри Душанбе одами зиёде ҷамъ меомад ва толорҳои хурду бузурги он ҳамеша пур аз бинанда ва тамошобин буд. Дар баробари муваффақ шудани филмҳои кишварҳои форсизабон ва мамлакатҳои ҳамсоя хеле мехостем синамои тоҷикро пешсаф бинем. Аммо чунин нашуд. Аввалан, ҳамагӣ чанд филм аз тарафи синамогарони тоҷик ба ҷашнвора пешниҳод шуда буд. Баъдан, ин филмҳо дар муқобили филмҳои хуби ҳамсояҳо ва ҳамзабонон рақобат карда натавонистанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз як кишвари ҷангзадаи Афғонистон чанд филм ба ҷашнвора пешниҳод шуда буд ва яке аз онҳо ҷоизаи аслии онро баранда шуд. Дар ҷараёни намоиши филмҳои афғонӣ маълум мешуд, ки коргардонҳо аз назари техникӣ ва молӣ мушкил доранд, новобаста ба ин, синамои ин кишвари ҳамсоя дили бинанадаи тоҷикро тасхир намуд.
Ҷашнвораи дигари байналмилалии синамо баъд аз ду сол баргузор хоҳад шуд. Умед аст, ки ин дафъа синамогарони тоҷик дар он ширкат намуда, бо филмҳои хубу дидании худ Тоҷикистонро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон ба таври мусбат муаррифӣ хоҳанд кард.
Эмомалӣ Сайидамирзод