Агар ба ин масъала аз назари иқтисодӣ нигоҳ кунем, маълум мегардад, ки бидуни равобити иқтисодӣ ҳич як кишваре рушду инкишоф надоштааст. Табодули назар, ҳамдигарфаҳмӣ ва табодули коло иллати такомули иқтисодӣ хоҳанд шуд.
Равобити фарҳангӣ низ дар рушду такомули миллатҳо ҳамеша нақши калидӣ дорад. Агар имрӯз ба суннату оин ва адабиёти ҳар як кишваре бингарем, хоҳем дид, ки он дар натиҷаи табодул рушд кардааст. Дар рақсу бозӣ, варзиш, адабиёти хаттӣ ва шифоҳӣ ва забони худ ҳамарӯза намунаҳои фарҳанг ва забони ҳамсояҳо ва умуман тамаддуни ҷаҳониро мушоҳида карда метавонем. Зеро забони гуфтугӯйӣ ва адабӣ ҳам забонҳои зинда буда, бидуни таъсир ва додугирифт бо забонҳои ҳамсоя таназзул хоҳанд кард.
Илова бар ин, тӯли қарнҳо ҳамсоямиллатҳо бо ҳам наздик будаву дар натиҷаи равобити мухталиф бо ҳам хеш шудаанд. Хонаводаҳои зиёдеро метавон мисол овард, ки дар онҳо намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикҳо, ӯзбекҳо, афғонҳо, чиниҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, тоторҳо, русҳо ва боз намояндагони миллату қавмҳои зиёдеро дидан мумкмин аст.
Бо як сайри таърихии кӯтаҳе метавон ба натиҷа расид, ки арзи ҳастӣ намудани мақолу масалҳои мазбур дар мавриди ҳаққи ҳамсоя ва эҳтироми ҳамсоядорӣ бесабаб набудааст.
Агар маҳдудтар ба ин масъала назар афканем, хоҳем дид, ки дар маҳалла, дар деҳа, шаҳристон ва шаҳр низ масъалаи ҳамсоядорӣ дар оини ниёкони мо ва тавсияу маслиҳати волидон ҳамеша мақоми аввал дорад. Замони бачагӣ тибқи дастури падару модар ба бонувони ҳамсоя «хола» гуфта муроҷиат мекардем. Ин холагӯиҳо то имрӯз давом дорад ва муносибати байни ҳамсояҳои деҳаи замони бачагии мо дар муқоиса бо мардуми имрӯз хеле фарқ дорад. Агар ҳамсояеро медидем, ки дар даст сатили об дорад, кори худро канор гузошта, сатили холаро то хонааш мебурдем. Агар ҳамсояеро медидем, ки рӯи сар дастархон дорад, масири худро иваз мекарем. Яъне аввал дастархони холаро ба тӯйхона мебурдем ва баъд аз пайи кори худ мешудем. Ин тарзи муносибат бароямон одат шуда буд ва суханони ширину модаронаи холаҳо чӣ аҷаб таъсири накуе дошт. «Дар чашмонат садқа», «Дар ту хола мемурад», «Дар пеши поят бимурам», «Худо умри дарозат диҳад», «Худо гузаштагонатро биомурзад», «Худо бахтат диҳад» ва боз даҳҳо дуои неки дигари занони деҳа моро хушҳолу хушрӯзу хушбахт мекарданд. «Каф задан аз ду тараф аст» мегӯянд.Мо ба насли калонсол кумак мекардему бар иваз дуои нек мегирифтем. Дар симои онҳо хеше табор ва пайвандони худро медидем. Бо даст додани фурсат ба деҳа мерафтему бо онҳо дидор медидем ва то имрӯз бо гузашти солҳо ин ёдҳо зиндагии моро маънӣ мебахшанд.
Ва аммо имрӯз муносибат ба ҳамсоя ва муносибати тарафайн дар байни мардум дигар шудааст. Албатта, на дар ҳама ҷо. Дар аксар маҳалҳо ҳанӯз ҳам суннатҳои миллӣ зиндаанд, вале дар пойтахт ба тадриҷ онҳо аз байн мераванд ва ҷои нигаронӣ аст, ки дигар писарбачае ба бонуи солхӯрдаи ҳамсоя ё пиразани ҳамсоли бибии худ дар кӯча салом надиҳад ва ё ба ӯ дасти ёрӣ дароз накунад. Дар ин кор танҳо наврасон гунаҳкор нестанд ва наметавон волидони онҳоро эрод гирифт. Агар дар ҷое наврасон ба иштибоҳ роҳ медиҳанд, дар мавриди дигар бонувони мо муқассиранд. «Аз хурдон гуноҳу аз бузургон бахшиш» гуфтаанд. Ҳамин чанд рӯз қабл буд, ки писари кӯчакам, ки 11 –сола аст, бо изтироб ба ҳуҷраи кориам ворид шуду гуфт: «Ман дигар ба муаллимаи ҳамсоя ёрӣ намерасонам!» Аз ӯ сабаб пурсидам. «Дар як рӯз даҳ бор маро аз роҳ мегардонаду пайи коре мефиристад. Аммо боре ҳам ташаккур намегӯяд. Ба умеди ӯ шуда, аз дарс дер ҳам мондам. Ҳамин ҳоло моро даъват кард, ки ёриаш расонем, то палосу қолинҳои хонаашро бо ӯ якҷо шустушӯ намоем. Новобаста ба хунукии об розӣ шудем. Замоне набераи муаллима омаду хост бо мо қолин шӯяд. Муаллима ба ӯ гуфт, ки рав, дар хона телевизор тамошо кун. Дар ин оби хунук касал мешавӣ. Мо касал шавем майлашу набераи худаш мариз нашавад? Дигар ба вай ёрӣ намерасонам!»
Ҳарчанд талош кардам, ки дар ҳимояи ҳамсоя кореро анҷом диҳам, писар қабул надошт, зеро далоили қотеъ дар ихтиёр дошт. Пас, бо чунин муносибат мешавад суннатҳои миллӣ ва оинҳои накуи ниёконро ҳифз намуд? Оё мушкил аст бар ивази заҳмати бача ба ӯ сипос гуфт? Чаро шахси таҷрибадор дар назди бачаҳо бидуни андеша ҳарф мезанад ё амалеро ба анҷом мерасонад? Ба ҳамин хотир, мо, волидон, бояд қабл аз сухан гуфтан дар назди бачаҳо вазни онро дар мизони зеҳн баркашем, то натиҷаи манфӣ ба бор наорад. Боястӣ бо рафтори ҳамида ва амали нек насли наврасро ба анҷоми корҳои хайр ва наку ҳидоят созем. Дар акси ҳол зери чоҳи кандаи худ мемонем ва дигар вовайлое ба дарди мо намехӯрад.
Эмомалӣ Сайидамирзод