Ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақоми забони давлатӣ дар Мурғоб суҳбате доштем бо муовини раиси ноҳияи баландкӯҳ Ҳусния Раҷабова.
– Лутфан бигӯед, ки тайи солҳои охир дар самти таҳкими мақоми забони давлатӣ дар Мурғоб чӣ навгониҳо ба вуқӯъ пайвастанд?
– Соли таҳсили имсола макотиби ноҳия китоби „Тажик тили“ -(забони тоҷикӣ) - ро дастрас намуданд, ки роҳнамои хубе барои омӯзгорону хонандагони қирғиззабон дар мавриди омӯзиши забони давлатӣ гардид.Муаллифи китоб Майрамбек Тойчиев, собиқ раиси ноҳия мебошад, ки донандаи хуби забони давлатӣ буда, ба забони тоҷикӣ китоби шеърҳояшро ҳам интишор додааст. Ашъори Саъдӣ ва Ҳофиз дар тарҷумаи ӯ ба забони қирғизӣ байни хонандагони қирғиззабони ноҳия ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз беҳтарин тарҷумаҳои ин силсила эътироф гардидаанд.
Ҳамчунин „Луғати гуфтугӯии забони тоҷикӣ - қирғизӣ“ интишор ва дастраси алоқамандон гардид, ки кормандони идораву муассисаҳо ва сокинон дар муошират аз он истифода мебаранд. Мураттабсози луғат Мурзабай Ҷоошбаев, раиси ноҳияи Мурғоб, мебошад, ки забони тоҷикиро хуб медонад ва бо ин забон чандин мақолаҳо таълиф намудааст.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки дар амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи забони давлатӣ“ нисбат ба худ серталабанд, ин анъанаро дар идораву муассисаҳо амалӣ карданд, то ки бо дарки муҳимияти омӯзиши забони давлатӣ онро омӯзанду дар коргузорӣ ҷорӣ намоянд.
Ба манзури омӯзиши забони давлатӣ ҳанӯз чанд сол қабл кормандони идораву муассисаҳои давлатӣ ба омӯзиш гирифта шуданд. Ба курсҳо мутахассисони соҳибтаҷрибаи ноҳия ва вилоят ҷалб шуда, натиҷаҳои хуби омӯзишӣ ба даст омаданд. Айни ҳол ҳамаи идораву муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ пурра бо забони давлатӣ коргузорӣ мебаранд.
Ҳамчунин ду саҳифаи рӯзномаи ноҳиявии „Сарикол“ акнун аз навгониҳои ҳаёт ба хонандагон бо забони давлатӣ нақл мекунад.
–Дар деҳот муносибат ба забони давлатӣ чӣ гуна аст?
–Дар коргузории ҷамоатҳои деҳот ва мактабҳо камбудиҳо ҷой доштанд. Аз сабаби набудани мутахассис дар баъзе ҳолатҳо коргузориро шахсоне мебурданд, ки дар артиш ҳангоми муошират бо ҳамсафонашон забонро омӯхта буданд, вале дар истифодаи забони коргузории расмӣ донишу таҷрибаи кофӣ надоштанд.
Ин мушкилот бо ёрии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои вилояту ҷумҳурӣ ҳал гардид. Сӣ нафар хатмкунандагони макотиби олии кишвар аз ҳисоби Квотаи президентӣ ба ноҳия омада, ба идораву муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот фиристонда шуданд ва сифати таълими забони тоҷикӣ ва коргузорӣ ба забони давлатӣ беҳтар гардид.
–Забон дар ҳамгироии фарҳангии сокинони Мурғоб чӣ нақше дорад?
– Забон ҷузъи фарҳанг буда, марзро намешиносад. Дар маъракаҳои хурсандии тоҷикону қирғизҳо созу суруд бо ду забон мавҷ мезананд. Вақте суруд хуб бошад, муҳим нест, ки бо кадом забон суруда мешавад, ба дил мешинаду ҳозиринро ба рақс медарорад. Бояд гуфт, ки вақтҳои охир дар байни қирғизон иҷрокунандагони суруд бо забони тоҷикӣ меафзоянд.Ҳофизони тоҷик ҳам бо камоли майл сурудҳои қирғизӣ месароянд. Дар тӯю маъракаҳо мардум бо фарҳанг ва забони ҳамдигар ошноии бештар пайдо мекунанд. Ҳофизони ҷавони қирғиз, ки бо сурудҳои тоҷикиашон гули сари сабади маъракаҳо гардидаанд, дар ҷараёни хизмат дар артиш дар қатори аз худ кардани малакаҳои ҳарбӣ забон омӯхтанду ҳунари сарояндагиашонро такмил доданд ва дар ҷодаи ҳунармандӣ гом мениҳанд.
Дар Мурғоб аз дер боз анъанаи „Иркоса“ ва ё „Ҷоми суруд“ маъмул буда, аз даст ба даст мегузарад. Албатта, ҳар фард ҳунари қироати шеър, сурудхонӣ ва ё рақсидан дорад. Вале шарму эҳсосу ҳаяҷон барои зоҳир шудани ҳунараш дар байни мардум имкон намедиҳанд. Бинобар ин расм буд, ки сарвари маърака ба ҷом муште аз кулли анвои рӯйи дастархонро кам-кам мерехту онро ба яке аз ҳозирин медод. Шахси ҷомро гирифта, тибқи шарт бояд ҷомро дармекашид ва ё ҳунари санъаткориашро зоҳир менамуд. Албатта, аз дар кашидани ҷоми сермурчу намак дида, иштирокдори маърака сурудхонӣ ва рақсиданро авлотар медонист ва пас боз ҷомро ба нафари хостаи дигар дароз мекарду ба ҳамин минвол базм идома меёфт. Ҳадафи „Ҷоми суруд“ мадад ба кушоиши истеъдоди шахс буда, айни ҳол ин анъана фақат ба таври рамзӣ боқӣ мондааст.
Дар озмуни „Ҷоми суруд“ - и соли равон, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст гардид, ҳунармандони кулли ҷамоатҳои деҳот санъатвариашонро бо ду забон манзури тамошобинон гардонданд.
–Оё шавқи наврасону ҷавонон ба забономӯзӣ хуб аст?
–Донистани забони давлатӣ ба рушд ва камолоти касбӣ мусоидат мекунад. Волидон бо дарки ин муҳимият мекӯшанд, ки фарзандонашон дониши хуби забони давлатӣ дошта бошанд. Чунин ҳавасмандӣ ба донистани забони давлатӣ муассисаҳои таълимиро низ водор месозад, ки сатҳ ва сифати таълими забони давлатиро боз ҳам баландтар бардоранд.
Мутахассисони ҷавон дар риштаҳои гуногун фаъолона кор мебаранд. Танҳо соли гузашта 24 хатмкунандаи макотиби ноҳия тибқи Квотаи президентӣ ва 40 нафар аз рӯйи низоми тестӣ ба донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил шуда, ҳамасола аз ҳисоби чунин ҷавонони бодонишу забондон заминаи кадрии сохторҳои гуногун тақвият меёбад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия талош меварзад, ки барои омӯзиш ва таълими забони давлатӣ тамоми шароити лозим ва мусоид фароҳам оварда шаванд. Бо ёрии Вазорати маориф ва илм теъдоди зарурии китобҳои дарсӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ ба макотиби ноҳия дастрас гардиданд.
Озмунҳои „Забондони беҳтарин“ байни омӯзгорон ва ҷавонони лаёқатманд, „Тарона ба забони тоҷикӣ“, ки ватану дӯстиро тараннум менамояд, ҳамоиш ва нишастҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ хоҳишмандони зиёдеро гирд оварданд.
Дар сохтори мақомоти ноҳия мушкилоти истифодаи забони давлатӣ комилан ҳал шуда, коргузорӣ ва ҷаласаҳо пурра ба забони давлатӣ гузаронда мешаванд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки забони давлатӣ дар Мурғоб мақоми шоиста дорад. Вале ба хотири боз ҳам бештар таҳким бахшидани мақоми забони давлатӣ мақомоти маҳаллӣ лозим медонад, ки соатҳои омӯзиши забони давлатӣ дар макотиби ноҳия зиёд шаванд. Ҳамчунин афзоиш додани теъдоди сокинони қирғиззабони ноҳия, ки аз ҳисоби Квотаи президентӣ ба макотиби олии кишвар дохил мешаванд, ба ҳал намудани мушкилоти камбуди мутахассисон ва таҳким ёфтани забони давлатӣ дар ноҳия мусоидат менамояд. Сокинони ноҳия ба забони фарҳангу сулҳ ва панду ҳикмати Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Ҳофизу Хайём шавқи беандоза доранду ба онҳо бояд дар роҳи забондонӣ, ки фазилати ҳар шаҳрванд маҳсуб мешавад, ёрӣ расонем.
Суҳбаторо
М.Саид, Мурғоб