Саида Умарова, ҳамсуҳбати ман, ки ду фарзанди мактабхон дорад, мегӯяд, ки имсол бо сабаби узрнок наметавонад моҳи августро барои хариди пироҳани мактабӣ интизор бишавад, аммо ҳоло пайдо намудани либоси табъи дил аз имкон берун аст. Саида мегӯяд:
–Масъалаи либоси мактабӣ куҳна асту ба назар мерасад, ки хеле печидаву ҳалношуданист. Соли гузашта бисёр сарсон шудем. Аввал гуфтанд, ки маъмурияти мактабе, ки фарзандонам он ҷо таҳсил доранд, либоси махсусеро барои хонандагон фармоиш додаасту мо онро бояд бихарем. Интизор нишастем, чанд рӯз то мактаб боқӣ монда буд, ки масъулон тарҳи либосҳоро нишон дода, гуфтанд, ки худатон онҳоро дар ягон ҷо фармоиш диҳед. Матои либосвориро харида, барои як ҷуфт ба дӯзанда 300 сомонӣ ҳақ додам. Ҳафтаи дуюми хониш боз маҷбурамон карданд, ки касе нофаҳмида ин супоришро додаасту духтаракон на бо доманӣ, балкӣ бояд ба истилоҳ бо „сарафан“ ба мактаб меомадаанд. Боз рафтаму аз матои талабкардаашон ба духтарам „сарафан“ дӯзондам. Ҳеҷ мумкин нест, ки тасмими чигунагии сарулибоси хонандагон оҷилӣ ва сарсарӣ то ду рӯз мондан ба дарсҳо гирифта шавад. Дувум ин ки чӣ пӯшидани кӯдаконро масъулон бояд дар ҷаласае бо мо мувофиқа мекарданд.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки низомномаи намунавии сарулибоси мактабӣ таҳия ва ҳамчун тавсия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фиристода шудааст. Вобаста ба талабот маъмурияти ҳар мактаб имкон дорад, ки шаклу ранги онро тағйир бидиҳад. Якеро интихоб бикунад, вале танҳо бо маслиҳат ва розигии падару модарон. Ба андешаи вазир, либоси ягонаи мактабӣ барои таъмини баробарии хонандагон дар мактаб ва аз байн бурдани зоҳирпарастӣ мусоидат мекардааст.
Бону Зулхумор, сокини яке аз хобгоҳҳои пойтахт, се кӯдаки мактабхон дорад. Аз ҳоло барои хариди ашёи зарурии таълим ва либосу пойафзол ба кӯдаконаш маблағ ҷамъ меоварад. Вай мегӯяд, ки соли гузашта аз бозори „Корвон“ либосҳои мактабии фарзандонашро арзонтар харида, пушаймон шудааст. „Нархаш дастрас буд, ман барои се фарзандам аз онҳо харидам. Дар як бор шустан матоъ вайрон, баъди дафъаи дуюму сеюм умуман он костумро пӯшида намешуд. Куҳнаву фарсуда ба назар мерасид. Дар хусуси куртаи сафеди духтарона умуман ҷои ҳарф задан нест. Ҳол он ки дар давраи мактабхонии мо як пироҳанро на камтар аз ду сол мепӯшидем ва баъд онро боз кӯдакони ба сол хурдтари оила истифода мекарданд“, – мегӯяд Зулхумор.
Ба гуфти масъулони Вазорати маориф ва илми кишвар онҳо аз камбудиҳо сари мавзӯи либоси мактабӣ огоҳанд. Ниҳодҳои дахлдор барои бартараф кардани онҳо чора меандешанд.
– Вазорат талош дорад, ки бозорро бо маҳсулоти хушсифату арзони ватанӣ таъмин намояд. Худи механизми бозор ҳам водор мекунад, ки коргоҳҳо барои рақобатпазир шудани маҳсулоташон аввал сифати хубу баъдан тарҳи зебои онро муҳайё намоянд. Мо ҳаққи дахолат ба нархгузориро надорем, инро бозор муайян мекунад. Касе касеро маҷбур карда наметавонад, ки раведу аз фалон ҷо либоси мактабӣ харед. Танҳо тавсия медиҳем. Директорони мактабҳо низ ҳаққи маблағҷамъкуниро барои либоси мактабӣ надоранд. Матоъҳое, ки барои омода намудани либосҳои мактабӣ аз хориҷ оварда мешаванд, пеш аз истифода аз ҷониби Агентии стандартизатсия аз санҷиш гузаронида мешаванд. Назорати сифат бар зиммаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Агентии стандартизатсия аст, – мегӯяд Усмонзода Фатҳиддин, муовини вазири маориф ва илм.
Ба гуфти Н.Саид ҳоло дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар коргоҳҳои давлативу хусусии дӯзандагӣ барои таъмини бозор бо либосҳои мактабӣ талош доштаанд. Комбинати нассоҷии Душанбе, коргоҳи дӯзандагии „Ёқут-2000“ ва „Наргис“ бештар барои дӯхтани сарулибоси мактабӣ саҳм гузошта, коргоҳи дӯзандагии „Султони Кабир“-и ноҳияи Восеъ аллакай то 100 ҳазор либоси мактабӣ омода намуда, тасмим доштааст, ки мардуми минтақаи Кӯлобро бо сарулибоси мактабӣ таъмин кунад.
– Пур кардани бозор аз маҳсулоти ватанӣ назар ба либосҳои арзонтару синтетикии Чин, либосҳои гаронарзишу на ҳама вақт босифати Туркия, либосҳои бесифати Қирғизистон беҳтар аст, – мегӯяд вазир.
Н.Саид ҳамчунин зикр кард, ки имсол вазорат барои литсейҳои хонандагони болаёқат сарулибоси ягона омода намудааст. Аммо муҳтарам вазир шарҳ надод, ки барои чӣ маҳз ба ин навъи мактабҳо либос интихоб шудаасту чаро хонандагони макотиби миёнаи ба истилоҳ „одӣ“ аз сарулибоси ягона „бебаҳра“ мондаанд?
Гулноза БОБОМУРОДОВА