Бо ин ҳама фараҳбахштарин рӯйдодҳо, рӯишҳо, равишу равияи рушдҳо ҳанӯз ҳам созмонҳою ниҳодҳои мухталифи ба истилоҳ „дилсӯз“-и мардуми тоҷик аз нақзи ҳуқуқҳои инсон, ба вижа ҳуқуқи занон дар давлати Тоҷикистон ҷор мезананд, аммо на бо далелу дастакҳои шайъӣ, балки ғолибан бо баҳонаҷӯиву хаёлбофиҳои беасос. Намояндагони на танҳо қишри муайяни ҷомеаи кишвар, балки раҳбарияти ҲНИТ бидуни эътино ба муқаррароти қонунгузории кишвар аз ваколатҳои худ бурун рафта,аз арзишҳои аслии ислом фарсахҳо фосила гирифта, бо суистифода аз ҳар пайти мусоид аз таблиғу ташвиқ дар миёни мардум, ба вижа хоҳарону модарони мо, рӯ наметофтанд. Онҳо дар қиморбозии сиёсии зиддидавлатиашон худро мудофеи ҳуқуқҳои суннатии занон вонамуд менамуданд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассоси мавқеъгириҳо боз ҳам хиради табиатзодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор дод, ки маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“-ро бунёд гузошта, бо ҳидояту раҳнамоиҳояш, дастгириҳои моддиву маънавиаш онро то ба сатҳи рутбаи ростини розу ниёзи хоҳарону модарони тоҷик расонд. Аз ҳамон рӯз эътиборан нашрия ҳамчун падидаи маънавӣ ба оинаи ҳақнамои фарозу фурудҳои ҳаёти занону духтарони мамлакати озоду ободу озодаи мо ва маҳрами рози онҳо табдил ёфта, дар бораи баробарии марду зан, ҳуқуқҳои умдаи онҳо ба таҳсилоту дониш, ба шуғлу вазифа, дастрасӣ ба замину сарватҳои Ватан, бархӯрдорӣ аз истироҳату табобату имтиёзҳои иҷтимоӣ маводу матлабҳои таҳлилию муассир интишор намуда, санги бадгӯёни кишвари моро сабук мекард. Аз дигар сӯ, маҷалла ҳамчун як рукни устувори ҳокимият аз арзишҳои волои умумибашарӣ, амсоли демократия, баробарҳуқуқии инсонҳо, озодии баёну виҷдон, сулҳу суботу осоиш, дахлнопазирии марзу буми муқаддаси Ватану ҳайсияти ҳар каси маскуни он бо иқтидору имкони билоқуввааш пуштибонӣ менамуд. Аммо аз ифшои иллату камбудиҳо дар ҷомеа ҳам чашм фурӯ намебаст. Шумораҳои тайи 10 сол интишорёфта худ далели муътамади ин андешаҳоянд. Дар фурсату фосилаи мазкур нашрия марҳилаи ҳамвораи ташаккулу такомулро пушти сар сохта, таҷриба андӯхт, чеҳраашро барафрӯхт, ки дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа маҳбубияти вижаеро дар баробари худ ихтисос додан тавонист. Ин буд, ки теъдоди нашраш феълан аз марзи 14 ҳазор ҳам бигзашт.
Афзудани теъдоди нашри маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“, ба гунаи як падидаи нодири маънавӣ, на ки як шаҳодат аз сатҳи нуфузи нашрия медиҳад, балки далели рушди сатҳи шуурнокию дараҷаи донишу маърифатталабии занону духтарони тоҷик мебошад, ки натиҷаю самараест аз тадбирҷӯиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари боло бурдани мақому мартабаи зан дар ҷомеа. Воқеан, дар ин самт барномарезиҳо ба таври дақиқ сурат гирифта, марҳила ба марҳила тавассути роҳандозии квотаҳои таҳсилот, бунёди муассисаҳои муосири сатҳи гуногуни таълиму тадрис ва дигар усулҳо амалӣ карда шуданд. Маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“ ба инъикоси мунсифонаи раванди созандагиҳо тайи даҳ соли мавҷудияташ афзалият медод. Бо дарки масъулият ва ниҳояти эътимод иқрор мекунаму исрор, ки дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолиаш сарзамини муқаддаси мо, бидуни муболиға, таҳаввулоту тараққиёти инқилобии иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангию маънавиро шоҳид шуд, ки таърих назирашро ёд надорад.
Падидаи дигари маънавӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ин сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои баргузидаи миллати мо Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавассути иқдому ибтикору ташаббусҳои созандаи хастагинопазираш, суханронию гуфторҳои пурмуҳтавояш, асарҳои амиқи таърихии илмиаш, амру фармону дастуру ҳидоятҳои ҳадафманду муассираш мақому манзалати забони тоҷикиро дар замони соҳибистиқлолии давлати тоҷик бар арши азалии хеш овард. Таҷлили густурдаю пуршукӯхи Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр сурат мегирад, на танҳо баёнгари арҷгузорӣ дар баробари лаҳни модарии мост, балки гиромидошти фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст, ки талошу тараддудҳои ӯ дар самти ҳифзи гӯиши ноби тоҷикии орёиреша шоиставу сазовор ба садҳо санову ситои самимӣ низ мебошад. Чаро ки ӯ ба ҳайси як сиёсатмадори муқтадири оянданигари дурбини дурустандеш ба шарофати зеҳну заковати пурвусъаташ, ки муҳаррикаш ғаризаи модарзодиаш аст, паёмадҳои неку бади раванди ҷаҳонишавиро дақиқу дуруст дарк намуда, пеш аз ҳама, ба ҳифзи асолати забони ноби тоҷикӣ аз озодаминбарҳои дохилию байналмилалӣ доди ватанхоҳию миллатшиносӣ баланд кард, ки ин иқдоми ватанхоҳонаи шоистаи таҳсин аст. Ёд дорам сухангӯии Сарвари муаззами давлати тоҷикро дар ҷараёни мулоқоти нахустинаш бо аҳли зиёи кишвар,ки дар он нухбагони илму фарҳангу маорифу маънавиёти меҳани мо иштирок доштанд. Пешвои миллат чун нуктаҳои ибратомӯзе оид ба ҳифзи забони ширину шевои тоҷикӣ ироа намуданд, бурун аз матни маърӯза бадоҳатан дар шинохти қадру манзалату рисолати ин лисони биҳиштӣ андешаву фикри бикреро арза карданд, ки мазмунан ин буд: „Муҳимтарин рукни ҳар давлати мухтори миллӣ забони ӯст. Чун забонамонро гирифтанд, аз мустақилияту давлатдории миллӣ ному нишоне боқӣ нахоҳад монд. Таъкид мекунам, зиёиёни муҳтарам, ки масъалаи мазкурро саҳл наангоред ва бо тамоми ҳастӣ барои ҳифзи он аз олудагиҳои номатлуб бидуни истиҳолаю таъхир тадбирҳои муассир андешида амалӣ гардонед.“
Воқеан, ҳамин афкор, азбаски бо дарки таҳдиди хатари билоэҳтимолии наздик ба тақдири миллат ироа шуд, ҳозиринро ба ваҷд овард, ки эҳсосоти самимии дарунсӯзи худро аз ҷонибдории ин андешаи Пешвои миллат бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ ифшо намуданд. Ва боз зимни мулоқоту машваратҳои анъанавии баъдинааш Сарвари бихраду соҳибтадбири мо аз барномаҳои муҳташами стратегие чун паст кардани сатҳи камбизоатӣ, раҳо додани буму бари муқаддасу боарҷи тоҷик аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва фароҳам овардани фазои воҳиди иттилоотӣ ҳарф зада, марҳила ба марҳила лоиҳаву пружаҳои бузургро бо ҷалби сармояи хориҷию маблағгузории давлатӣ дар ин самт устуворона амалӣ мекард. Ин иқдомоти бунёдкорона ба як қатор ашхоси нохушбини давлати мо писанд намеомад, ки ба сару ба дил хаёли хоми дубора хароб кардани фазои саршор аз амну осоиши Тоҷикистонро мепарвариданду то ҳанӯз ҳам аз ин мақсади муҳоли худ даст барнадоштаанду мутмаинам, ки минбаъд низ бар нахоҳанд дошт, бад-он далел,ки:
Неши ақраб на аз рӯи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст.
Ин аст, ки боз ҳам тоифае аз бадхоҳони Тоҷикистони озоду ободро сарсабзиҳои Ватану сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти мамлакат нофор намудааст, ки онҳо дар ангезаи тинати азалии худ ба фитнаангезию дасисабарангезӣ ва моҷароҷӯиву тухми низоъ киштанҳо даст ёзидаанду дар пайи кадом як мақсаду мароми мармузу махуф алорағми зодбуми худ ё ба таъбири шоирона: „Қарори ҳафт пушти худ“ ба кин бархостаанду дандон тез намудаанду дил сияҳ кардаанд.
Ҳон, ай бехабарону табаҳкорони каҷзахмаи хориҷоҳанги суди сафарёфта, ки ба таҳрику тавтеаи хоҷагони хориҷӣ аз бими сазокашӣ дар бадали аъмоли зишти ғайриқонунии худ ҷилои Ватан намудаеду дар Лаҳистон бо барангехтани валвалае ба сӯи меҳану миллати арҷманди тоҷик санги маломату „ҳақталошӣ“ меандозед, бидонеду огаҳ бошед, ки чун ҳамеша нақше рӯи об мекашед, чаро ки таҷлили мутантану муҳташами 25-умин солҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҷаҳониён бори дигар собит сохт, ки мардум ва Пешвои миллат бо ҳам аз нигоҳи фикр, ба ҷиҳати зеҳну зикр сахт тавъаманд. На ки як саропо мардуми муҳтарами кишвари тоҷик лобал халқи ҳушманди ҷаҳон шумо, нобакоронро, лаънату нафрин мехонад, ки номаҳои бешумори модарону хоҳарони ватандӯст, ки тайи чанд рӯзи ахир ба унвони нашрия меоянд, бозтоби ҳамин нукта мебошанд. Шӯру шари барангехтаатон аз заъфи фикрӣ асту аз нафси нопоку басираи тирабини шумост, ки дар васвасаи мансабталошӣ ҳатто аз шеваи „гӯр сӯзаду дег ҷӯшад“ низ фурӯгузорӣ намекунед. Аммо дареғ аз ин, ки шумо ва тоифаҳои амсоли шумо дар шинохти худу миллати худ раҳ ба хато бурдаед. Чаро ки раҳе, ки меравед, поёнаш рӯсиёҳию шармандагисту гумномӣ, аммо масири сафари мо ба сӯи рӯшанию шукуфоисту шарафмандӣ!
Шоҳонаи Сулаймон