– Мардуми Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, ба хусус забони давлатӣ мебошанд. Президенти кишвар дар ҳама суханрониҳои хеш ба муносибати Рӯзи забон ба забон ҳамчун рукни ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ арҷгузорӣ намуда, сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамин поя устувор сохтааст.
Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2009 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумитаи мазкур маҳсуб мегардад. Мутобиқи қисми 2 моддаи 3 - и ин қонун ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад. Тадбири бисёр муҳими дигар дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ин таҳия ва қабули Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012 – 2016 мебошад, ки он 30-юми июни соли 2012 ба тасвиб расидааст. Ин барнома, пеш аз ҳама, барои татбиқи давра ба давраи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, таъмини ҳатмии мақоми конститутсионии забони тоҷикӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ва татбиқи самарабахши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ заминаҳои мусоид фароҳам меоварад. Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур муқаррар гардидааст, бинобари ин, вазъи татбиқи онро аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаи корҳое, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур ба анҷом расидаанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузорши муфассал медиҳад.
Мутобиқи қисми 4 моддаи 3- и қонун „Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. Ин масъала ба банди 13 – и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ ворид карда шуд. Қобили тазаккур аст, ки то имрӯз дар аксарияти ташкилоту муассисаҳо барои ташкили давраҳои бозомӯзии забони давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Мутобиқи қисми 6 моддаи 3 –и қоуни мазкур ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти имлои забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад. Кумита бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2013 аз ҳисоби фонди захиравииПрезиденти кишвар дар ҳамкорӣ бо олимони забоншинос „Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ“ -ро таҳия ва барои чоп омода намуд, ки имрӯз китоби мазкур фарҳанги рӯимизии ҳар як мутахассис мебошад.
– Таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
–Ин бахши кор яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бо мақсади татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо қарори ҳайати мушовара аз 28 марти соли 2011 аз зумраи олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногун Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳотро таъсис додааст, ки он аз 3 гурӯҳ ва 20 бахш иборат аст. Ҳоло дар ҳайати Шӯро (бо намояндагӣ аз вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ) зиёда аз 100 нафар муҳаққиқ фаъолият дорад.
Дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот кумита дар давоми фаъолияти худ беш аз 40 фарҳангномаҳои марбут ба истилоҳоти соҳавиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст. Фарҳангномаҳо бештар дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ, сиёсатшиносӣ, кишоварзӣ, техникӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биологӣ, нассоҷӣ, педагогӣ, нақлиёт, коргузорӣ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ таҳия гардида, дузабона (русӣ – тоҷикӣ) ва сезабона (тоҷикӣ – англисӣ – русӣ) мебошанд. Дар тӯли 6 соли фаъолияти худ кумитаи навтаъсис бештар аз 100 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, консепсияҳо, созишномаҳо, маълумотномаву оиннома ва барномаву тавсияномаҳо, 10 луғатнома, теъдоди зиёди санад, парвандаҳои судӣ, таъйиноти судӣ, мақола, нақша, барчаспҳои маводи хӯрокворӣ ва номгузориҳои ташкилоту муассисаҳоро мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дода, истилоҳоти онро коркарду мувофиқа намудааст.
– Дар мавриди тағйир додани номи шаҳру ноҳия ва деҳаҳо чӣ корҳо анҷом шуданд?
– Мувофиқи маълумоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 то 1 августи соли 2013 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ ва ба хотири татбиқи қонун „Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ дар кишвар номи 1 вилоят, 3 шаҳр, 15 ноҳия, 13 шаҳрак, 78 деҳот ва 767 деҳа тағйир дода шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардидаанд, ки масъалаҳои тағйир додани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишинро қаблан бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа намуда, баъдан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Бояд гуфт, ки номҳои таърихӣ барои ҳифзи асолати таърихии мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ дар шароити кунунӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
– Дар иртибот ба ҳимоя ва рушди забони тоҷикӣ берун аз ҷумҳурӣ чӣ корҳо сурат мегиранд?
– Баъд аз соҳибистиқлолии кишвар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия бо 41 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 30 маркази фарҳангӣ, дар Украина бо 2 ташкилот, дар Қирғизистон бо 2 ташкилоти ҷамъиятӣ, дар Қазоқистон бо 7 маркази фарҳангӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Дар Русия зимни ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва ташкилоти ҷамъиятии дӯстии халқҳои тоҷику руси „Сомониён“ дар шаҳри Санкт- Петербург рӯзномаи ҳармоҳаи „Хуросон“ ба забони тоҷикӣ нашр гардида, дастраси хонандагон мегардад. Ҳамчунин ин хадамот ҳамкориро бо созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ба роҳ мондааст. Бо ибтикори ин созмон рӯзномаи „Ала –Тоо“ таъсис дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар Хадамоти муҳоҷират рӯзномаи „Муҳоҷир“ ба забони давлатӣ нашр гардида, як қисми он дар қаламрави Федератсияи Русия ба воситаи намояндагӣ миёни тоҷикон паҳн карда мешавад.
Баҳри рушду густариши забони тоҷикӣ дар кишвар ва берун аз он 10 –уми сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши забон ва истилоҳот ба имзо расид.
– Дар масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ – тоҷикӣ чӣ иқдом рӯи даст аст?
– 27 – уми июни соли 2015 Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони „Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ – тоҷикӣ“ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муҳаққиқону донишмандони кишвар ва намояндагони кишварҳои Эрон, Афғонистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти кумита ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар конференсия зиёда аз 150 нафар олимон, муҳаққиқон, таълимгарон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Дар ҳоли ҳозир 15 ҷилди „Ҳазорвожаҳо“ дар риштаҳои пизишкӣ, заминшиносӣ, физика, химия, равоншиносӣ, улуми инсонӣ, улуми низомӣ, ҳамлу нақл, муҳандисӣ ва ғайра аз чоп баромадаанд. Ду ҷилди дигари силсила дар дасти чоп аст. Забоншиносони эронӣ изҳори умед карданд, ки хуб мешуд, агар дар оянда ҳамзабонони тоҷику афғониашон дар ин масъала онҳоро дастгирӣ намуда, дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ битавонанд вожаномаҳоеро дар риштаҳои гуногуни илм, сиёсат, иқтисодиёт таҳия бинамоянд, ки истеъмол ва истифодаи онҳо дар муҳити илмӣ – фарҳангӣ ва адабии ин се кишвар баробар қобили қабул бошанд.
9 –уми июни соли равон Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони „Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ“ бо иштироки донишмандони кишварҳои Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Британияи Кабир, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва намояндагони ВАО баргузор гардид. Ин конфронс рисолату мақоми таърихии забони тоҷикиро дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникии ҳавзаҳои форсизабонони ҷаҳон ба назар гирифта, баҳри рушду густариши он дар муносибатҳои байналмилалӣ таисияҳои судманд дод.
– Ташаккур. Дар иртибот ба рушд ва такомули забони давлатӣ ба хонандагони маҷалла иттилои судманд ва густурда додед.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб
Эмомалӣ Сайидамирзод