Як шоираи ҳамзабонам аз Амрико барои дидани Тоҷикистон омада буд ва чанд рӯз меҳмони ман буд. Пеш аз бозгашт, ҳамроҳаш ба бозори «Корвон» сар задем. Чун аз мошин пиёда шудем, ду ҷавон ба ҳам бархӯрд доштанд, дастак мезаданду ҳамдигарро дашноми модар медоданд. Барои ман ин як манзараи муқаррарӣ буд, ки ҳамвора мувоҷеҳам, аммо мехостам ҳар чи зудтар аз ин ҷо биравем, то меҳмон ин носазоҳои бемаъниро нашунавад. Назарам ба меҳмон афтод, ки ҳайрон-ҳайрон ба он саҳнаи пур аз қабоҳат нигоҳ мекард. Ман аз ғояти шарм зуд аз дасташ гирифтаму рафтем. Чун ба хона бозгаштем, ӯ пурсид: «Хонум Шаҳрия, акнун он ду ҷавон ҳатман якдигарро мекушанд? Охир, онҳо модари ҳамдигарро фаҳш гуфтанд». Посухи суолаш беҷавоб монд.
Ростӣ, дилам ба забони модариам, ки аз он фақат шаҳду шакар мерехт месӯзад. Забони тоҷикӣ тамоми оламиёнро бо фасоҳату балоғаташ ба ҳайрат гузоштасту вале баъзе фарзандону пайвандони моро не. Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар асараш «Назаре ба таърихи ҷаҳон» нигошта: «Қабоили турку муғулу араб ҳарчанд, ки фарҳангу забони зиёд миллатҳоро хароб карда, аз миён бурд, аммо дар Мовароуннаҳру Эронзамин решаҳои ориёӣ он қадар мустаҳкам буданд, ки ин қабоил забони тоҷикиро пазируфта, ниёзҳои хешро бо ин забон амалӣ карданд».
Бояд гуфт, ки суханомӯзи кӯдак модар аст ва нахуст модар муваззаф аст, ки забони фарзандашро тозаву мунназаҳ нигоҳ дорад. Ёд дорам, айёми кӯдакӣ мабодо аз забони ягон кӯдак дашном мебаромад, модарбузургам дар сари остинаш гӯгирд дошту ӯро метарсонд, ки бори дигар дашном диҳӣ, забонатро месӯзонам. Мо аз бими модарбузург калимаи қабеҳро ба забон намегирифтем. Аммо имрӯз чун ба ҷомеа бархӯрд мекунед, пай мебаред, ки на ҳама волидайн, ба вижа модарон ба тарзи суханронии тифлашон таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Баъзан мебинам, ки занони ба истилоҳ «назди подъезд» соатҳо суҳбату ғайбатҳои бе рӯҳу бемоя мекунанду 2-3 қадам дуртар кӯдаконашон ба ҳамдигар дарафтода аз алфозашон дашномҳои қабеҳ мерезад. Мешунаваму ҷонам ба дард меояд: «Ҳамсоя, чаро фарзандат ҳақорат мекунад?». «Э апаи шоира, (маро ҳамин тур ном мебаранд) ҳолӣ майдаай, калонтар шавад, соз меша». Худоё, тавба, писарбачаи 10-12 сола майда будаст? Чӣ бояд кард бо ин гуна заноне, ки дар ғафлат мондаанд? Мусаллам аст, ки ин гуна занон дар умрашон китоб нахондаанд ва аз касе одоби муоширатро ёд нагирифтаанд. Зани бомаърифат намегузорад, ки фарзандонаш дар роҳи бадзабониву бетамизӣ раҳгум бизананд. Кӯдак танҳо бо раҳнамоиву дастури модар андеша ва фикр карданро ёд мегирад.
Масъалаи дигаре, ки маро ором намегузорад, он аст, ки дар кӯчаву бозор ва ба хусус дар нақлиёти ҷамъиятӣ мардҳо ба занону духтарон бо нидои «Э хола» муроҷиат менамоянд. Вожаи «хола» исми муроҷиатии хешу таборист ва дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» низ навишта шудааст, ки хола аз решаи «хол», яъне дар луғат бародари модарро гӯянд ва баъдтар мардум ба он пасованди «а»- ро ҳамроҳ карда, ба хоҳари модар муроҷиат карданд. Борҳо шоҳид будам, ки духтаракони ҷавон аз хола гуфтани мардҳое, ки умрашон ба ҷое расида, ранҷида мегӯянд: «Амакҷон, ман то ҳол шавҳар накардам, маро хола нагӯед».Бале, бояд мардҳо дарк кунанд, ки исми муроҷиатӣ мутобиқ ба синну сол бошад.Месазад, ки аз кӯдакӣ духтаронро бо исми зебои «бону» ва баъдан хонум ном бубарем. Бигузор мардҳо ҳамсарҳояшонро «Э, кампир», «Э, занак» ва ё «очаи фалонӣ» ном набаранду номашро пурра ва ҳамчунин хонум бигӯянд.
Зиёд таманно дорам, ки мардҳои ҷомеаи мо ҳар субҳ барои занони худ гелоси қаҳва наоранду мақому манзалати занро эҳтиром намуда, ҳамеша бо сухани нарму шево дилашро гарм кунанд, яъне бо ҳамсари хеш чун нодиртарин эъҷози Худованд муносибат дошта бошанд.
Мардон агарчи чашми Худоянд,
Афтода чун ашк дар пойи моянд.
Моем, моем нерубарангез,
Варна далерон бар ҷабҳа н-оянд.
Шаҳрияи Аҳтамзод