Афзоиши таваҷҷуҳи хориҷиён ба либоси миллии тоҷикӣ бозгӯи зебо будани он аст. Аммо бо дарназардошти талаботи нисбатан ками мардум саноати истеҳсоли либоси миллӣ пешрафта нест. Бештари номгӯйи либоси миллии мардонаи тоҷикӣ барои инъом ба меҳмонони хориҷӣ, ки ба фарҳангу маданияти мо таваҷҷуҳ доранд, лозим меояду бас.
Солҳои охир ҳунари тарроҳӣ дар рустоҳои Тоҷикистон ҳам ривоҷу равнақ ёфта, дӯзандагони моҳир намудҳои ҷадиду зебои либоси тоҷикиро пешкаши бонувони мо мегардонанд. Дар ҳошияи ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба эҳёи расму суннатҳои ниёгонамон масъулони соҳаи кор бо занон ва оила тадбирҳои судманд андешида истодаанд, ки шоистаи таҳсин аст.
Дар робита ба фарҳанги либосҳои занона Санавбар Самиева, сардори Сарраёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, чунин андеша дорад:
- Ҳар нафар бонуи аврупоинажоде, ки дар созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон фаъолият дорад, ба куртаҳои миллии занона, махсусан либосҳои аз чакану атлас дӯхташуда таваҷҷуҳи дошта, онро ба бар мекунад. Пас, чаро мо, меросбарони ин саноати зебои оламгир, дар либоспӯшӣ ба фарҳанги ба арзишҳои миллию анъанаҳои сунатии мо бегона тақлид намоем?Агар дар марказҳои маъмурии шаҳрҳои кишвар духтарон бештар пайравӣ ба либоспӯшии фарҳанги Аврупо намоянд, дар рустоҳои дурдаст занону духтарон ба сатру либосҳои истеҳсоли туркияву иронӣ шавқу мароқ пайдо кардаанд. Мушкили мо дар ин ҷода коҳиш ёфтани сатҳи тарбия дар оилаву муассисаҳои таълимист.
Мояи ифтихору сарбаландии насли имрӯзи тоҷик аст, ки ниёгони санъатвару чирадаст доштаем, ки гулу чакандӯзӣ зару зеваророӣ ва садҳо пешаву ҳунарҳои асилро то ба замони мо интиқол додаанд. Шояд бисёриҳо чунин суолро матраҳ намоянд, ки пӯшидани сару либоси ғайримилӣ чӣ ҷойи бадӣ дорад? Вале дарк намекунанд, ки тарғиби фарҳанги бегона, ба хусус ҳаваси бепоя ба либоспӯшии аврупоию туркию дигар кишварҳо теша бар решаи фарҳанги миллати хеш задан аст.
Хушбахтона, роҳандозии тадбирҳои таблиғию тарвиҷӣ бобати пешгирӣ аз пӯшидани сарбандҳои сиёҳи туркию иронӣ, рӯз аз рӯз теъдоди намоишкорони фарҳанги бегона дар кӯчаву бозорҳои кишвар кам шудан доранд. Ба гуфти Майсара Холиқназарова, сокини пойтахт бояд, тарроҳону фарҳангшиносони тоҷик китобҳое мисли одоби либоспӯшӣ дар хонаву коргоҳ ва ҷойи ҷамъиятиро таҳия ва пешниҳоди сокинон гардонанд.
Фарзона Хуршедзода, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, иброз медорад, ки бахши мазкур ҷиҳати пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб ва дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, аз ҷумла тарғиби либосҳои миллӣ чораҳои мушаххас рӯи даст гирифтааст. Ҳар чорабинии фарҳангие, ки дар ноҳияи Тоҷикобод доир мегардад, ҳатман як ҷузъи он ба тарғиби либоси миллӣ ихтисос дода мешавад.
Дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони тарроҳ моҳе чанд бор намоиши либосҳои занонаро ба роҳ монда, дар вохӯриҳо бо ҷавонон масоили фарҳанги либоспӯшӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Зеро мушоҳида мешавад, ки тарзи либоспӯшии баъзе бонувон тақлид аз филмҳои туркист, ки имрӯз бозори дуконҳои гирдафурӯширо пур мекунад. Иддае аз духтарон интихоби либосҳои ғайримилиро ба муд рабт медиҳанд.
Мутаассифона, баъзе занонро шавҳарон ба пӯшиши сарулибоси марбут ба фарҳанги бегона маҷбур мекунанд. Бояд гуфт, ки ба ин монанд омилҳои зиёде боис ба коҳиш ёфтани маънавиёти ҷомеа ва аз таҳсил дар канор мондани духтарон мегардад. Барои раҳоӣ аз ин гуна падидаҳои номатлуб дар мадди аввал духтаронро ба ҳама зинаҳои таҳсилот ҷалб намуда, фаъолзанонро водор созем, ки ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти занону духтарон чорабиниҳои фарҳангиро бештар бояд баргузор намоянд. Ҳамин тавр, тарғиби сару либоси миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз тақлиди либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҷаҳду талош баҳри ҳифзи либоси миллӣ, ки ҷузъе аз арзишҳои фарҳангист, вазифаву рисолати ҳар фарди миллатдӯсту ватанпарвар аст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН